Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсисоти Қумро бозрасӣ мекунанд


Муҳаммад ал-Бародаӣ, мудири Оҷонси байнулмилалии энержии атомӣ, эълом кард, ки нозирони ин созмон ба зудӣ барои таҳқиқи як таъсисоти нави ғанисозии уран ба Эрон сафар хоҳанд кард.

Муҳаммад ал-Бародаӣ дар шаҳри Теҳрон гуфт, нозирони Созмони Милал рӯзи 25-уми октябр таъсисоти нави ошкоршуда дар наздики шаҳри Қумро бозрасӣ хоҳанд кард. Муҳаммад ал-Бародаӣ дар ин бора пас аз мулоқоташ бо Маҳмуди Аҳмадинажод, раисҷумҳури Эрон, ва Алиакбар Солеҳӣ, мудири Оҷонси энержии атомии Эрон, гуфт. Вай афзуд, муҳим аст, то нозирони байнулмилалӣ сулҳомез будани реактори нави ғанисозии уранро ташхис кунанд.

Ал-Бародаӣ, ки бо лаҳни хушбинонае дар нишасти хабарӣ сӯҳбат мекард, дар идома гуфт, Оҷонси байнулмилалии энержии атомӣ, Эрон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳоло дар масъалаи ҳастаии Эрон “дар роҳи дурусте ҳаракат мекунанд.” Ал-Бародаӣ гуфт, мақомоти Эрон рӯзи 19-уми октябр дар шаҳри Венаи Австрия бо мақомоти Амрико, Русия, Фаронса доир ба эҳтимоли ғанисозии бештари урани Эрон дар хориҷ аз он кишварро баррасӣ мекунанд. Пешбинӣ мешавад, ки урани ғализии камро Эрон ба хориҷ мефиристад ва яке аз ин кишварҳо онро то 20 дарсад ғанисозӣ карда, ба Эрон бозмегардонад. Ин навъи уран барои ҳадафҳои тиббӣ, аз ҷумла, дар абзори тиббии лозим барои табобати бемориҳои саратон истифода мешавад.

Эрон ахири моҳи сентябр эълом кард, ки дар наздикии шаҳри Қум як таъсисоти ниматамоми ғанисозии уран дорад ва дар музокироташ дар Женева бо панҷ узви доимии Шӯрои Амният бар изофаи Олмон ризоият дод, то бозрасони байналмилалӣ, таъсисоти мазкурро таҳқиқ бикунанд.

Эрон таъкид мекунад, ки доштани барномаҳои сулҳомези атомӣ ҳаққи қонунии ин кишвар аст, вале ошкор шудани таъсисоти нави ғанисозии уран, нигарониҳои ҳукуматҳои кишварҳои ғарбиро бештар кард, ки мегӯянд, Эрон қасд дорад, силоҳи атомӣ бисозад. Рӯзномаи “Ню-Йорк Таймс” бо истинод ба як таҳлили махфии кормандони Оҷонси байнулмилалии энержии атомӣ навиштааст, ки “Эрон барои сохту тавлиди бомби атомӣ аз урани ғанишудаи ғализ” иттилооти кофӣ ба даст овардааст.
XS
SM
MD
LG