Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҳисор як масҷиди тозабунёдеро барои даҳ ҳазор намозгузор боз кард.

Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст, ин иқдом дар чаҳорчӯби тадобири бахшида ба Соли бузургдошти Имоми Аъзам Абӯҳанифа сурат гирифтааст.

Масҷиди нав аз ҳисоби маблағҳои хайрияи сокинони маҳаллӣ дар ҷойи як ибодатгоҳи қаблии харобшуда дар муддати 4 сол бунёд шудааст. Дар ошёнаи дуввуми масҷид ҳамчунин китобхона, осорхона ва ҳуҷраи омӯзиши компютер ҷойгир будааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни ҳавлии масҷиди тозабунёд суханронӣ карда ва гирдомадагонро бо 1310-солагии Имоми Аъзам ва ифтитоҳи масҷиди нав табрик гуфтааст. Президенти кишвар ҳамчунин гуфтааст, "рисолати асосии масҷид ва ходимони дин тарғиби ростӣ ва тарзи дурусту оқилонаи зиндагӣ, ҳидоят кардани мусулмонон ба корҳои хайру савоб, тарбияи фарзандон, таҳким бахшидани пайвандҳои дӯстию бародарӣ ва ваҳдати ҳамаи мусулмонон мебошад. Ба ибораи дигар, масҷид набояд минбари таблиғи ақидаву андешаҳои ифротӣ ва тундравона, тассубу хурофот ва ихтилофу парокандагӣ, балки ҳамчун макони раҳнамоии мардум ба муттаҳидӣ, ободгарӣ ва кӯмак ба ҳамдигар бошад».

Президент пешниҳод кардааст, масҷиди нав ба номи Имоми Аъзам номгузорӣ шавад ва таъкид кардааст, ки сохтмони масҷид кори савоб аст, ва савоби бунёди мактабу бемористон ва роҳу пул низ на камтар аз бунёди масҷид аст.

Дар чаҳорчӯби Соли бузургдошти Имоми Аъзам рӯзи панҷуми октябр дар шаҳри Душанбе як ҳамоиши байнулмилалии дурӯза бо номи “Имоми Аъзам ва ҷаҳони муосир” оғоз меёбад, ки рӯҳониён ва донишмандони беш аз 50 кишвари дунё дар он ширкат меварзанд.

Мақомоти расмӣ мегӯянд, дар ҳамоиши байналмилалӣ роҷеъ ба паҳлӯҳои мухталифи дини Ислом ва шохаи ҳанафия суханронӣ хоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG