Пайвандҳои дастрасӣ

Аз таркиши ду мошини бомбгузоришуда дар шимолу ғарби Покистон ба камияш 15 нафар кушта ва даҳҳо тан захмӣ шудаанд.

Полиси Покистон мегӯяд, ҳамлавари худкуш як мошини боркаши саршор аз маводи таркандаро ба идораи полис дар шаҳри Бону равона кард. Ин таркиш вайрониҳои зиёде овард. Идораи полис ва биноҳои атроф тахриб гаштанд. Дар натиҷаи ҳамла камаш 6 нафар кушта ва даҳҳо тан захмӣ гаштанд. Дафъатан пас аз инфиҷор Толибон масъулияти ҳамларо бар дӯш гирифтанд.

Лаҳзаҳое баъд дар Пешовар, шаҳри дигари вилояти марзии шимолу ғарби Покистон як мошини дигари бомбгузоршуда ба истодгоҳи мошинҳо дар пешорӯи бонке, ки ба артиши Покистон марбут аст, ворид ва низ мунфаҷир гашт. Дар ин ҷо низ тибқи хабарҳо шаш нафар кушта ва чандин тан маҷрӯҳ шудаанд.

Хабаргузории Ройтерз ба нақл аз як шоҳиди ҳодиса менависад, таркиш дар Пешовар даромадгоҳи бонкро фурӯ резонд ва наздик ба 20 мошинро, ки дар истодгоҳ қарор доштанд, тахриб кард.

Ин таркишҳо сабаб шудаанд, то коршиносон бигӯянд, ки бо вуҷуди қатли фармондеҳи баландпояи Толибони Покистон, Байтуллоҳ Меҳсуд, ин гурӯҳ тавонмандиҳои худро ҳифз кардааст.

Меҳсуд рӯзи 5-уми август бар асари як зарбаи мушакии нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида дар Вазиристони Ҷанубӣ, наздикии марзи Афғонистон ба ҳалокат расид.

Чанде пеш бар асари як таркиш дар наздикии пойгоҳи ҳарбии Покистон дар Коҳат 33 нафар кушта шуданд ва панҷшанбеи гузашта ошӯбгарон аз камингоҳ ба корвони мошинҳои яке аз пирони Бону, ки мухолифи Толибон буд, ҳамла карда, ӯ ва ҳашт нафари дигарро куштанд.

Ҳукумати Покистон ба минтақаҳои қабилнишини шимолу ғарб назорати заъиф дорад ва ин манотиқ дар марзи байни Афғонистону Покистон аз паногоҳҳои асосии ситезаҷӯёни ал-Қоида ва Толибон ба шумор меравад.
XS
SM
MD
LG