Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз як таркиши газ дар шаҳри Душанбе


Таркиши газ шоми 24-уми сентябр дар яке аз биноҳои истиқоматии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе сокинони пойтахтро такон дод.

Дар натиҷа як нафар ҷароҳати вазнин бардошта ва чанд ҳуҷраи ошёнаҳои ин манзил тахриб шудааст. Бархе аз шоҳидон мегӯянд, ки шумори захмиҳо якчанд нафар мебошад.

Ин таркиш дар ошёнаи дуввуми бинои чорошёна, воқеъ дар хиёбони Саъдии Шерозӣ дар наздикиҳои Сирки давлатӣ, ба вуқӯъ пайвастааст.

Яке аз сабабҳои эҳтимолӣ истифодаи нодуруст аз гази табиӣ гуфта мешавад. Ба нақли шоҳидони ҳодиса, қувваи таркиш хеле шадид будааст ва бар асари он деворҳои ду манзили зист фурӯ рехтаанд.

Тайи ду соли ахир ин бори севвум аст, ки дар пойтахти Тоҷикистон ҳодисаҳои таркиши шадиди газ рух медиҳад. Соли гузашта таркиши гази табиӣ дар кӯчаи Зарафшони шаҳри Душанбе боиси марги ду нафар гардид.

Ҳамчунин қаблан инфиҷори газ дар яке аз биноҳои истиқоматии ноҳияи марказии пойтахт 6 нафарро маҷрӯҳ ва якчанд манзили зистро валангор кард.
XS
SM
MD
LG