Пайвандҳои дастрасӣ

Бо он ки фаъолияти Ҳизб-ут-таҳрир дар қаламрави Тоҷикистон мамнӯъ аст, аммо хабарҳо хокист, ки пайравони он дар зиндонҳо ҳоли густариш будааст.

Як тан аз фарде, ки ба иттиҳоми узвият дар Ҳизб-ут-таҳрир панҷ соли ҳаёташро дар зиндони шумораи ҳафти шаҳри Душанбе гузаронида, бо он ки нахост номаш ифшо шавад, аммо дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, дар зиндон низ ба таблиғи ақоиди Ҳизб-ут-таҳрир машғул шуда ва маҳбусон низ ба даъватҳои вай гӯш меандохтанд.

Ин дар ҳолест, ки Саидраҳмон, як тани дигар аз маҳбусони собиқ, ки ба наздикӣ аз зиндон раҳо шудааст, мегӯяд, муддати се соли ахир дар чандин зиндон, аз ҷумла зиндонҳои шаҳрҳои Ёвон, Душанбе, Истаравшан ва Хуҷанд будааст ва ба фаъолияти ҳизбутаҳририҳо аз наздик ошно шудааст. Ба гуфтаи вай, онҳо аз сӯи маҳбусони бонуфуз пуштибонӣ меёбанд ва бо хӯроку дигар маводи зарурӣ таъмин мегарданд.

Дар ҷомеаи Тоҷикистон фарҳанги исломшиносӣ дар сатҳи паст қарор дорад, аммо Ҳизб-ут-таҳририҳо дар зиндон вақти зиёд доранд ва маҳбусон аз тариқи намояндагони ин ҳизб дониши исломии худро бештар мекунанд ...
Ба қавли баъзе вакилони мудофеъ, аъзои Ҳизб-ут-таҳрир бо маҳкумият ба зиндон майдони фаррохи фаъолиятро дар миёни маҳбусон дарёфтаанд. Аммо масъулони идораи зиндонҳои Тоҷикистон чунин иддаоҳоро рад мекунанд ва мегӯянд, кулли зиндонҳои кишвар таҳти назорати ҷиддии ин ниҳод қарор дорад.

Ҳамакнун суоли матраҳ низ ин аст, ки иллати аслии густариши фаъолияти Ҳизб-ут-таҳрир дар зиндонҳои Тоҷикистон чист? Абдулғанӣ Маҳмадазимов, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон, дар посухи ин суол гуфт, «дар ҷомеаи Тоҷикистон фарҳанги исломшиносӣ дар сатҳи паст қарор дорад, аммо Ҳизб-ут-таҳририҳо дар зиндонҳо вақти зиёд доранд ва маҳбусон аз тариқи намояндагони ин ҳизб дониши исломии худро бештар мекунанд. Зеро ҳамакнун мардум ба арзишҳои исломӣ овардаанд ва таъсири худро мегузорад».

Бо таваҷҷӯҳ ба густариши Ҳизб-ут-таҳрир дар зиндонҳои Тоҷикистон Абдуқаюм Юсуфов, як тан аз вакилони мудофеъ дар Тоҷикистон, бар ин назар аст, ки ин раванд барои амнияти кишвар хатари ҷиддӣ дорад. Вай афзуд, «агар аз сӯи ниҳодҳои ваколатдор назорати қатъӣ бурда нашавад, ин амр хатароти ҷиддӣ барои амнияти миллат ва давлат хоҳад дошт».

Фаъолияти Ҳизб-ут-таҳрир дар қаламрави Тоҷикистон ҳанӯз дар аввалҳои соли 2001 мамнуъ шуда буд. Додгоҳи Олии Тоҷикистон танҳо пас аз ҳафт сол, яъне моҳи марти соли гузашта ин ҳизбро ба феҳрасти созмонҳои ифротгаро шомил кард.

Ин дар ҳолест, ки се соли қабл ин додгоҳ феҳрасти 10 ҳизбу созмони терористӣ ва ифротгароро мунташир карда буд, ки бо он ки дар ин феҳраст созмонҳо ва аҳзобе, чун «Ал–Қоида», Ҳаракати Исломии Туркистони шарқӣ, «Ҷунбиши Толибон», «Тоҷикистон Озод» ва ғайра сабт шуда буданд, аммо аз Ҳизб-ут-таҳрир дар ин санад дараке набуд. Ҳатто мақомҳои додситонӣ дар чанд соли пеш иддао мекарданд, ки Ҳизб-ут-таҳрир созмони терористӣ нест ва аъзои ин ҳизб то ҳол ба ҳеҷ амали терористӣ даст назадаанд.

Пас аз мамнуияти ин ҳизб аз сӯи Додгоҳи олиии Тоҷикистон муддати ҳашт соли ахир беш аз 400 узви ин ҳизб барои фаъолиятҳои ғайриқонунӣ, аз ҷумла паҳнсозии шабномаҳо, адабиёти мазҳабӣ ва даъват барои сарнагун кардани низоми феълии кишвар боздошт ва ба солҳои тӯлонӣ маҳкум ба зиндон шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG