Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронӣ аз рафтори марзбонони узбак


Омбдусмени Ҷумҳурии Қирғизистон, вайрон кардани марзи кишварашро аз ҷониби марзбонони Узбакистон ҳодисаи хеле таассуфовар арзишёбӣ намуд.

Ба гуфтаи Турсунбек Охун, ин амали марзбонони Узбакистон ба доираи ягон қонуни умумбашарӣ намеғунҷад.

Вай тайи як сӯҳбати вижа бо бахши тоҷикии радиои Озодӣ перомуни ин мавзӯъ гуфт, зуд-зуд ба деҳаи Суроо-Тоши ноҳияи Қаросӯ, воқеъ дар вилояти Ӯши кишвараш, ташриф овардани марзбонони узбакро вайрон кардани марзи давлатии Қирғизистон мешуморад.

Вай афзуд, ки аз сӯи дигар рафтори марзбонони узбак амали ҷинояткорона алайҳи мардуми қирғиз аст, ки бояд дар сатҳи давлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирад.

Ҳамсӯҳбати мо тазаккур дод, ки такрори ҳодисаҳои зиёди марзшиканӣ дар ин минтақа, ки маҳз аз ҷониби марзбонони узбак сурат гирифтааст, ҳамчунин таҳдид ва фишори онҳо болои сокинони рустоҳои наздимарзӣ, талошиҳои амволи ин мардум аз роҳи зӯрӣ, маводситонӣ ва амсоли он шаҳодат бар инанд, ки Узбакистон ба созишномаҳои байналмилалӣ итоат намекунад ва шартномаҳоеро нодида мегирад, ки миёни ду кишвар ба имзо расидаанд.

Ба ақидаи Турсунбек Охун, ин рафтори марзбонони узбак эътибори кишварашонро дар сатҳи байналмиллалӣ ҳатман латма хоҳад зад.

Аммо ин мақоми баландпояи идораи ҳуқуқи башари Қирғизистон ибрози умедворӣ кард, ки ҷониби Узбакистон ба ин ҳодисаҳо таваҷҷӯҳ зоҳир хоҳад кард ва дар пайи такрор наёфтани ин ҳодисаҳои ногувор хоҳад шуд.

Турсунбек Охун афзуд, ки фаъолияти хадамоти марзбонии Узбакистон таҳқиқи ҷиддӣ мехоҳад.

Ба гуфтаи Омбдусмени қирғиз аммо афроде, ки дар вайрон кардани марзи давлатии Қирғизистон даст доранд ва амволи мардумро меситонанд, бояд ба зиндон маҳкум шаванд.

Дар ҳамин ҳол мақомоти хадамоти марзбонии Узбакистон дар мавриди ин изҳороти Турсунбек Охун, Омбдусмени назди ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон, вокунише нишон надодаанд.
XS
SM
MD
LG