Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барномаи нави кумаки СБП ба Тоҷикистон


Мулоқоти раисиҷумҳури Тоҷикистон бо намояндагони Сандуқи байнулмилалии пул
Мулоқоти раисиҷумҳури Тоҷикистон бо намояндагони Сандуқи байнулмилалии пул

Сандуқи байнулмилалии пул (СБП) тасмим гирифтааст, барои коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон боз 30 миллион доллар кумак кунад.

Аксел Шиммелпфенниг, намояндаи Сандуқи байнулмилалии пул, имрӯз, 18-уми сентябр, пас аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмонов, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар як нишасти хабарӣ дар бораи ин тасмим эълон кард.

Вай гуфт, барномаи кумаки навбатӣ пул баъд аз баррасии наҳваи иҷрои қарзҳои қаблан додаи ин созмон ба Тоҷикистон амалӣ хоҳад шуд.

Ба гуфтаи оқои Шиммелпфенниг, дар соли оянда низ ироаи ду тарҳи кумаки молии Сандуқи байнулмилалии пул бо маблағи 100 миллион доллар ба Тоҷикистон дар назар гирифта шудааст.

Сандуқи байнулмилалии пул қаблан барои поин овардани сатҳи фақр дар Тоҷикистон ва дастгирии тадбирҳои зиддибӯҳронии ҳукумати кишвар 116 миллион доллар ироа карда буд.
XS
SM
MD
LG