Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тамриноти низомии нерӯҳои муштараки зудамали Паймони амнияти дастаҷамъӣ таҳти унвони « Марз-2009», ки рӯзҳои 17 то 25 сентябр дар Тоҷикистон баргузор мегардад, дар шаҳри Душанбе шурӯъ шуд.

Марҳалаи аввали ин тамринот дар Донишкадаи низомии Тоҷикистон ва пойгоҳи низомии 201-Русия доир хоҳад шуд, ки дар он фармондеҳони Нерӯҳои зудамали ин созмон тарзу шеваи ҷадиди ҳамоҳангии фаъолият ва таҳти назорати як фармондеҳ баргузор шудани амалиёт дар сурати ташаннуҷи авзоъ ва рахна кардани марз аз сӯи душмани хориҷиро омӯзиш ва озмоиш мекунанд.

Дар ин машқҳо нерӯҳо аз кишварҳои Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ширкат хоҳанд кард. Гуфта мешавад дар ҷараёни ин тамринот, ки марҳалаи ниҳоии он дар пойгоҳи Лоҳур-30 километраи Душанбе баргузор мешавад, воҳидҳои мухталифи Нерӯҳои мусаллаҳи ин кишварҳо иштирок ва алайҳи душмани шартӣ бо истифода аз шеваҳои ҷадиди ҷангӣ мубориза хоҳанд кард.

Дар оғози ин тамринот Рамил Нодиров, раиси ситоди кулл ва ё муовини аввали вазири дифоъи Тоҷикистон, таъкид дошт, ки амалиёти густардаи нерӯҳои ҳукумати афғон ва Паймони НАТО бар зидди «Толибон» ва «ал-Қоида» вазъро дар шимоли Афғонистон дар марз бо Тоҷикистон ноором кардааст ва аз эҳтимол дур нест, ки аъзо ва афроди алоҳидаи торуморшудаи ин гурӯҳҳо ба қаламрави Тоҷикистон убур кунанд.

Машқҳои муштараки Нерӯҳои зудамали кишварҳои узви Паймони амнияти дастаҷамъӣ бо ширкати низомиёни пойгоҳи Русия дар ҳоле дар Тоҷикистон доир мешавад, ки аз чандест баҳсҳо миёни Русия ва Тоҷикистон бар сари ин пойгоҳ ва шароити ҳузури минбаъдаи он идома дорад.

Аммо Рамил Нодиров бештари маълумоти расонаҳо дар ин бораро беасос хонд. Вай гуфт, ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон бар асоси тавофуқи ҳар ду кишвар сурат гирифтааст ва аз тарафи дигар ин нерӯҳо барои тазмини амният ва субот дар Тоҷикистон ва минтақа масъулият доранд. Вале оқои Нодиров ба суол дар бораи коҳиши шумораи низомиёни ин пойгоҳ ва маҳалли будубоши он дар қаламрави Тоҷикистон, ки аз ҷониби давлати Тоҷикистон ҳамчун як шарти идомаи ҳузури ин пойгоҳ ироа шудааст, посухи мушаххас надод. Посухи ӯ ин буд, ки ислоҳот дар ҳама сохтори Нерӯҳои мусаллаҳи Русия идома дорад ва коҳиши шумори ин ё ва он воҳид ва баръакс афзоиши он дар таркиби ин пойгоҳ кори худи Русия аст. Вале ин тағйирот дар ҳамоҳангӣ бо Тоҷикистон сурат мегирад, зеро ин масъала бо амнияти миллии Тоҷикистон марбут аст.

Нерӯҳои муштараки зудамал дар таркиби созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ бо ҳадафи муқовимат алайҳи таҳдиди хориҷӣ дар соли 2001 ташкил шуда ва воҳидҳои низомии Қазоқистону Қирғизистон ва Русияву Тоҷикистон шомили онанд.
XS
SM
MD
LG