Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти Тоҷикистон ахбори бархе аз расонаҳои русиро дар мавриди баҳсҳои марбут ба фирқаи 201-и Русия бепоя хонданд.

Бархе аз нашрия ва сайтҳои русӣ дар хатми мулоқоти дуҷонибаи Русия ва Тоҷикистон дар Душанбе дар мавриди сарнавишти минбаъдаи пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон навиштаанд, ки дархости истифода аз нерӯи ин пойгоҳ барои саркӯбӣ ва пахши низоъҳои эҳтимолии дохилӣ яке аз шартҳои пешниҳодии Тоҷикистон будааст.

Бархе аз нашрияҳои русӣ навиштаанд, ки дархости истифода аз нерӯи ин пойгоҳ барои пахши низоъҳои эҳтимолии дохилӣ яке аз шартҳои пешниҳодии Душанбе будааст...
Нашри хабарҳо дар бораи аз ҷониби давлати Тоҷикистон пешниҳод гардидани истифода аз нерӯи пойгоҳи низомии 201-и Русия барои пахши низоъҳои дохилӣ идомаи маъракаи «ҷанги иттилоотӣ» -аст, ки ин нашрияҳо чандест роҳандозӣ кардаанд.

Генерал Маъруф Ҳасанов, сардораи идораи равобити байнулмилалӣ дар вазорати дифои Тоҷикистон, бо зикри ин нукта гуфт, ки пешниҳоде бо мазмуни навиштаи ин нашрия аз ҷониби Тоҷикистон сурат нагирифтааст ва Тоҷикистон ниёз ба ҷалби қудрати низомиёни Русия мустақар дар кишвар барои саркӯбии низоъҳои эҳтимолии дохилиро надорад. Зеро, ба гуфтаи ӯ, имрӯз нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон қудрати кофӣ барои таъмини амният ва субот дар кишварро дорад.

Бархе аз нашрияҳои русӣ аз ҷумла нашрияи «Независимая газета»-и чопи Маскав дар шумораи рӯзи 15-уми сентябри худ мавзӯи равобити низомии Тоҷикистон ва музокироти ахири ду кишвар бар сари ҳузури пойгоҳи низомии ин кишвар дар Тоҷикистонро мавриди арзёбӣ қарор дода ва аз қавли манобеаш дар маъмурияти президенти Тоҷикистон навиштааст, ки давлати Тоҷикистон истифодаи нерӯҳои русӣ барои пахши низоъҳои дохилиро низ тақозо кардааст.

Ин нашрия бо зикри чанде дигар аз шартҳои пешниҳодии Тоҷикистон барои ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар қаламраваш менависад, шартҳои Тоҷикистон иҷро шуданӣ нест ва ин шартҳо идомаи ҳузури ин нерӯҳоро зери суол рафтааст.

Аммо бархе аз коршиносони тоҷик пешниҳоди истифода аз нерӯҳои русӣ дар низоъҳои дохилиро як кори имконпазир меҳисобанд. Ва ба гуфтаи ин коршиносон, нерӯҳои русӣ таҷрибаи дар низоъи дохилии Тоҷикистон ширкат карданро пушти сар кардаанд.

Аз сӯи дигар Амруллои Собир, коршиноси масоили низомӣ, мегӯяд, бо ин вуҷуд, ки нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон тавони ором ва осуда нигоҳ доштани авзоъ ва ҳамин тавр хунсо кардани ҳамагуна гурӯҳҳои саркашро доранд, аммо дар баробари авомил ва таҳдидҳои беруна, ки барои ноамнии дохилӣ мусоидат мекунанд, зарурати истифода аз пойгоҳи низомии Русия пеш меояд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки кишварҳои узви Паймони амнияти дастаҷамъӣ ба истиснои Ӯзбакистон бар санади ташкили воҳиди низомии зудамали муштараке дар доираи ин созмон имзо гузоштанд, ки он метавонад бо дархости роҳбарияти кишвари узв дар амри ҷилавгирӣ аз хатароти дохилӣ ва берунӣ истифода шавад.

Дар ҳамин ҳол як манбаи огоҳ аз ҷараёни музокироти ахири Тоҷикистон ва Русия бар сари пойгоҳи низомии ин кишвар дар Тоҷикистон мегӯяд, ки вазири дифои Русия мулоқотро ниматамом раҳо кардааст. Зеро ҷониби Русия интизор надоштааст, ки Тоҷикистон то ин ҳад барои шароити пешгузоштааш пофишорӣ хоҳад кард.

Аз сӯи дигар ин ҳама баҳсу баррасиҳо бар сари пойгоҳи низомии Русия дар арафаи сафари расмии президенти Тоҷикистон ба Маскав иттифоқ афтодааст ва аз эҳтимол дур нест, ки масоили усулӣ дар ин бора дар ин дидор роҳи ҳал пайдо кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG