Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ: Интиқоли пули муҳоҷирон коҳиш меёбад


Дар як гузориши нави СММ омадааст, ки мизони интиқоли маблағи муҳоҷирон дар ҷаҳон дар соли 2009 то 8 дар садкоҳиш хоҳад ёфт.

Бино ба баҳогузории ин созмон, раванди босуръати коҳиши маблағ, ба вижа дар кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ, ки соле қабл беш аз 10 дарсади маҷмуи аслии маҳсулоти дохилиашонро маблағҳои муҳоҷирони корӣ ташкил медод, чашмрас хоҳад буд.

Тоҷикистон дар феҳрасти 16 кишваре, ки дарсади зиёди тавлидоти нохолиси миллаш аз ҳисоби интиқоли маблағи муҳоҷирон аст, дар ҷои аввал қарор дорад. Котте Детелф, яке аз муаллифони гузориш, дар ин замина гуфт, «бештар аз ҳама пули муҳоҷирон ба Украина ва Русия мерасад, аммо аз лиҳози аҳамиятӣ он барои иқтисодиёти миллӣ ин пул 34 дарсади тавлидоти нохолиси миллии Тоҷикистонро ташкил медиҳад ва барои Молдова ин нишондиҳанда 25 дарсад аст. Сипас кишварҳое мисли Қирғизистон меоянд, ки низ маблағи калони даромади муҳоҷиронро мегиранд. Ин кишварҳо дар феҳрасти онҳое хоҳанд буд, ки пеш аз ҳама зери таъсир хоҳанд монд».

Бар асоси пажӯҳишҳои мақомоти Тоҷикистон, дар мавсими зимистони соли гузашта бӯҳрон боиси бозгашти 20 дарсади муҳоҷирон шуд ...
Омори дақиқе роҷеъ ба маблағи воридшуда аз сӯи муҳоҷирони корӣ дар Тоҷикистон дар таи 1 соли бӯҳрон нашр нашудааст. Аммо тибқи омори расмӣ, интиқоли маблағи муҳоҷирон ба кишвар назар ба ҳамин давраи қабл аз буҳрон 30 дарсад коҳиш ёфтааст. Соли 2008 аз сӯи муҳоҷирони корӣ ба кишвар беш аз 2 миллар доллар ворид шуда буд.

Ғаюр Қаҳоров коршиноси умурӣ иқтисодӣ ва корманди маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон мегӯяд, дар 1 соли буҳрони молӣ коҳишёбии интиқоли маблағи муҳоҷирони корӣ пеш аз ҳама дар иқтисоди кишвар, ва вазъи иҷтимоии хонаводаҳо ба таври чашмрас мушоҳида мешавад.

Бар асоси пажӯҳишҳои мақомоти Тоҷикистон, дар мавсими зимистони соли гузашта бӯҳрон боиси бозгашти 20 дарсади муҳоҷирон гашт. Аммо ба қавли Музаффар Зарипов, як масъули Созмони ҷаҳонии муҳоҷират, тахминҳо коршиносон роҷеъ ба бозгашти аксар муҳоҷирон ва пайомадҳои нохуби афзоиши шумори бекорон дар дохил чандон дуруст набаромад ва аксар муҳоҷирон бо вуҷуди буҳрону таъхир ва коҳишёби маошашон дубора ба кишвари муҳоҷират баргаштанд. Ҳарчанд дар ин давра онҳо бар ивази то 3 баробар камтар аз маоши қаблии худ кор мекарданд.

Вай афзуд, «кори якрӯза ё як ҳафтаина ёфта, маблағ дарёфт мекарданд, аммо дар Тоҷикистон ёфтани ин барои онҳо мушкил аст. Аз ин рӯ аксар муҳоҷирон бо вуҷуди бӯҳрон барнагаштанд. Ҳарчанд даромадашон хеле кам шуд. Масалан, як метри кандани замин пештар агар барои як муҳоҷир 800 сомонӣ даромад меовард, ҳозир дар 200-300 сомонӣ нарх мекунанд».

Вале оқои Зарипов мегӯяд, бо беҳтар шудани вазъи иқтисодӣ дар кишварҳои муҳоҷират аз ҷумла дар Руссия ва Қазоқистон бар асоси бархе аз таҳлилҳо интиқоли маблағи муҳоҷирон ҳам ба оҳистагӣ ру ба афзоиш меорад.

Аммо тибқи гузориши тозаи Созмони Миллали Муттаҳид аз соли 2010 ҳам наметавон афзоиши интиқоли маблағи муҳоҷиронро интизор шуд, зеро бекорӣ дар кишварҳои муҳоҷирпазир афзоиш ва ҳамчунин музди кор низ дар онҳо коҳиш ёфтааст.
XS
SM
MD
LG