Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Фармондеҳони пойгоҳи 201-уми Русия мустақар дар маркази шаҳри Кӯлоб пешниҳод намудааст, то бинои «Маркази бемориҳои сил» аз назди ин пойгоҳ кӯчонида шавад.

Мирзоалӣ Миралиев, сардори раёсати тандурустӣ дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, пешниҳоди мазкур пазируфта шуда, акнун барои бунёди бемористони нав ҳукумати маҳаллӣ берун аз шаҳр чаҳор ҳектор замин ҷудо кардааст.

Аммо ӯ афзуд, ки дар шароити феълӣ бунёди як беморхонаи ҷадид барои ҳукумати маҳаллӣ мушкил афтодааст: “Замин барои сохтмони беморхонаи бемориҳои сил аллакай ҷудо шудааст. Вале муттаасифона, бухрони чахонии моли ба кишвари мо низ таъсири худро расонидааст, аз ин рӯ бунёди ин беморхона берун аз ҳудуди шаҳр танҳо солҳои наздик ҳалли худро пайдо мекунад."

Ҷаноби Миралиев мегӯяд, бе кадом шикоят ҳам, мувофики меъёрҳои Вазорати тандурустӣ бемористон бояд аз маркази шаҳр кӯчонида мешуд. Замоне ин беморхона берун аз шаҳр буд, вале тадриҷан бо афзоиши аҳолӣ он ба маркази шаҳр табдил ёфт.

Дар ҳамин ҳол коршиносони маҳаллӣ мегӯянд, дар ҳоле, ки тасмими кӯчонидани бемористон гирифта шудааст, бояд сари кӯчонидани пойгоҳи низомии Русия ба берун аз шахр низ андешида шавад.

Коршинос Орзу Ҳамидов мегӯяд, дар маркази шаҳр воқеъ будани ду бино -- шифохонаи бемориҳои сил аз лиҳози саломатӣ ва пойгоҳи Русия аз лиҳози амниятӣ барои аҳолӣ хатарнок аст.

Рустам Наботов низ мегӯяд, низомиёни рус, то нимашаб дар ин пойгоҳ бо садои баланди мусикии тамрин анҷом медиҳанд, ки ин хилофи меъёрҳои шаҳрнишинист.

Вай мегӯяд, “ба хусус рӯзҳои иду чорабиниҳои миллии хеш, ба хусус шаби «Соли нав» то рӯз аз ин пойгоҳ садои тирпаронӣ ба гӯш мерасад, ки ин ба оромии шаҳр халал ворид мекунад.”

Пойгоҳи низомии Русия дар Кӯлоб ва Маркази бемориҳои сил дар ин ҷо ҳанӯз солҳои 20 ва 30-уми асри гузашта бунёд ёфта буданд. Он замон, ки шаҳри Кӯлоб аҳолии кам дошт, ин ду бино берун аз ҳудуди шаҳр ҷойгир буданд. Аммо ҳоли ҳозир бо афзоиши аҳолӣ ин ду бино дар маркази шаҳри Кӯлоб воқеъ гаштаанд.

Дар пойгоҳи Русия дар Кӯлоб низомиёни рус барои посух гуфтан ба чолишҳои эхтимолии амниятӣ ҳузур доранд ва дар дармонгоҳи «Маркази бемориҳои сил» наздики дусад бемор ба табобат фаро гирифта шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG