Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҷустуҷӯи асрори коинот


Дар ҳошияи шаҳри Женеваи Швейтсария олимони физики ҷаҳон шоҳиди оғози яке аз бузургтарин таҷрибаҳои физикӣ дар таърихи инсоният хоҳанд шуд.

Дар ин шаҳр суръатфизое ба кор шурӯъ хоҳад кард ва зарраҳои атомро бо суръати баробар бо рӯшноӣ ба ҳам мезанад. Суръатфизои мазкур, ки «Ларҷ Ҳадрон Коллайдер» ном дорад, бузургтарин суръатфизо дар ҷаҳон аст ва дар як туннели 27 километрӣ ҷойгир шудааст ва ҳадаф аз сохтани ин озмоишгоҳи азим ва харҷи пулҳои зиёд рӯшанӣ андохтан ба фарзияҳои имрӯзаи улуми физика аст, ки на танҳо олимон, балки афроди оддӣ низ ба он таваҷҷӯҳ доранд.

Олимон умедворанд, ки бо ин озмоиш ҳатто ба таърихи пайдоиши коинот, ки танҳо фарзияҳои зиёде доир ба он аст, рӯшанӣ меандозанд. Кайҳоншиносон мегӯянд, тақрибан 14 миллиард сол пеш таркиши як ашёи баробар ба тангаи хурд ба шакл гирифтани ситораву, саёраҳо ва дар ниҳоят зиндагӣ дар Замин оварда расонд. Акнун олимон мехоҳанд, ин ҳодисаро худ таҷриба кунанд.

Рӯзи чаҳоршанбе олимон зарраҳои хурдеро бо суръати рӯшноӣ ба ҳам хоҳанд зад, то ба қавле таркиши азими 14 миллиард соли пешро бубинанд.

Ҳадафи аслӣ дар ин озмоиш пайдо кардани зарраҳои мавсум ба “Ҳигс” аст, ки ба фарзияи физики шотландӣ, Питер Ҳигс ба модда вазн дода ва коинотро имконпазир кардааст. Ҳангоми рӯзи аввал миллионҳо зарра дар зарфи сонияҳо ба ҳам бармехӯранд ва 150 ҳазор абзори комютерӣ рафтори зарраҳоро мушоҳида карда ва иттилоъоти лозимаро ба манобеъи таҳқиқи олимон мефиристанд. Ва ин иттилоъ кам нест мегӯяд, Волфганг Вон Руден раҳбари бахши фанновариҳои озмоишгоҳи мазкур:

Он чӣ ки мо воқеан интизор дорем, ки моҳҳои оянда ба вуқӯъ мепайвандад ин аст, ки суръатфизо бо тамоми иқтидораш ба ҳаракат медарояд ва бархӯрди зарраҳоро ҳосил мекунад. Ва чун озмоиш оғоз ёфт, иттилооти бештару бештар ҷамъоварӣ мешавад. Ва мо интизор дорем, ки кулли иттилооте, ки ҳангоми кори пурраи суръатфизо ба даст меояд, 50 миллион гигабайт дар як сол аст ва ин миқдори азимест, тақрибан баробари иттилоъоти 3 миллион Ди-Ви-Ди дар як сол.

Олимон дар дохили ин иттилооти беш аз ҳад ҳамчунин асрори дигари коинот, моддаи сиёҳ, энержии сиёҳро хоҳанд ҷуст, ки чӣ хосият доранд ва аз чӣ ибтидо мегиранд. Жон Жак Блессӣ, раҳбари бахши физика дар Маркази Пажӯҳиши Ҳастаии Аврупо, мегӯяд, бесаброна мунтазири натиҷаҳои кори суръатфизоест, ки барои бунёди он беш аз як даҳсола кор кардаанд.

Воқеан на ҳама аз оғози кори ин суръатфизои 27 километрӣ ҳаяҷонӣ ҳастанд, балки гурӯҳе ҳастанд, ки аз ин озмоиш метарсанд. Ба гуфтаи ин гурӯҳ, дар ҷараёни озмоиши мазкур метавонад ҳуфраҳои сиёҳ ва ё ба ибораи русӣ “чёрная дыра” ба вуҷуд омада, бо қувваи азими ҷозибааш, аввал озмоишгоҳ сипас, пажӯҳишгоҳ ва тамоми Аврупо ва курраи Заминро фурӯ барад. Ва ё тарси дигар ин аст, ки ин ҳуфраи сиёҳ роҳи мавҷудоти коиноти дигарро ба коиноти мо боз мекунад.

Аммо дастандаркорони озмоиш мегӯянд, ки ин тарсҳо поя надоранд ва олимони Аврупо, Русия ва Амрико амнияти суръатфизо ва паёмадҳои кори онро бехатар арзёбӣ кардаанд.

Барои шунидани барномаи навбатии маҷаллаи илм ва фанноварӣ ишораи чандрасонаӣ дар гӯшаи саҳифаро нохун занед.
XS
SM
MD
LG