Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

150 навъ шоҳӣ, адрас ва атласи тоҷикӣ дар намоишгоҳ


Дар осорхонаи ба номи Камолиддин Беҳзоди шаҳри Душанбе намоишгоҳе бо номи "Нахҳои заррини абрешими тоҷик" гушоиш меёбад. Ин намоишгоҳ бо кӯмаки молии "Ҷамъияти боз"-и Бунёди Сорос дар Тоҷикистон созмондиҳӣ шудааст ва дар таҳияи он осорхонаи абрешими суннатии "Ардви-Сура" саҳм дорад. Наим Ҳакимов-яке аз созмондиҳандагони ин намоишгоҳ гуфт:

"Мо аз соли 2004 тасмим гирифтем, ки шоҳии тоҷик, адра ва атласҳои тоҷикро ҷамъоварӣ кунем ва ба мо муяссар шуд, ки дар ҳамин муддат 1200 навъи шоҳиву атласро ҷамъ оварем".

Дар ин намоишгоҳ 150 намуна аз абрешими тоҷик, аз ҷумла либосҳо ва таҷҳизоти ресандагиву бофандагии абришим дар марҳалаҳои мухталифи тарих, барои намоиш омода шудааст.
XS
SM
MD
LG