Пайвандҳои дастрасӣ

FM-радиоҳо: Хабарҳои хуб ва мусиқии хуб!


Умед Бобохонов, муассиси "Азия-Плюс"

Умед Бобохонов, муассиси "Азия-Плюс"

Аз он рӯзе, ки аввалин бор барномаҳои нахустин радиои мустақили “Азия-Плюс” дар фазои Душанбе садо дод, 7 сол гузашт.

Дар ин муддат дар пойтахт ва нуқоти дигари Тоҷикистон чанд радиои давлативу мустақили FM ба нашарот сар кард, ки ҳамаи барои шунавандаҳои худ хабару мусиқӣ ва барномаҳои тафреҳӣ пешкаш мекунанд, аз қабили “Ватан”, “Имрӯз”, “Азия-FM”, “Садои Душанбе”, шабакаи якуми радиои давлатӣ, “Фарҳанг”, “Тироз” (дар Хуҷанд) ва дигарҳо.

Ҳафт сол пеш, баъд аз интизориҳои чандинсолаи маъмурияти “Азия-Плюс” ниҳоят соли 2002 мақомоти дахлдор бо додани муҷаввизи фаъолияти ин шабакаи нави ғайридавлатӣ мувофиқат карданд.

Парвона Аҳрорӣ, раҳбари радиои “Азия-Плюс” дар сӯҳбат бо Ояндасоз гуфт, ки дар тамоми муддати фаъолияти ин шабака кормандони он таҷрибаи ғании корро андӯхта, омода ҳастанд ба дигар радиоҳои ҷавону тозатаъсис ҳам кӯмак кунанд.

Вай мегӯяд: “Мо дар ҳама фурсат аввалин шуда хабарро ба самъи шунаванда мерасонем. Тафовути мо аз дигар радиоҳо ҳам дар ҳамин аст. Маводе, ки тавассути мо пахш мешавад, ҷолибу бетарафона буда, муҳимтар аз ҳама ин аст, ки мо аз дигарон пешқадамтар ҳастем”.

Хонум Аҳрорӣ гуфт, ин ҳафт соли фаъолият нишон дод, ки яке аз мушкилоти ҷиддии онҳо дар камбуди мутахассисон - журналистони касбӣ аст. Аксар хабарнигорони ҷавоне, ки баъди хатми донишгоҳ барои кор меоянд, маъмулан кори амалии журналистикаро аз сифр меомӯзанд, гуфт вай.

Аз нигоҳи Шаҳлои Акобир, ки созмони “Хома”-и ӯ бо ироаи кӯмакҳои иттилоотиву ҳуқуқӣ ба матбуот ва расонаҳои мустақил машғул аст, бо таъсиси радиоҳои мустақил фазои иттилоотӣ дар пойтахт боз ҳам рангаву хубтар шудааст.

Вай гуфт: “Мардум раҳораҳ ба кор аз ин радиоҳо иттилоъ гирифта метавонанд. Ва шакли пешкаши хабар дар чанд ширкати радиоӣ хеле касбӣ ҳам аст. Бисёр фарқ ҳам мекунанд. Ман шахсан радиои “Имрӯз”-ро бисёр дӯст медорам, радиои “Азия-Плюс” ҳам шунавандаи худро дорад.”

Вай афзуд, ки ин шабакаҳои радиову телевизионҳои давлатӣ фазои иттилоотии кишварро пур намекунанд ва мардум он чиро, ки шунидан мехоҳанд, аз шабакаҳои мустақил дарёфт мекунад.

Вале бо ин вуҷуд, гуфт хонуми Акобир, назар ба радиоҳо матбуот ҳоло дар пӯшиши бештар ва фарогири масоили доғи ҷомеа пешқадамтар ва озодтар аст, ҳарчанд тамоюли худсонсурӣ дар ҳамаи васоити ахбори умуми кишвар ҳамоно боқӣ мемонад.

“Баъд аз он воқеаҳое, ки дар Тоҷикистон буданд, ҳанӯз ҳам дар байни журналистони тоҷик худсонсурӣ ҳаст. Ҳастанд масоиле, ки онҳо намехоҳанд, ба онҳо даст бизананд ва ё дар он бора бигӯянд”.

Ин андешаро хабарнигори телевизион Хилватшоҳи Маҳмуд ҳам ҷонибдорӣ мекунад. Вай, ки мегӯяд, барои огаҳӣ аз рӯйдодҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон бештар ба маводи интернетӣ такя мекунад, дастрасии камтари хабарнигоронро ба иттилои мақомоти ҳуқуқиву интизомии кишвар ҳамчун яке аз камбудиҳои дигари журналистони тоҷик дар шароити имрӯза унвон кард.

Рустами Ҷонӣ, мудири радиои “Имрӯз”, ки назар ба арзёбиҳои коршиносон бо кордонии бештари журналистонаш маъруф асту кулли барномаҳояшро ба забони тоҷикӣ таҳия мекунад, ҳамоно наметавонад ба таври пурра рисолати иттилоърасонии худро анҷом диҳад.

Вай дар ин замина гуфт: “Аз он рисолати буда ва таъйиншудаи радиои “Имрӯз” амалӣ гардонии танҳо даҳ фисади андешаҳо имкон дораду халос. Сабабҳои амалӣ нашудани онҳо ба омилҳое марбут аст, ки мутааллиқи ҳайати эҷодии радиои “Имрӯз” ва потенсиали ин радио аст. Дуюм бахши омилҳо ба омилҳое вобастагӣ дорад, ки худи муҳит барои фаъолияти ин радио дикта мекунад”.

Вай афзуд, ки дар давоми ин ду соли фаъолияташ “Имрӯз” ҳамеша талош кардааст, ҳама навъи хабару маълумотро роҷеъ ба таҳаввулоти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон дар доираи қонун пахш кунад.

Дар ин муддат ду дафъа пахши барномаҳои ин шабака бо сабаби ба қавли мақомот “фаннӣ” қатъ шуда буд. Вале аз назари аксар ҳомиёни озодии баён дар Тоҷикистон, ошкорбаёниву пахши афкори мухталиф тавассути ин радио аз сабаби аслии мутаваққифшавии барномаҳои он шудааст.

Шояд ҳамин талош барои пӯшиши ҳамаҷонибаи таҳаввулоти кишвар, ки гоҳо аз назорати давлат берун мешаванд, боиси он шудааст, ки то ҳол гирифтани муҷаввиз барои таъсиси як шабакаи мустақили телевизион ё радио дар Тоҷикистон садди оҳанинро мемонад.

Дар ҳоле, ки радиои “Фарҳанг”, як замимаи шабакаи аввали телевизиони давлатӣ тоза тавонист бидуни мушкил дар бозори радиоҳои маҳаллӣ аз худ дарак диҳад, чандин радиову телевизиони мустақил солҳои дароз наметавонанд, иҷозаи расмии фаъолият дарёфт кунанд.

Далели инро мунаққидон дар кӯшиши ҳукумат барои таҳти назорат ва дар меъёри маҳдуд нигоҳ доштани шумори расонаҳои электронӣ дар кишвар мебинанд. Ва онҳое ҳам, ки ҳастанд, кӯшиш мекунанд, ба хотири ҳифзи мақоми феълии худ корро мӯҳтотона идома диҳанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG