Пайвандҳои дастрасӣ

Бино бар натиҷаҳои муқаддамотии ахиран нашршуда, Ҳомид Карзай дар интихоботи президентии Афғонистон 54 дарсади раъйҳоро ба даст овардааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки далелхои фаровони тақаллуб ба саҳеҳияти райгири соя меафканад. Комиссияи мустақили интихоботии Афғонистон дар як нишасти матбуотӣ эълом дошт, ки 91 аз даҳ шаш дарсади райҳои ширкаткунандагони интихоботи 20 август баршумурда шудааст.

Тибқи омори комиссия, рақиби аслии Карзай дар ин интихобот, собиқ вазири хориҷаи кишвар доктор Абдулло Абдулло бо каме беш аз 28 дарсади оро дар мақоми дуввум қарор дорад. Барои пирӯзӣ дар даври аввал яке аз номзадҳо бояд ба дарёфти беш аз 50 дарсади раъйҳо муваффақ шавад.

Комиссияи мустақили интихоботӣ гуфтааст, ки аз тақрибан панҷуним миллион интихобкунандагоне, ки дар раъйгирӣ ширкат доштанд, наздик ба ду миллионаш ба Карзай ва тақрибан як миллиону панҷсаду чиҳилу ҳафт ҳазор ба пуштибонии доктор Абдулло овоз додаанд.

Ин дар ҳолест, ки Комиссияи бозрасии арзу шикоятҳои марбут ба интихобот, ки бо ибтикори СММ таьсис шудааст, дирӯз амр кард то дар ҳавзаҳои интихоботие, ки далелхои густардаи тақаллуб ошкор шуданд, раьйдиҳии такрорӣ сурат гирад.

Доктор Абдулло қаблан рақибаш ва ҳукуматро дар тақаллубкориҳо айбдор карда буд. Умуман дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ ва шӯроҳои маҳаллии Афғонистон беш аз 2 ҳазор арзу шикоят дар бораи қонуншиканиҳо зимни овоздиҳӣ сабт шудааст.

Комиссияи бозрасии арзу шикоятҳо ахиран иттилоъ дода буд, ки такрибан 500 далели овардашуда басо ҷиддиянд ва дар сурати тайид шуданашон ба натоиҷи ниҳоии раъйдиҳӣ таъсир хоҳанд гузошт.

Миёни қонуншиканиҳо, аз ҷумла ба қуттиҳо андохтани баргаҳои тақаллубӣ, тарсонидани афроди соҳиби ҳаққи раъй ва қаллобӣ дар қитъаҳои интихоботӣ номбар мешавад. Ҳамин тавр, ба гуфтаи коршиносон, имкон дорад ки Карзай аз баъзе овозҳои касб кардааш маҳрум монад.

Дар ҳоле, ки мардуми Афғонистон ва кишварҳои ҷаҳон мунтазири натиҷаҳои ниҳоии интихоботанд, вазъ дар он кишвар ҳамоно сангин боқӣ мемонад. Дирӯз дар наздикиҳои пойгоҳи низомиёни амрикоӣ дар ҳошияи фурӯдгоҳи байнулмилалии Кобул бомбаи канори роҳ инфиҷор кард. Дар натиҷаи таркиш се мулкӣ кушта ва шаш нафари дигар маҷруҳ шудаанд.

Натоиҷи интихоботи президентии Афғонистон, охири моҳи равон, баьд аз таҳқиқи ҳама далелҳои қонуншиканиҳо эьлон хоҳад шуд. Дар ҳамин ҳол, сухангӯи вазорати умури хориҷаи ИМА Иан Келли имрӯз ба хабарнигорон гуфт, Вошингтон ҳақ надорад кадоме аз номзадҳоро пирӯз эьлон кунад ва ё дар бораи зарурати баргузории даври дуввум бо ширкати ду номзади пешсаф тасмим бигирад.
XS
SM
MD
LG