Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари президенти Ҳиндустон


Пратибха Девисингх Патил, президенти Ҳиндустон
Пратибха Девисингх Патил, президенти Ҳиндустон

Сафари Президенти Ҳиндустон Пратибха Девисингх Патил ба шаҳри Кӯлоб танҳо бо дидор аз осорхонаи ба номи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ анҷом ёфт.

Хонум Пратибха зимни ин сафари кутоҳи худ гуфт, ки Мир Саид Алии Ҳамадонӣ солҳои тӯлони дар Кашмир зиндагӣ карда, дар инкишофи фарҳанги ин мардум саҳми хоссае дорад. Вай гуфт, ки ҳамакнун пайравони зиёди ин мутаффакир дар қаламравӣ Ҳиндустон ба сар бурда, бо аъмоли нек ва сулхоҳонаи хеш шинохта мешаванд.

Дар мавриди шахсияти Мир Саид Алии Ҳамадонӣ раиси ҷумҳури Ҳиндустон гуфт, ҳайёт ва кору эҷоди ин файласуф ба дӯстиву рафоқати мардумони гуногунмиллат равона гардида буд. Вай гуфт, зиёрати мақбараи Ҳамадонӣ орзӯи деринаи ӯ буд, ки ҳамакнун ба он расидааст.

Мир Саид Алии Ҳамадонӣ миёнаҳои асри 14 беш аз 7 сол дар Кашмир барои таблиғ кардани дини ислом ба сар бурдааст ва ба назари таҳқиқгарон то ҷое дар ин самт муваффақ низ шудааст.

Ҳотам Асозода, як таҳқиқгари зиндагӣ ва осори Мир Саид Алии Ҳамадонӣ мегӯяд, аз ин рӯ сафари раис ҷумҳури Ҳиндустон ба Кӯлоб ба хотири зиёрати мақбараи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ тасодуфи нест. Ҷаноби Асозода мегӯяд, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ аз нахустин мубалиғони дини ислом аст, ки дар кишварҳои гуногуни олам замони зиндагӣ миёни мардум аз маҳбубияти хосе бархурдор буд.

Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, ки бо номи Ҳазарати Амирҷон низ маъруф аст, дар Кӯлоб аз маҳбубияти вижае бархӯрдор аст. Ӯ соли 1314 дар шаҳри Ҳамадони Ирон таваллуд шуда, соли 1386 пас аз сафарҳои тӯлонӣ вафот кардааст ва тибқи васият шогирдон ӯро дар шаҳри Кӯлоб дафн намудаанд. “Захират ул мулук”, “Рисолаи Баҳромшоҳия”, “Мактуботи Амира” аз зумраи осорҳои маъруфи сиёсӣ ва фалсафии Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ба шумор мераванд.

Ва президенти Ҳиндустон аз чаҳорумин президенти кишварҳои хориҷист, ки ба зиёрати мақбараи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ омадааст.
XS
SM
MD
LG