Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши шумори бекорон дар ҷаҳон


Бино ба баъзе нишонаҳо, иқтисоди кишварҳои абарқудрати ҷаҳон дар ҳоли беҳбудёбист, вале шумори мардуми маҳрум аз ҷойи кор афзоиш меёбад.

Дар Амрико бо вуҷуди пешгӯиҳои оғози рушди иқтисодӣ дар нимаи дуввуми соли 2009, дафтари буҷавии Конгресси кишвар ҳадс задааст, ки то миёнаи соли оянда сатҳи бекорӣ дар кишвар ба 10 аз даҳ чор дарсад хоҳад расид.

Дар Аврупо бошад бекорӣ моҳи июл ба сатҳи рекордии 9 аз даҳ панҷ дарсад расида ҳадс зада мешавад, ки болоравии он идома хоҳад ёфт. Ва ин ҳама алорағми он, ки бузургтарин иқтисодҳои аврупои Фаронса ва Олмон аз марҳалаи пасрафт берун рафтаанд.

Раиси Созмони байналмилалии кори СММ Хуан Сомавиа дар яке аз нишастҳои охир дар ин бора гуфт, “омори таърихӣ ва таҷрибаи гузашта нишон медиҳад, ки миёни замони оғози рушди иқтисодӣ ва поинравии сатҳи бекорӣ маъмулан чаҳор ё панҷ сол фосила вуҷуд дорад. Агар шумо ҳамаи инро ҷамъбаст кунед, эҳтимолан буҳрони бекорӣ шаш ё ҳашт сол идома хоҳад ёфт.”

Омори таърихӣ ва таҷрибаи гузашта нишон медиҳад, ки миёни замони оғози рушди иқтисодӣ ва поинравии сатҳи бекорӣ маъмулан чаҳор ё панҷ сол фосила вуҷуд дорад ...
Тибқи гуфтаҳои Сомавиа, маъмулан поинравии сатҳи бекорӣ аз оғози рушди иқтисодӣ ақиб мемонад, аммо оё сабаби ин чист? Яке аз сабабҳои чунин сурати ҳол дар он аст, ки ҳатто замоне, ки пасрафти иқтисодӣ ба поён мерасад, барои баргаштани иқтисод ба мавқеъҳои пешинааш фурсати тулонӣ зарур аст.

Ҳамин тавр, ҳатто агар даромади ширкате аз пештара дида афзуда бошад, ҳануз ҳам барои баргашт ба сатҳи пешазбӯҳронӣ фурсате лозим аст. Яъне чунин ширкат то пайдо кардани эътимоди пурра ба бозгашти замонаҳои хуб интизор мешавад ва танҳо баъд аз ин ба истихдоми коргарони нав шуруъ мекунад. Ҳамин тавр теъдоди онҳое, ки аз паси пайдо кардани ҷои корӣ мешаванд, меафзояд ва аммо ёфтани ҷойи кор мушкилтар мегардад.

Мутахассиси бозори ҷойҳои кории Донишгоҳи улуми иқтисодии Лондон, профессор Ричард Ҷакмен мегӯяд, “дар замони мушкилот ширкатҳо намехоҳанд ва дар баъзе ҳолатҳо наметавонанд коргаронро аз кор холӣ кунанд ва вақте ки беҳбудӣ оғоз мешавад маъмулан, бино ба сатҳи истеҳсолоти кунунӣ, теъдоди коргарҳояшон беш аз ҳадди зарурӣ аст.”

Ҳатто замоне, ки иқтисод рӯ ба беҳбуд мениҳад, имкон дорад, ки барои поин бурдани сатҳи бекорӣ суръати рушди иқтисодӣ хеле кундӣ кунад. Масалан дар Амрико дар баробари рушди аҳолие, ки синнашон барои кор кардан расидааст ва рушди маҳсулнокии истеҳсолотро мушоҳида мекунем.

Ин маънои онро дорад, ки мардум аз паси кор мегарданд, аммо ширкатҳо ҳамзамон қобилият пайдо мекунанд миқдори бештараи маҳсулотро бо теъдоди камтари коргарон тавлид кунанд.

Питер Морис, профессори Тиҷорати байналмилалии Донишгоҳи Мериленд, мегӯяд, “мо интизор надорем, ки иқтисоди Амрико ҳадди ақал се дарсад рушд кунад. Аммо барои поин овардани сатҳӣ бекорӣ иқтисод бояд ҳадди ақал се дарсад афзоиш ёбад. Агар содда карда гуем, маҳсулнокии истеҳсолоти мо ду дарсад афзоиш ёфт ва нерӯи корӣ ё ин ки аҳолии калонсол ба як дар сад. Ҳамин тавр агар иқтисодамон се дарсад рушд накунад дар мавриди бекорӣ мо боз ҳам ба ақиб меравем.”

Дигар сабаби идомаи рушди сатҳи бекорӣ, тааҷҷубовар аммо қобили мушоҳида аст: ҳангоми оғозӣ баромадани иқтисод аз бӯҳрон хушбинии бекорон меафзояд ва онҳо дубора ба ҷустуҷӯи кор мепардозанд. Ба хотири он ки бекорони собиқадор дубора фаъолона ба ҷустуҷӯи кор оғоз мекунанд, дар омори расмӣ ин инъикос меёбад ва сатҳи бекорӣ боло меравад.

Гуфта мешавад, ки бекорӣ нишондиҳандаи ақибравист, аммо ин шохис дар бораи гузаштаи иқтисод маълумот медиҳад, на дар бораи оянда он. Як хабари хуш ин аст, ки ҳама мутахассисон поинравии сатҳи бекориро соли оянда пешгӯӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG