Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Афшин, хонандаи синфи 11, мактаби рақами 64 –и Душанбе, ду сол аст, ки мизоҷи интернет аст. Вай мегӯяд, бештар аз хона вориди шабакаи ҷаҳонӣ мешавад. Ӯ бештар сомонаҳои русӣ вобаста ба барномаҳои мактабӣ, ҳамчунин сайтҳои тафреҳиву варзишӣ ворид мешавад.

Афшин яке аз ҳудуди 500 то 700 ҳазор мизоҷи хадамоти интернети Тоҷикистон аст.

Аввалин хадамоти интернетӣ дар Тоҷикистон аз сӯйи Оҷонсии рушди Осиёи Марказӣ соли 1995 ҷорӣ шуд, ки хизматрасонии почтаҳои электронии созмонҳои байнулмилалӣ ва хориҷӣ дар Тоҷикистонро ба роҳ монд. Худи ҳамон сол ин гуна хадамот аввалин маротиба дар ширкати «Барқи тоҷик» ба роҳ монда шуд. Тоҷикистон соли 1999 ба веб - анкабути ҷаҳонӣ пайваст.

Саидҷон Нуруллоев, раҳбари хадамоти интернети «Телеком Технолоҷӣ», аввалин хадамоти тавзеҳи интернет дар Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло ин ширкат, тибқи иттилоъи Бонки ҷаҳонӣ, 43 дарсади бозори интернети кишварро дар даст дорад. Вай афзуд, тайи 10 сол сифати хизматрасонии ин ширкат қадам ба қадам ва тибқи меъёрҳои байнулмилал беҳбуд ёфтааст.

Аммо бо гузашти 14 сол ва бо вуҷуди он ки дар Тоҷикистон дар кишвар 8 ширкати тавзеи интернет ё худ провайдер фаъол ҳастанд, тибқи иттилоъи расмӣ, 6 ва ғайрирасмӣ то 10 дарсади мардуми Тоҷикистон ба шабакаи ҷаҳонӣ дастрасӣ доранд. Асомиддин Атоев, раиси Анҷумани дастраскунандагони интернет мегӯяд, агарчи теъдоди истифодабарандагони интернети Тоҷикистон аз кишварҳои ҳамсоя, ба монанди Ӯзбакистону Туркманистон, кам аст, аммо аз рӯи зерсохторҳое, ки дастрасиро фароҳам мекунанд, пешсаф аст.

Тибқи иттилои интернетӣ, агар дар дунё беш аз 100 ҳазор сомонаву саҳифаи эронӣ фаъол бошанд, ин рақам дар Тоҷнет 417 аст. Танҳо 41-тои онҳо хабарӣ мебошанд. Ба дастрасии маҳдуд ва адами таваҷҷӯҳ ба аҳамияти интернет ин далел низ ишорат мекунанд, ки саҳифаҳои хонагӣ ва сомонаҳои афрод 57-тоанд. Ҳамчунин, фақат 12 идораи давлатии Тоҷикистон сомонаи интернетии худро доранд. Теъдоди сомонаҳои чату шиносоӣ ба 25 ва мусиқӣ ба 30 адад мерасад. Аз 417 ба ҳудуди 370 сомонаву саҳифаи интернетӣ рӯзона то 10 нафар ворид мешаванд.

Сомонае, ки беш аз ҳама хонда мешавад, asiaplus. tj - нашрияи хабаргузории «Азия-плюc» аст, ки ҳамарӯза андаке кам ва ё беш аз 2 ҳазор меҳмон дорад.

Коршиносони тоҷик мегӯянд, далели аслии кундии афзоиши мизоҷони интернет дар Тоҷикистон адами маълумот бо забони тоҷикӣ дар шабакаи ҷаҳонӣ аст.

Асомиддин Атоев мегӯяд, мушкили аслии Тоҷнет дар заъфи мӯҳтавои он аст ва қабл аз ҳама адами иттилоъ ба забони тоҷикӣ. Оқои Атоев мушкили молиявии мардумро рад карда, афзуд, хадамоти интернети мо он қадар қимат нест, фақат он бояд ба дарди мардум хӯрад.

Тибқи иттилои расонаҳо, ҳоло қимаnи 1 соати истифодаи интернет тариқи кортҳо 1 ва дар интернет – кафеҳо 3 сомонӣ аст. Ширкатҳои мобилӣ низ дар ин маҳдуда хизматрасонии худро ба роҳ мондаанд.

Коршиносон мегӯянд, дар ҳоли ҳозир тавассути тамоми ширкатҳои мобилии Тоҷикистон, ки дар ин кишвари бо нуфуси 7 миллион ҳудуди 2 млн. мизоҷ доранд, новобаста ба он ки кас дар куҷо қарор дорад, метавонад вориди шабакаи ҷаҳонии интернет шавад. Аммо ба қавли онҳо, вақте интернет мушкили мардумро ҳал намекунад, зарурате ба он низ вуҷуд надорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG