Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳси хашмолуди Ҳолбрук ва Карзай дар Кобул


Ричард Ҳолбрук (аз чап) ва Ҳомид Карзай.

Ричард Ҳолбрук (аз чап) ва Ҳомид Карзай.

Расонаҳои ҳамагонӣ аз баҳси сахте миёни президент Карзай ва фиристодаи Амрико дар умури Афғонистону Покистон хабар додаанд.

Як рӯз баъд аз интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон миёни президент Ҳомиди Карзай ва фиристодаи Амрико дар умури Афғонистону Покистон Ричард Ҳолбрук як гуфтугӯи "сахт" сурат гирифтааст.

Ба гуфтаи ин мақомот, Ҳолбрук дар бораи фасод ва гумонҳои мавҷуд пиромуни тақаллуби натоиҷи интихоботи рӯзи 20 август изҳори нигаронӣ кардааст.

ПОСУХИ ХАШМОЛУД?

Рӯзи 21 август дар як сӯҳбати сари дастурхон дар Кобул Ҳолбрук, ба гуфтаи ин манобеъ, имкони баргузории даври дуввуми
интихобот байни Ҳомиди Карзай ва рақиби аслии ӯ – вазири пешини умури хориҷии Афғонистон Абдуллоҳи Абдуллоҳро баррасӣ кардааст.

Ричард Ҳолбрук, фиристодаи хоси Амрико бо раҳбари Афғонистон Ҳомиди Карзай масъалаи тақаллубкории бархе аз аъзои ситоди интихоботии Ҳомиди Карзай ва ҳам номзадҳои дигарро матраҳ кардааст. Манобеъи хабар мегӯянд, ки Карзай ба ин иттиҳомот бо хашм посух додааст.

Вале сухангӯи раисиҷумҳури Афғонистон ба кадом баҳси лафзие печидани гуфтугӯи Карзай бо Ҳолбрукро радд мекунад. Сухангӯи сафорати Амрико дар Кобул низ ба ҷанҷол мунҷар шудани сӯҳбати Карзаю Ҳолбрук ва гӯё бо қаҳру хашм аз ин мулоқот бадар рафтани фиристодаи Обамаро такзиб кард.

ИТТИЛОЪ АЗ ВАШИНГТОН


Вале як мақоми амрикоӣ дар Вошингтон бидуни бурдани номаш гуфтааст, Ҳолбрук ва Карзай мулоқоти “мушкиле” доштаанд ва дар ҷараёни он байни ду ҷониб “раддубадалҳои шадидуллаҳне” доир шудааст. Ба гуфтаи ин мақом, мавзӯъи баҳс ба раванди интихобот эҳтиром қоил шудан ва хештандорӣ нишон дода, натоиҷи раъйгириро пазируфтани Кобул будааст.

Филип Кроулӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Амрико.
Сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико Филип Кровлӣ гуфт, ҳанӯз барвақт аст, ки Амрико аз тағйир ёфтани натоиҷи интихоботи Афғонистон ба иллати тақаллуб садо баланд кунад: “Мо феълан дар як замони нозуке қарор дорем. Мо мехоҳем бубинем, ки интихобот чӣ натиҷа хоҳад дод. Мо мехоҳем бубинем, ки ҳайъати давлати Афғонистон чӣ гуна хоҳад шуд. Ва дар чаҳорчӯби сиёсати стротежӣ, мо ҳамкориро бо ҷомиаи байналмилалӣ ва бо давлати кунунии Афғонистон ба манзури эҷоди ниҳодҳое, ки ниёзандиҳои мардуми афғонро бароварда гардонанд, ҳамчунон башиддат идома медиҳем.”

ШУМОРИШИ РАЪЙҲО

Феълан бар асоси шумориши 17 дарсади оро, Карзай бар рақиби аслиаш – вазири пешини умури хориҷӣ Абдуллоҳи Абдуллоҳ ҳудуди 9 фоиз бартарӣ дорад. Абдуллоҳ аз як маъракаи фарогир ва аз сӯи давлат роҳандозишудаи тақаллуби натоиҷи интихобот ба фоидаи Карзай шикоят кардааст. Аммо ӯ аз тарафдоронаш хоста, ки хештандорӣ нишон дода ва ҳамкориро бо мақомоти интихоботӣ идома диҳанд.

Ҷин МаКензӣ, мудири дафтари Пажӯҳишгоҳи байналмилалии ҷанг ва сулҳ дар Кобул мегӯяд, интизори аксар ин аст, ки Ҳомиди Карзай дар даври аввал беш аз нисфи ороро ба даст нахоҳад овард ва кор ногузир ба даври дуввум хоҳад кашид.

ЭҲТИМОЛИ ДАВРИ ДУВВУМ?

Чунин эҳтимолро Иттиҳодияи Аврупо, сафорати Амрико ва дигар бозигарони умдаи байналмилалӣ дар Афғонистон низ ҳанӯз чанд ҳафта қабл аз даври аввал пешбинӣ мекарданд. Хонум МакКензӣ мегӯяд, дасткорӣ дар натоиҷи интихобот дар Афғонистон хеле осон аст, ба хусус дар сурати мушорикати ками мардум дар раъйгирӣ.

Марвин Вейнбаум, таҳлилгари собиқи вазорати умури хориҷии Амрико ва аз нозирони интихоботи 20 август мегӯяд, ҳама
чиз дар ҷараёни раъйгирӣ дар Афғонистон далолат ба тақаллуби густурда мекард: “Ҳама медонанд, ки интихобот дар Афғонистон бояд то як андозаи муайян бар асоси тақаллуб сурат хоҳад гирифт. Ва ягон роҳи ҷилавгирӣ аз ин вуҷуд надорад. Ва як суоли матраҳ дар ин ҳама муддат ин буд, ки оё мизони тақаллуб чӣ қадар хоҳад шуд – оё ба андозае хоҳад шуд, ки мардум ва ҷомиаи байналмилалӣ бигӯяд, ки тахаллуф беш аз ҳадд шудааст.”

БӮҲРОНИ ЭЪТИМОД?

Марвин Вейнбаум
Марвин Вейнбаум машрӯъияти интихобот ва ба натоиҷи расмии ин маърака бовар ҳосил кардани мардумро хеле муҳим мешуморад.

Ба хусус дар шароити феълӣ, ки Афғонистон ба мавҷи фазояндаи ҳамлаҳои чирикӣ рӯбарӯ шудааст ва дар муқобили ин чолиш ба машрӯъияти фарогир ва эътимоди бештари мардум ниёз дорад.

Таҳлилгарон мегӯянд, агар Ҳомиди Карзай алакай дар даври аввал баранда эълон шавад, ин мояи ҳадсу гумонҳои бештар дар бораи тақаллуби натоиҷи интихобот хоҳад шуд. Вейнбаум мегӯяд, ба хотири дар зеҳни мардуми оддии Афғонистон нигоҳ доштани эътимод ба низоми демократӣ беҳтар мебуд, ки агар Карзай дар даври аввал камтар аз 50 дарсад раъй бигирад ва кор ба даври дуввуми интихобот бикашад.

РОҲИ САРБАСТА

Ҷин МакКензӣ, мудири дафтари Пажӯҳишгоҳи байналмилалии ҷанг ва сулҳ дар Кобул мегӯяд, даври дуввум метавонад ҳадсу гумонҳои мавҷуда дар бораи ҷараёни интихоботи Афғонистонро аз байн бардорад.

Аммо ба бовари ӯ, даври дуввум ҳамин тавр, мушкилот ва печидагиҳои наверо ҳам дар миён хоҳад овард: “Натоиҷи ниҳоӣ то 17 сентябр эълон нахоҳад шуд. Тибқи қонун, даври дуввум бояд баъд аз ду ҳафтаи эълони ин натоиҷи доир шавад. Ва ин фурсат барои чопи баргаҳои раъй, фиристодан ва ба тамоми нуқоти лозим расондани ин баргаҳо кифоят намекунад. Мушкилоти амниятӣ пеш хоҳад омад. Дар ин ҷо сароҳатан метавонанд эътирозҳо ва ё хушунатҳо буруз кунанд. Мушкилоти фаннӣ ҳам пеш меояд. Ва ин ҳама омодагиҳо ба даври дуввум бояд дар давоми моҳи Рамазон сурат бигирад, ки дар робита ба Афғонистон масъаларо боз ҳам печидатар ва мушкилтар мекунад.”

БУРУНРАФТ?

Албатта, баргузории даври дуввуми интихобот дар кишвари ҷангзадае ба мисли Афғонистон, барои ҷомеаи байналмилалӣ як кори пурхарҷ аст. Ба хусус аз лиҳози амниятӣ.

Аммо бо дарназардошти ин ки ҳатто қабл аз даври аввали интихобот ҳам эътимод ба интихобот дар Афғонистон чандон зиёд набуд, шояд даври дуввум дар воқеъ зарур бошад, то ки шумори бештари мардумро дар он кишвари ҷангзада мутмаин кунад, ки демократия фиреби назар нест.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG