Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯхтор дар корхонаи "Кӯлоб-Нафтрасон"


Хадамоти оташнишонии минтақаи Кӯлоб аз бузургтарин ва хатарноктарин сӯхтор дар ҳудуди ин шаҳр пешгирӣ намудаанд.

Ин сӯхтор соати ҳафти субҳи имрӯз дар Ҷамъияти саҳомии “Кӯлоб-Нафтрасон”, ки макони нигаҳдории беш аз 500 ҳазор тонна маводи сӯзишворист, ба вуқӯъ ба пайвастааст.

Амирхон Одинаев, директори ин корхона гуфт, ки сӯхтор ба ин корхона зарари ҷиддӣ ворид накардааст, аммо сухторнишонон ба миқдори 2 миллиону 800 ҳазор сомонӣ, наздики 1 миллион долар маҳсулотро аз коми оташ наҷот доданд.

Ба қавли ӯ, ҳарчанд ин корхона дорои мошини хусусии оташнишонист, аммо замони сар задани сӯхтор тасодуфан мошини оташнишон аз фаъолият бозмондааст.

Дар ҳамин ҳол Саидмудасир Раҳматов, нозири хадамоти оташнишонӣ дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, агар аз ин сӯхтор ба зудӣ пешгирӣ намешуд, эҳтимол як қисмати маҳаллаи назди ин ширкат хароб мешуд.

Пешгирӣ аз ин сӯхтори, ба қавли мақомот, фоҷиавӣ дар таърихи фаъолияти хадамоти оташинишонии минтақаи Кӯлоб назир надоштааст. Аммо сокинон аз ҳодисаҳои сӯхторе низ ёд доранд, ки хадамоти оташнишонӣ барои хомӯш намудани он кореро анҷом надодаанд.

Темур Камолов, як тоҷири бозори “Саховат”-и Кӯлоб бо интиқод аз фаъолияти хадамоти оташнишонӣ гуфт, ки дар аввали соли ҷорӣ як қисмати ин бозор оташ гирифт, вале оташнишонон натавонистанд аз он ҷилавгирӣ намоянд. Ба қавли ӯ паи ин сӯхтор беш аз 21 дӯкони маводи ғизоӣ хокистар шуд.

Бо ин ҳама коршиносон мегӯянд, фаъолияти хадамоти оташнишонӣ танҳо дар маркази шаҳрҳо ба назар мерасад. Рустам Наботов, коршиноси маҳаллӣ мегӯяд дар навоҳии дурдасти минтақаи Кӯлоб ҳатто пас аз хокистар шудани амволи мардум низ хадамоти оташнишонӣ ба он ҷо ҳозир намешаванд.

Ба унвони мисол вай мегӯяд, дар ноҳияи Шӯрообод беш аз сад ҳектор чарогоҳи мардум дар паи тирандозиҳои афсарони қисми ҳарбии 201- и Русия мустақар дар Кӯлоб, ки онҷо машқи низоми анҷом медиҳанд, сӯхтааст, вале хадамоти оташнишонӣ барои наҷоти он низ коре накардаанд.

Гуфта мешавад, дар минтақаи Кӯлоб таи 7 моҳи соли равон 43 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст. Маблағи расида аз ҳисоби сӯхтор ба беш аз 170 ҳазор сомонӣ мерасад. Дар паи оташсӯзиҳо аз ҳама беш хонаҳои иқоматии шаҳрвандон ва ғаллазорон осеб дидаанд.
XS
SM
MD
LG