Пайвандҳои дастрасӣ

Дилшод Назаров ва Галина Митяева – дар Берлин


Дилшод Назаров, гурзандози машҳури тоҷик

Дилшод Назаров, гурзандози машҳури тоҷик

Дилшод Назаров ва Галина Митяева, варзишгарони Тоҷикистон, дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба варзишҳои майдонӣ, ки аз 15-ум то 23-юми август дар шаҳри Берлин баргузор мешавад, ширкат хоҳанд кард.

Ба иттилоъи Улмас Олимов, сармураббии дастаи мунтахаби варзиши сабуки Тоҷикистон, гурзандозҳо Дилшод Назаров ва Галина Митяева, ки ба сабқати ҷаҳонӣ дар шаҳри Новая Каховкаи Укроин омодагӣ гирифтаанд, аз ин ҷо 13-уми август озими Олмон шуданд.

Оқои Олимов афзуд, дар ин мусобиқот ширкати ҳудуди 2000 варзишгар аз 200 кишвар дар назар аст. Дар варзишгоҳ то 500 000 тамошобин тӯли 9 рӯз шоҳиди рақобатҳои зӯртарин варзишгарони ҷаҳон мешаванд. Намоишҳои телевизиониро аз ҷараёни сабқати ҷаҳонӣ қариб 6 миллиард бинанда дар беш аз 190 кишвар тамошо хоҳанд кард.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG