Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Интиқод аз камрангии фаъолияти омбудсмен


Зариф Ализода, собиқ мушовири давлатии президенти Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ, дар таърихи 27-уми маи соли ҷорӣ нахустин обмудсмени Тоҷикистон таъин шуд

Зариф Ализода, собиқ мушовири давлатии президенти Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ, дар таърихи 27-уми маи соли ҷорӣ нахустин обмудсмени Тоҷикистон таъин шуд

Аз ташкили ниҳоди омбудсмен дар Тоҷикистон се моҳ сипарӣ мешавад, вале коршиносон мегӯянд, ин ниҳод иқдоми мушаххасе анҷом надодааст.

Раҳматилло Зоиров, раҳбари Консорсиуми ҳуқуқӣ ва раиси Ҳизби состсиал-демократии Тоҷикистон, мегӯяд, тӯли се моҳи гузашта танҳо тариқи нашри мақола ва сӯҳбатҳои масъули омбудсмен аз вуҷуд ва ташкили ин ниҳоди вижа хабар дода шудааст, аммо то кунун он натавонистааст ба мушкили ҳеҷ як аз сокинон расидагӣ кунад.

Вай гуфт, “фаъолияти омбудсмен, яъне бевосита ҳифзи ҳуқуқи афроди алоҳида, ҳанӯз натиҷае ба бор наовардааст. Фикр мекунам, ниҳоди омбудсмен то ҳоло ба шакли комил ташкил нашудааст ва дар ин шакл онҳо имкони ҳимоят аз ҳуқуқи инсонро надоранд”.

Раҳматилло Зойиров дар идомаи сӯҳбаташ мустақилияти ин ниҳоди вижа дар Тоҷикистонро низ таҳти суол қарор медиҳад. Вай мегӯяд, мустақил набудани омбудсменро на аз он ки ӯ аз тарафи кӣ интихоб ва ё таъйин шудааст, балки аз тарафи кӣ сабукдӯш мешавад, муайян мекунанд. Ба гуфтаи вай, агар омбудсмен аз тарафи вакилони мардумӣ дар порлумони Тоҷикистон пазируфта шудааст ва назди онҳо гузориш медиҳад, маънии мустақилияти омбдусменро надорад.

Раҳматилло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, мегӯяд, феълан омбудсмен аз ҳикимяти давлатӣ вобаста мебошад
Ба бовари ҷаноби Зойиров, омбудсмен ҳатман аз сӯйи раисиҷумҳур аз вазифа барканор мешавад, ки ба гуфтаи ӯ, нуктаи муҳими мустақил набудани масъули он будааст: “Яъне сабукдӯш шуданаш аз сӯйи раисиҷумҳур маънии онро дорад, ки феълан омбудсмен аз ҳокимияти давлатӣ вобаста мебошад. Дар оянда омбудсмен чӣ кор карда метавонад? Агар омбудсмен ба ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои иҷтимоии ҳуқуқи башар такя накунад, бо онҳо муносибати хубу ҳамкорӣ надошта бошад ва танҳо вобастаи мақомоти расмӣ аст, пас, ҳеҷ кор карда наметавонад”.

Аммо Зариф Ализода, омбудсмен ва ё ваколатдори ҳуқуқи башар, мегӯяд, то ҳоло сокинон ба онҳо низ шикоятҳои худро дар сӯҳбатҳои рӯ ба рӯ ва ҳам тариқи нома ирсол медоранд. Вай бар хилофи назари бархе аз коршиносон мегӯяд, онҳо ҳеҷ як аз додхоҳии сокинонро бидуни посух нахоҳанд гузошт ва ба ҳар василае кӯмаки худро хоҳанд расонид.

Дар ҳамин ҳол Паём Фурӯғӣ, масъули ҳуқуқи башар дар Созмони амнияту ҳамкории Аврупо дар Душанбе, низ мегӯяд, аз ҳоло аз фаъолияти ин ниҳоди вижа натиҷагирӣ кардан барвақт аст. Вай мегӯяд, аммо созмонаш омода аст, ки ба ин ниҳод барои ҳамкорӣ дар бахши коҳиш додани мизони нақзи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон кӯмакҳои фаннии худро ироа кунад.

Паём Фурӯғӣ изҳори эътимод кард, ки ин ниҳод дар минбаъда метавонад ба сокинон, ки аз баҳси манзилу воҳидҳои деҳқонӣ ранҷ мебаранд, расидагӣ кунад.

Бо ин ҳол, се моҳ қабл барои нахустин бор дар Тоҷикистон вакилони порлумон масъули омбудсменро интихоб карданд. Масъуле, ки шояд бештар аз ҳама кор дошта бошад, чун онгуна ки мусоҳибонам ва расонаҳои худи Тоҷикистон ҳам мегӯянд, дар ин кишвар дар ҳар қадам ҳуқуқи инсон зери по мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG