Пайвандҳои дастрасӣ

Шумораи навбатии маҷаллаи иҷтимоии «Як рӯз бо шумо» дар атрофи нақши телефони мобил дар зиндагии ҷомеаи Тоҷикистон сӯҳбат мекунад.

Як дӯстам қисса кард, ки соли гузашта бо чанд нафар ба кӯҳ барои ҷамъоварии писта рафта буданд. Дар баландии кӯҳ хайма заданд ва ғизову обро ҳам он ҷо гузошта, барои чидани писта ба дараҳои тангу ваҳим поин шуданд. Табиист, ки дар кӯҳистон дар гармои шадиди тобистон об аз ҳар чизи дигар муҳим аст.

Ва ҳар кадоме аз онҳо дар як зарфи кӯчак об гирифта буданд, аммо дӯстам фаромӯш карда буд, ки оби гирифтааш барои чанд соате кофист ва хеле дур аз хайма рафта буд. Ҳосили пистаи хуб дарёфта, беш аз як халта писта ҷамъ овард ва дар ниҳоят ба хотираш зад, ки хеле ташна аст, аммо обаш тамом шудааст.

Ваҳшат ӯро фаро гирифт, ки бо ин шиддати ташнагӣ чи гуна ба назди хайма, ҳатто бидуни бардоштани бор бармегардад. Аз тарс халтаи пистаашро гузошта, оҷил ба роҳ баромад, шиддати ташнагӣ гулуяшро хушк карда буд ва танҳо як андеша дошт, ки оё ба наздики хайма баргашта метавонад ё на. Хаста шуда, зери дарахте боли теппаи баланд нишаста буд, ки ба хотир телефони мобилаш расид, аз ғилофак берун бароварда ба ҳамроҳонаш занг зад ва аз худ дарак дод. Обаш овардаанд, наҷоташ доданд ва ҳам халтаи пистаашро бо худ гирифта ба хайма расонданд.

Яъне ин воқеае ҳаст, ки 10-15 сол пеш барои мардуми оддӣ мисли як афсона буд. Як дастгоҳи кӯчак боиси наҷот мешавад. Чунин мавридҳо дар рӯзгори мардуми тоҷик тақрибан ҳар рӯз иттифоқ меафтад.

Телефони мобил дақиқан дар солҳои ахир зиндагии мардумро тағйир дода, хеле осон ҳам кардааст ва ҳарчанд андаке харҷ барои хидматрасонӣ дорад, аммо дар бисёр лаҳзаҳо аз хароҷоти бузург ҷилавгирӣ мекунад.

Тақрибан 10 сол пеш телефони мобил ба Тоҷикистон ворид шуд ва дар панҷ соли ахир ба як фанноварии маъмуливу мардумӣ табдил гашт. Ибтидо ҳам қиммати телефон ва ҳам қиммати хидматрасонӣ хеле гарон буд, танҳо афроди сарватманд ба худ иҷоазаи хариданану истифодаи телефони мобилро медоданд. Минтақаи дастрасӣ ҳам танҳо шаҳрҳои бузург буд.

Аммо имрӯз тақрибан ҳама гӯшаву канори Тоҷикистон ба телефони мобил дастрасӣ дорад ва хонаводае нест, ки дар дурдасттарин деҳа телефони мобил надошта бошад. Аз кудаки мактабхон то пиру кампир. Ширкатҳои мухобироти мобилӣ низ дар кишвар наздик ба 20 адад шудааст ва пешсафи он ширкатҳо бештар аз 1 миллион муштарӣ доранд. Қиммати телефонҳои мобил ва ҳам хидматрасонии ширкатҳо ба маротиб поин рафтааст.

Дар бархе хонаводаҳо ҳатто аз истифодаи телефонҳои хонагӣ даст кашидаанд. Яъне телефони мобил ба як рукни хеле муҳими зиндагии мардуми Тоҷикистон табдил шудааст. Ва ин аст, ки ман Барот Юсуфӣ дар ин шумораи маҷаллаи «Як рӯз бо шумо» бо шумо ба саёҳати дунёи телефонҳои мобил роҳ пеш хоҳем гирифт. Ибтидо аз чанд нафар мепурсем, ки телефони мобил дар зиндагии онҳо чӣ нақше дорад.



Тавре шунидед, телефони мобил ба зиндагии мардум он қадар роҳ ёфтааст, ки ҳангоми хоб ҳатто бисёриҳо мобилро назди болишт мегузоранд ва агар касе дар ҷустуҷӯяшон шуд, аз хобашон ҳам зиёд нороҳат намешаванд.

Вале бархе мардум мегӯянд, телефони мобил барои афроде, ки дар ҳаёти хонаводагӣ ба қавле каҷравӣ доранд ва маъшуқабозанд, то ҳадде мушкил эҷод кардааст. Контроли зан аз сӯи шавҳар ва назорати шавҳар аз сӯи занро осонтар кардааст. То ҳадде муносиботи зану шавҳар шаффофтар низ шудааст.

Ва акнун боз меравем сари сӯҳбат бо мардум ва мепурсем, ки оё воқеан телефони мобил зиндагиро осонтар карда? Ва телефони мобил дар муносибати хонаводагӣ чӣ паҳлуҳои мусбату манфӣ дорад?



Агар дар мавриди манфиати телефони мобил мегӯем, шояд аз ҳар гурӯҳе бештар тоҷирон ва тиҷорат фоидаи молии телефони мобилро дарёфтаанд. Зеро афродеро медонам, ки дар се соли пеш бо имтиёзи даҳ сониягии як ширкати мобилии Тоҷикистон чанд моҳ тиҷорати худро пеш мебурданд. Пас биёед ба сӯҳбати тоҷир меравем, ки аз телефони мобил чи суде дарёфт мекунанд. Дар идома ҳамчунин сӯҳбате дорем бо намояндаи як ширкати мухобиротии Тоҷикистон:



Ба ин тартиб мешавад гуфт, ки мухобироти мобилӣ ва телефони мобил аз фанновариҳоест, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон ҳарчанд дертар аз кишварҳои рушдкарда ворид шудааст, аммо дар фурсати хеле кӯтоҳ маҳбубияти чашмгир касб кардааст.

Ва ҳамсӯҳбатонам ҳарчанд паҳлӯҳои манфии оммавӣ ва истифода шудани телефони мобилро таъкид карданд, аммо боз ам қоиланд, ки зиндагии имрӯзро бе истифода аз хадамоти телефони мобил тасаввур кардан наметавонанд. Албатта барои мо хабарнигрон низ телефони мобил ҳудудан ба 50 дарсади пешрафти кор табдил шудаааст. Хуш бошед!

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG