Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ховалинг" ё "Ховар Лэнд"?


Бостоншиносони тоҷик дар ноҳияи Ховалинг, ҷануби Тоҷикистон, бошишгоҳи одамони ҷамоаи ибтидоиро пайдо намудаанд.

Амирхон Саидзода, мудири осорхонаи таъриху кишваршиносии ноҳияи Ховалинг мегӯяд, бошишгоҳ зимни ковишҳои бостоншиносӣ дар 6-километрии маркази ноҳияи Ховалинг пайдо шудааст ва тахмин меравад, ки беш аз 200 ҳазор сол умр дорад. Ҷаноби Саидзода мегӯяд, олоти сангин ва дигар бозёфтҳо аз ин бошишгоҳ далолат бар таърихи қадим доштани ин мавзеъ менамояд: “Дар мавзеи Харгӯшон, болотар аз мазори Ҳазрати Султон, ки бо номи “Дӯстӣ” маълум аст, ёдгориҳои ҷамоаи ибтидоӣ пайдо шудааст, ки қимати бузурги илмию таърихӣ дорад.”

Ба қавли бостоншиносон, Ховалинг таърихи қадима дорад ва дар маҳалли Кӯлдараи ин мавзеъ низ ҳанӯз дар солҳои 60-70-и асри
Дар мавзеи Харгӯшон, болотар аз мазори Ҳазрати Султон, ки бо номи “Дӯстӣ” маълум аст, ёдгориҳои ҷамоаи ибтидоӣ пайдо шудааст, ки қимати бузурги илмию таърихӣ дорад.
гузашта низ чунин макон пайдо шуда буд. Ҳатто Бобоҷон Ғаффуров, таърихшиноси маъруфи тоҷик дар замони шӯравӣ, дар саҳифаҳои нахустини китоби машҳури худ “Тоҷикон” бозёфтҳои асри санг аз Ховалингро бо аксҳо дарҷ намудааст.

Аммо дар ҳоле ки як бошишгоҳи одамони ҷамоаи ибтидоӣ дар ин мавзеъ ёфт шудааст, масъулини осорохонаи ноҳия аз хароб гардидани дигар осорҳои таърихӣ изҳори ташвиш мекунанд. Амирхон Саидзода, мудири осорхонаи таъриху кишваршиносии ноҳияи Ховалинг мегӯяд, дар ҳоле, ки 5 сангтӯдаи таърихиро баҳорон об мезанад ва харобаҳои шаҳри Мунк оҳиста-оҳиста вайрон мешаванд, касе аз масъулин ҷиҳати ҳифозати онҳо таваҷҷӯҳе намекунад.

Ховалинг дар сарчашмаҳои таърихӣ ҳамчун шаҳри Мунк ёд шудааст. Бостоншиносон мегӯянд, ҳамакнун харобаҳои ин шаҳр низ дар маркази ноҳияи Ховалинг оҳиста-оҳиста пайдо мегардад.

Вожаи Ховалингро бостоншиносон Ховар Лэнд, яъне замини офтобӣ маънидод намудаанд. Феълан дар ҳудуди ин ноҳия беш аз 55 ёдгории таърихӣ сабти ном шудааст, ки аз лиҳози таърихӣ нодир ба ҳисоб мераванд. Панҷ сангтӯдаи бузург, бошишгоҳҳои одамони ҷамоаи ибтидоӣ ва асри санг, осорхонаи ба номи Восеъ аз шумули ин осори нодири таърихӣ дониста мешаванд.
XS
SM
MD
LG