Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

М. Муҳаммадиев: Барномаи давлатии рушди футбол зарур аст


Мӯҳсин Муҳаммадиев, футболбози шинохтаи тоҷик ва мудири варзишии бошгоҳи футболи «Рубин»-и Қазон
Мӯҳсин Муҳаммадиев, футболбози шинохтаи тоҷик ва мудири варзишии бошгоҳи футболи «Рубин»-и Қазон

Маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш» ба бозии дӯстонаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода ва «Локомотив»-и Маскав бахшида шудааст. Ҳамчунин меҳмони барномаи мо - Мӯҳсин Муҳаммадиев, мудири варзишии бошгоҳи футболи «Рубин»-и Қазон.

Нахуст ба шунавандагони маҷалла хабарҳои тозаи варзиши ҷаҳон пешкаш мешавад:

Бозиҳои 8-уми ҷаҳонӣ, ки дар шаҳри Гаосюни Тайван бо ширкати беш аз 3200 варзишгар аз 90 кишвари ҷаҳон тӯли 11 рӯз идома карданд, бо пирӯзии тими мунтахаби Русия ба анҷом расиданд. Варзишгарони Русия ҳамагӣ 47 медал, аз ҷумла 18 нишони тилло ба даст оварданд. Дастаи мунтахаби Итолиё бо касби 41 медал, аз ҷумла 16 нишони тилло дар ҷои дуввум қарор гирифт. Дастаи мизбон - Тайван, ки соҳиби 29 медал, аз ҷумла 14 нишони тилло шуд, ҷои севумро азони худ кард.

Дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба навъҳои обии варзиш дар пойтахти Итолиё – Рим пас аз ҷамъбасти 13 рӯзи қувваозмоиҳо дастаи мунтахаби Чин бо касби 22 медал, аз ҷумла 8 нишони тилло дар ҷои аввал мебошад.

Дар рақобатқои инфиродӣ дар сабқати шиноварӣ варзишгари машҳури амрикоӣ Майкл Фелпс дар шинои парвонӣ ё баттерфляй ба масофаи 200 метр ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфта, инчунин, бо натиҷаи 1 дақиқаю 51,51 сония рекорди нави ҷаҳонӣ гузошт.

Фестивал ё Ҷашнвораи 10-уми олимпии наврасони Аврупо дар шаҳри Тампераи Финландия хотима ёфт. Варзишгарони ҷавони қора дар риштаҳои баскетболу волейбол, ҳандбол, теннис, велосипедронӣ, шиноварӣ, варзишҳои майдонӣ, гуштии дзюдо ва гимнастика зӯрозмоӣ карданд. Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Руия бо касби 18 медали тилло, 10-нуқра ва 8- биринҷӣ ғолиб шуд.

Сипас дар ин барнома дар бораи бозии байналмилалии рафиқона байни дастаи футболи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода ва тими дуввуми «Локомотив»-и Маскав, ки 28-уми июл дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо ҳузури 20 000 тамошобин баргузор шуда, бо натиҷаи мусовии 2:2 ба анҷом расид, нақл мекунем.

Ин бозии байналмилалии рафиқона, ки бо ибтикори бошгоҳҳои футболи «Регар» ТадАЗ ва «Локомотив», кӯмаки молии сарпарасти «Регар» - ТАЛКО (Ширкати алюминии тоҷик), инчунин, дастгирии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва Федератсияи футболи кишвар доир шуд, ба иди футбол табдил ёфт.

Хабарнигори Радиои Озодӣ бо собиқ бозигари машҳури «Помир», ҳамлагар Мӯҳсин Муҳаммадиев, ки дар айни ҳол мудири варзишии бошгоҳи футболи «Рубин»-и Қазон мебошад ва барои тамошои ин бозии дӯстона ба Душанбе омада буд, ҳамсӯҳбат шуд.

"Ман се соли ахир дар Душанбе набудам", мегӯяд Мӯҳсин Муҳаммадиев, "зеро хеле серкор будам ва ин ба ман имкон намедод, ки ба зодгоҳам - шаҳри Душанбе биёям. Бинобар ин хеле пазмон шуда будам. Ба шарофати ин бозӣ, ки маро ба тамошои он даъват карданд, ба ман муяссар шуд, хешовандону дӯстонамро бубинам. Инчунин қабри волидайнамро зиёрат кардам. Раҳбарони бошгоҳи футболи «Рубин»-и Қазон барои сафари Душанбе ба ман танҳо ду рӯз рухсат доданд, зеро ки бозии навбатии мо бо «Спартак»-и Налчик 31-уми июл баргузор мешавад. Хеле хушнудам, ки мо, собиқадорони футболи тоҷикро, дар Варзишгоҳи марказӣ самимона истиқбол карданд. Дар варзишгоҳ, ки пур аз тамошобинон буд, бисёр наздикону ошноҳоямро дидам ва аз ин дучанд хурсанд шудам".

Мӯҳсин Муҳаммадиев, ҳамчунин, аз он изҳори хурсандӣ кард, ки шаҳри Душанбе сол то сол зебо мешавад. Вай гуфт,
«мо ҳамаамон шаҳрро саросар чарх задем ва гузаштаро ба ёд овардем. Он чиз боиси хушнудист, ки дар ҳар як сафари худ ман пешравиҳои зиёдро эҳсос мекунам. Ва худо кунад, ки шаҳри мо дар Осиёи Миёна яке аз шаҳрҳои пешсаф шавад».

Мӯҳсин Муҳаммадиев дар бораи вазъи кунунии футболи тоҷик чунин ибрози назар кард. Ӯ гуфт, «ҳарчанд ин зиддунақиз аст, дар Тоҷикистон футбол зинда аст, эҳё мешавад. Зеро ки ҳоло бисёр шогирдони футболи тоҷик дар дастаҳои Русия – ССКА, «Локомотив», «Рубин» ва «Сатурн» бозӣ мекунанд. Ман аминам, ки минбаъд теъдоди дастпарварони мо боз ҳам меафзояд. Охир, футболи тоҷик дар замони шӯравӣ рушд ёфта буд ва дар ҷои охир қарор надошт».

Мӯҳсин Муҳаммадиев мегӯяд, Тоҷикистон имкон дорад дар риштаи футбол ба мисли Бразилия маъруф шавад:
«Табиати Тоҷикистон имкон медиҳад, ки тамоми сол ба футбол машғул шавем, иқлими мусоид дорем, вале, мутаассифона бисёр майдонҳои футболи мамлакат барои тамрину бозии футбол созгор нестанд. Футбол дар Тоҷикистон ҳамчун риштаи аввали варзиш эътироф шудааст. Аз ин хотир футбол бояд ба ғамхорӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи давлат фаро гирифта, ҳамеша дар маркази диққати ҳукумати ҷумҳурӣ қарор бигирад. Ба назари ман таҳияи як барномаи вижаи давлатии рушди футбол дар кишвар барои 5-10 соли наздик зарур аст. Дар ин кор мо бояд аз кишварҳои ҳамсоя, бахусус, Узбакистон, ибрат бигирем. Солҳои ахир дар ин ҷумҳурӣ ба рушди футбол таваҷҷӯҳи раҳбарони воломақоми кишвар хеле зиёд шудааст ва, ба назари ман, солҳои оянда дастаҳои футболи Узбакистон дар миқёси ҷаҳон маъруф хоҳанд шуд».

Ба андешаи Мӯҳсин Муҳаммадиев тими миллии футболи Тоҷикистон ба ҷуз ширкат дар мусобиқоти расмӣ, бояд ҳар сол камаш 4-5 бозии санҷишӣ бо тимҳои қавии кишварҳои дигар анҷом бидиҳад. Ӯ мегӯяд, «дастаи миллии кишвар аввалан бояд база ё урдугоҳи хуби замонавии таълимию тамринӣ дошта, баъдан аз ҷиҳати моддию молиявӣ комилан таъмин бошад».

Мӯҳсин Муҳаммадиев аз вазъи ногувори мактабҳои футболи кишвар изҳори нигаронӣ карда, гуфт, «дар бораи футболи касбӣ сухан ронда, мо бояд фаромӯш насозем, ки таҳкурсии он футболи кӯдакону наврасон маҳсуб мешавад. Аз ин хотир мо бояд ба рушди футбол байни кӯдакону наврасон таваҷҷӯҳи бештар зоҳир карда, ба эҳёи мактабҳои махсуси футбол, ки дар даврони шӯравӣ хеле хуб фаъолият доштанд, аҳамияти аввалиндараҷа бидиҳем. Вале боиси таассуф аст, чунин мактабҳо, ки теъдодашон дар ҷумҳурӣ хеле коҳиш ёфтааст, дар вазъи ногувор қарор доранд».

Ба назари Мӯҳсин Муҳаммадиев масъалаҳои ҳалталаб дар футболи тоҷик хеле зиёданд, вале масъалаи аз ҳама асосӣ сармоягузорист. Танҳо баъди ҳалли он дар бораи ҳамаи масоили дигар ҳарф задан мумкин аст.

Маълумотномаи мо: Мӯҳсин Муҳаммадиев 21-уми июли соли 1966 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Вай Устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ оид ба футбол аст. Cоли 1985 ба дастаи машҳури «Помир»-и Душанбе даъват шуда, дар ҳайати он дар лигаи якум 125 бозӣ карда, 48 гол задааст. Ӯ соли 1988 бо Александр Никитин, ҳамлагари «Ротор»-и Волгоград беҳтарин нишонзани лигаи якум эътироф шуда, соҳиби ҷоизаи рӯзномаи «Комсомолец Таджикистана» гаштааст (22 гол). Вай солҳои 1989-91 дар ҳайати «Помир» дар лигаи олӣ бозӣ карда, аз ҳама бештар - 22 гол задааст.
Ӯ хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон (1987) мебошад. Пеш аз «Помир» дар ҳайати «Пахтакор»-и Қӯрғонтеппа (1983-85) ҳунарнамоӣ кардааст. Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар дастаҳои футболи чаҳор кишвар – Русия, Туркия, Австрия ва Узбакистон бозӣ кардааст: «Локомотив», Москва (1992-93), «Локомотив», Нижний Новгород (1996-97), «Аустрия», Вена (1997-98), «Торпедо», Москва (1998), «Бухоро», Бухоро (1999), «Шинник», Ярославл (1999), «Динамо», Самарқанд (2000-2001), «Витяз», Подолск (2003).
Мӯҳсин Муҳаммадиев барандаи медали хурди тиллои чемпионати СССР байни дастаҳои лигаи якум (1988), қаҳрамони футболи Федератсияи Русия (1995), барандаи медалҳои нуқраю биринҷӣ ва Ҷоми Русия дар ҳайати дастаҳои футболи шаҳри Маскав мебошад.
Соли 2005 Мактаби олии мураббиёни Маскавро хатм кардааст. Панҷ сол (2003-2008) дар дастаи дивизиони аввали футболи Русия - «Витяз»-и Подолски вилояти Маскав ба ҳайси мураббӣ ва сармураббӣ ифои вазифа намудааст.
Мӯҳсин Муҳаммадиев аз моҳи июли соли 2008 мудири варзишии бошгоҳи футболи «Рубин»-и шаҳри Қазони Тотористон, дастаи қаҳрамони Русия мебошад.
Мӯҳсин Муҳаммадиев 17 сол инҷониб дар шаҳри Маскав ба сар мебарад. Оиладор аст. Ҳамсараш Моҳира табиб, собиқ узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба чавгонбозист. Се духтар дорад: Маҳбуба - 17-сола, Муслима - 15-сола, Марям - 4-сола.


Барои шунидани барнома ишораи аудио дар тарафи рости болои саҳифаро пахш кунед.
XS
SM
MD
LG