Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Талошҳои нави Амрико дар Ховари Миёна


Роберт Гейтс, вазири дифоъи Амрико

Роберт Гейтс, вазири дифоъи Амрико

Ҳамзамон ду фиристодаи Иёлоти Муттаҳида барои баррасии сулҳи Ховари Миёна ва барномаи ҳастаии Эрон ба минтақа сафар кардаанд.

Вазири дифоъи Иёлоти Муттаҳида, Роберт Гейтс, ки ба кишварҳои Ховари Миёна сафар кардааст, баъд аз гуфтушунид бо вазири дифоъи Исроил, Эҳуд Барак гуфт, Иёлоти Муттаҳида умедвор аст, ки Теҳрон то тирамоҳи имсол ба пешниҳоди муколама рӯйи барномаи ҳастаии Эрон посух хоҳад дод.

Барак, дар навбати худ гуфт, Исроил хостори талошҳои дастаҷамъона ва ҳамоҳангшудаи байнулмилалӣ дар пешгирӣ аз дастёфти Теҳрон ба силоҳи ҳастаист. Эрон барномаи ҳастаии худро сулҳомез меномад ва эҳтимоли талошҳоро ба сохтани силоҳи ҳастаӣ рад мекунад.

Гейтс қарор аст, инчунин бо сарвазири Исроил, Бенямин Нетаняҳу, низ мулоқот кунад. Сафари ӯ дар ҳоле ба вуқӯъ мепайвандад, ки фиристодаи вижаи Иёлоти Муттаҳида Ҷорҷ Митчелл низ барои эҳёи гуфтушуниди сулҳ ба ин минтақа сафар кардааст.

Нимаи аввали имрӯз, Митчелл дар Қоҳира бо раисиҷумҳури Миср, Ҳуснӣ Муборак, вохӯрд ва акнун қарор аст, бо раҳбари фаластиниҳо, Маҳмуд Аббос ва сарвазири Исроил Нетаняҳу низ мулоқот кунад.
XS
SM
MD
LG