Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақибони Тоҷикистон муайян шуданд


Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бар асоси қуръакашӣ, ки дар пойтахти Малайзиё – шаҳри Куала-Лумпур доир шуд, дар сабқати интихобии Ҷоми Осиё-2010 дар гурӯҳи «G» бо дастаҳои Афғонистон, Қирғизистон ва Туркманистон бозӣ хоҳад кард.

Бозиҳои ин гурӯҳ моҳи ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Куала-Лумпур баргузор мешаванд.

Тими мунтахаби футзали Эрон (қаҳрамони феълии Осиё), дастаи Тайланд (барандаи медали нуқра), мунтахаби Ҷопон (барандаи медали биринҷии сабқати қитъавӣ) ва дастаи мизбон - Узбакистон бидуни ширкат дар сабқати интихобӣ ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд.

Дастаҳои дигари ширкаткунандаи сабқати ниҳоии Ҷоми Осиё-2010, ки моҳи майи соли оянда дар шаҳри Тошканд баргузор мешавад, аз рӯи натоиҷи бозиҳои интихобӣ муайян хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG