Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон: Моҷаро дар интихоботи президентӣ


Ду номзади интихоботи президентии Қирғизистон дар рӯзи раъйдиҳӣ аз идомаи сабқат даст кашиданд.

Дамир Лисовский, раиси комиссияи марказии интихобот ва баргузории референдумҳои Қирғизистон, соати 15-00 ба вақти Бишкек эълон кард, ки дастикам 62 дарсади раъйдиҳандагон ба ҳавзаҳои интихоботии кишвараш ҳозир шуданд ва ӯ интихоботи президентиро баргузоршуда мехонад.

Вале Алмосбек Атамбоев, номзади ягона аз мухолифони Боқиев ва Женишбек Назаралиев дар муқобили ин эълони Лисовский гуфтанд, ки интихоботи президентӣ ғайриқонунӣ сурат мегирад ва натиҷаҳои он ғайри қобили эътироф хоҳад буд.

Ба таъкиди оқои Атамбоев вай ба далели ин қонуншиканиҳо тасмим гирифт, ки аз ширкат дар интихоботи президентӣ даст кашад.

Ин дар ҳолест, ки Дамир Лисовский гуфт, мувофиқи қонуни интихобот ва баргузории референдумҳои Қирғизистон номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ фақат се рӯз то баргузории маъракаи раъйдиҳӣ ҳақ дорад, ки аз идомаи муборизаро мутаваққиф созад.

Ба гуфтаи Дамир Лисовский тарафдорони боқимондаи Алмосбек Атамбоев метавонанд ба ҳавзаҳои интихоботӣ ҳозир шаванд ва ба тарафдории вай овоз диҳанд.

Гуфта шуд, ки дар ҷараёни раъйдиҳӣ пас гирифтани номзад комилан мамнӯъ аст.

Дар ҳамин ҳол Алмосбек Атамбоев мегӯяд, консерте, ки ваъда карда буд, шояд ба тазоҳурот табдил ёбад.

Интихобот президентӣ дар Қирғизистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:50 0:00

XS
SM
MD
LG