Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷойгоҳи забони қазоқӣ дар Қазоқистон


Қазоқистон аз ҷумлаи он кишварҳоест, ки дар даврони шӯравӣ зери таъсири шадиди фарҳанги русӣ монда буд ва забони қазоқӣ низ дар ҷумҳурӣ дар ҳоли душвор қарор дошт.

Тавре Сафар Абдулло-- донишманди тоҷики муқими Қазоқистон, ки раиси Маркази мутолиоти фарҳанги Осиёи марказӣ ва Эрон асту беш аз 16 сол дар ин кишвар ба сар мебарад, мегӯяд, дар ин ҷо то нимаи солҳои 80- и садаи гузашта шумораи қазоқҳо хеле кам, яъне тақрибан то 35 дарсадро ташкил медод.

Ин дар ҳолест, ки дар ин ҷумҳурӣ ба ҷузъ русу қазоқ боз намояндагони беш аз 120 қавму миллат ба сар мебаранд ва забони асосии расмӣ ва муошират забони русӣ буд. Дар шаҳрҳо мактабҳои қазоқӣ ангуштшумор буданд ва дар бузургтарин шаҳри кишвар Алмаато танҳо як мактаби таҳсилоти ҳамагонии қазоқӣ фаъолият мекард. Дар натиҷа, шумораи зиёди мардуми қазоқ забони модарии хешро фаромӯш карда буданд.

Аз ин хотир, ба гуфтаи Сафар Абдулло, баъди касби истиқлолият яке аз вазифаҳои муҳимтарини ин кишвар рушди забон ва фарҳанги миллӣ ҳисоб меёфт. Донишманди тоҷик мегӯяд, «қазоқҳо дар замони шӯравӣ, мутаассифона, аз назари забон хеле чизҳоро аз даст дода буданд.Аз ин хотир табиӣ буд, ки онҳо ба фарҳанг ва он чи ки миллист, таваҷҷӯҳи бештаре зоҳир карданд. Давлат дар ин замина бисёр корҳои муҳимро анҷом дод. Аввалан, барои тадриси забони қазоқӣ барои ақвоме, ки забони қазоқӣ намедонанд, дар муассисаҳо давраҳои омӯзишии ройгон баргузор кард. Баъдан, муҳимтарин чиз интишороти фаровон ба забони қазоқист. Дар шаҳри Алмаато ҳадди ақал садҳо китобфурӯшӣ ҳаст ва танҳо дар назди Иттиҳоди нависандагон ду рӯзномаи бисёр ҷолибе нашр мегардад бо теъдоди 15 – 20 ҳазор. Якеаш «Қазоқ адабиётӣ» ва дигараш «Қазоқ айдини». Ҳамчунин ду –се маҷаллаи адабӣ ҳаст, ки ба забони қазоқӣ интишор мешаванд. Теъдоди зиёди китобҳо ба забони қазоқӣ ба табъ мерасад ва давлат аз ин кор ҳимоят мекунад ва нависандагон ҳаққуззаҳма мегиранд. Ҳамчунин давлати Қазоқистон бо номи «Мероси фарҳангӣ» барномаи чандинсола дорад, ки аслан беназир аст. Тибқи ин барнома барои ин ки адабиёти ҷаҳон ва беҳтарин осори фалсафӣ ба забони қазоқӣ тарҷума ва ҳамчунин ҳарчӣ миллист, тақвият шавад, маблағҳои ҳангуфте ҷудо карда шудааст . Ҳарсол ба забони қазоқӣ чандин филмҳо таҳия мешавад ва дар кишвар ҳудуди 15- 16 шабакаи телевизионӣ ҳаст.Аз ин лиҳоз мо, бидуни тардид бигӯем, ки забони қазоқӣ дар солҳои истиқлоли Қазоқистон хеле рушд кард ва ин барои ҳар кас рӯшан аст».

Аз сӯи дигар, тавре аҳли назар таъкид мекунанд, Қазоқистон кӯшиш кард, ки ҳам забони давлатиро рушд диҳаду ҳам забони русиро чун забони расмӣ нигоҳ дорад. Ҳамчунин ҳукумат барои бозгашти қазоқҳои хориҷӣ ба ватани обоиашон мусоидат намуд ва онҳо низ барои зиёд шудани шумораи қазоқҳо дар кишвар ва ба андозае мавқеъ пайдо кардани забони қазоқӣ ёрӣ расониданд. Дар натиҷа, тибқи омори соли 1999 қазоқҳо беш аз 50 дарсади аҳолии кишварро ташкил карданд. Ҳоло бошад, беш аз 60 дарсади аҳолии Қазоқистон қазоқҳоанд ва рушди забони қазоқиро алъон метавон дар ҳама ҷо мушоҳида намуд.

Ин нуктаро муҳоҷирони тоҷик , ки шумораашон дар Қазоқистон беш аз даҳҳо ҳазор аст, низ таъйид мекунанд. Лочин Муҳаммадҷонов, ки аз соли 1995 ба ин тараф дар Қазоқистон кору фаъолият мекунад, мегӯяд, «мо вақте ба Алмаато омадем, дар оғоз мекӯшидем, ки забони русиро биомӯзем. Зеро ҳама бо ин забон гуфтугӯ мекарданд ва забони қазоқӣ дар кӯчаву бозор хеле кам истифода мешуд.Вале ҳоло вазъ дигар шудааст. Мо дар бозор савдо мекунем ва қазоқҳо меоянд ва чун мо ба русӣ гап занем, мегӯянд, ки ба забони қазоқӣ гап занед. Мо кӯшиш мекунем ва каму беш ба қазоқӣ сӯҳбат мекунем. Дар телевизион барномаҳои ахбору намоиши филмҳо низ бештар ба забони қазоқист ва агар филм ба забони русӣ намоиш дода шавад, ҳатман дар зер тарҷумаашро менависанд».

Ба гуфтаи Лочин, ҳоло бештари муҳоҷирони тоҷик мекӯшанд, ки забони қазоқиро биомӯзанд, зеро зарурати донистани забони давлатӣ дар ҳама ҷо эҳсос мегардад ва алъон тақрибан 50 дарсади муҳоҷирони тоҷик забони қазоқиро медонанд.

Тибқи омори расмӣ шумораи мактабҳои қазоқӣ низ дар кишвар ҳоло хеле зиёд шудааст ва он беш аз мактабҳои русӣ ва макотиб ба забонҳои дигар қавмҳои кишвар аст.

Ба гуфтаи Валихон Қалижон -- депутати Маҷлиси парлумони кишвар ҳоло ҳам дар Маҷлис ва ҳам дар ҷаласаҳои ҳукумативу давлатӣ ва байналмилалӣ бештар аз забони давлатӣ истифода мекунанд.Дар кишвар ҳатто баъзе ҷаласаҳои бонуфузи байналмилалӣ фақат бо ду забон англисӣ ва қазоқӣ гузаронида шуданд. Вале оқои Қалижон изҳор мекунад, ки то ҳол низ дар рушди забони давлатӣ мушкилот кам нестанд. Алъон низ аз ҷониби ҳукумат бештари лоиҳаҳои қонун на ба забони қазоқӣ, балки ба забони русӣ омода мегарданд. Соли равон, ба гуфтаи депутат, танҳо ду лоиҳа ба парлумон бо забони давлатӣ пешниҳод гардид. Бар илова, меафзояд ӯ, анқариб 4 миллион қазоқҳо забони модариашонро чандон хуб намедонанд ва ҳукумат барои ба асли хеш баргаштани онҳо яъне омӯхтани забони қазоқӣ ёрӣ мерасонад.

Аз сӯи дигар давлат алъон дар назди мардуми кишвар вазифа гузоштааст, ки бояд ҳар кас се забон, яъне қазоқӣ-- забони давлатӣ, русӣ-- забони расмӣ ва забони англисӣ-- забони илм ва фанновариҳои навинро бидонад. Аз ин лиҳоз дар кишвар шумораи мардуми ғайриқазоқ, ки забони давлатиро фаро гирифтаанд, сол то сол бештар мегардад ва ҳоло дар шабакаҳои телевизионии кишвар баъзе ҷавонони русро мебинед, ки бо забони қазоқӣ гӯяндагӣ мекунанд.

Аз сӯи дигар ағлаби қазоқҳо, ки дар ниҳодҳои давлатӣ кор мекунанд, тавре Сафар Абдулло изҳор мекунад, ба ҷуз забони давлатӣ бо забонҳои русиву англисӣ ва дигар забонҳо озодона сӯҳбат мекунанд. Донишманд мегӯяд, «дар давлати Қазоқистон як нафар вазир ва ё муовини вазирро намебинед, ки дар баробари ду забони расмии кишвар—қазоқӣ ва русӣ забони англисӣ надонад, куллан медонанд. Ҳатто нахуствазир оғои Карим Масимов бо панҷ –шаш забон сӯҳбат мекунад. Раиси Сенати Қазоқистон оғои Қосимҷомарт Тоқоев бо панҷ -шаш забон на танҳо сӯҳбат мекунад, балки бо он забонҳо навишта ҳам метавонад. Ӯ ба ҷуз русиву қазоқӣ бисёр дақиқ забони англисӣ, чинӣ ва фаронсавӣ медонад».

Ҳамсӯҳбатони мо бар ин боваранд, ки минбаъд низ забони давлатӣ дар Қазоқистон рушд мекунад ва имкон дорад баъди чанд соли дигар дар бисёр муассисоти давлатӣ коргузорӣ пурра ба ин забон сурат бигирад. Зеро тавре депутат Валиҷон Қалижон мегӯяд, ҳар сол ба кишвар даҳҳо ҳазор қазоқҳо аз кишварҳои хориҷӣ меоянд ва алъон шумораи қазоқҳои омада ба анқариб 1 миллион расидааст. Баъди чанд сол бошад, шумораи қазоқҳо дар кишвар аз 60 дарсади имрӯза имкон дорад ба 70 дарсад ва ҳатто аз он ҳам бештар бирасад . Аз сӯи дигар ҳукумат ба рушди забони давлатӣ сол то сол маблағҳои ҳангуфте тавзеъ мекунад.

Дар ҳамин ҳол, аҳли назар таъкид мекунанд, ки давлат ба тақвияти забонҳои дигари кишвар, аз ҷумла забон ва фарҳанги ақаллиятҳои миллӣ низ мусоидат мекунад. Алъон дар Қазоқистон ба ҷузъ забонҳои давлативу русӣ боз ба забонҳои уйғурӣ, ӯзбакӣ, тоҷикӣ , немисӣ ва дигар забонҳо мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ фаъолият мекунанд ва ба бештари ин забонҳо рӯзномаву маҷаллаҳо ба нашр мерасанду театрҳо боз гардидаанд. Аз ҷумла, фарзандони тоҷик дар 11 мактаби тоҷикӣ ва омехтаи вилояти Қазоқистони ҷанубӣ ба забони модариашон таҳсил доранд.
XS
SM
MD
LG