Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Президент Обама гуфт, ҳамагӣ чанд рӯз пеш аз махфӣ мондани ҷинояти афроди Абдулрашиди Дӯстум дар моҳи ноябри соли 2001 огоҳ шудааст.

Дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии СNN, Обама хабар дод, ки аз ниҳоди амнияти миллии кишвар хостааст то дар бораи ин парвандаҳо барои ӯ маълумоти муфассал пешкаш намояд. Раисиҷумҳури Амрико афзуд, ки баъд аз омӯхтани тамоми асноди ҷамъоваришуда, дар бораи зарурати таҳқиқи муфассали ин парванда тасмим хоҳад гирифт.

Вай гуфт: “Масъулиятҳое ҳастанд, ки тамоми миллатҳо, ҳатто дар замони ҷанг, бояд онҳоро иҷро кунанд. Ва агар маълум шавад, ки рафтори мо дар ин ё он сурат ба нақзи қонуни ҷанг мусоидат кардааст, пас, аз нигоҳи ман, мо бояд инро бидонем.”

Изҳороти Барак Обама дар вокуниш ба матлаби рузномаи “Ню Йорк Таймс” садо дод – ба навиштаи рӯзнома, ҳукумати Ҷорҷ Буш чанд
Ин ошкорост, ки дар ин ҷо ҷинояти бузург анҷом шудааст. Шумораи зиёди маҳбусони ҷанг ба қатл расонида шуд...
бор аз таҳқиқи кушторҳои Шибурғон ҷилавгирӣ кард. Сабаби чунин рафтори маъмурияти пешини Кохи сафед марбут ба он буд, ки Дӯстум аз Маркази кашфи Амрико ё Си Ай Эй (CIA) маош мегирифт ва размандагонаш бо неруҳои aмрикоӣ бар мубориза бо Толибон ҳамкории наздик доштанд.

Полковник Патрик Райдер, масъули равобити Пентагон бо матбуъот ба радиои Озодӣ гуфт, ки вазорати дифоъ он ҳодисаро баррасӣ намуда ягон далели ширкати низомиёни амрикоиро кашф накардааст. Ӯ афзуд, ки сарбозони ИМ дар он ҷо ҳузур надоштанд, чизеро надиданд ва дар бораи ин ҳодиса иттилое надоштанд. Ба гуфтаи ӯ, вазорати дифоъ амри раисиҷумҳурро иҷро намуда тамоми маълумоти мавҷударо дар бораи ин ҳодиса гирдиҳам овардааст.

"Ню Йорк Таймс" навиштааст, маъмурияти Ҷорҷ Буш аз он нигарон буд, ки таҳқиқи ҷиноятҳои ҷангӣ метавонад ба ҳимояти ҳукумати раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай халал ворид кунад.

Генерал Абдулрашиди Дӯстум, яке аз ҳампаймони калидии Эътилофи шимоли Афғонистон, дертар дар вазорати дифоъи ҳукумати давраи гузариши Карзай мақоми баландро соҳиб шуда буд.

Шурӯъ аз соли гузашта Дӯстум дар Туркия дар ҳиҷрат ба сар мебарад, аммо иттиҳомот дар анҷоми ҷиноятҳои ҷанги дар Шибирғон баъди он дубора аҳамият пайдо карданд, ки Карзай ин генерали узбакро дубора дар мақомаш дар вазорати дифоъи кишвар барқарор намуд.

Нодир Нодирӣ узви комиссияи мустақили ҳуқуқи башари Афғонистон ба радиои Озодӣ гуфт, ягон шубҳае нест, ки соли 2001 дар Шибирғон ҷинояти ҷиддии ҷангӣ содир шудааст:

“Ин ошкорост, ки дар ин ҷо ҷинояти бузург анҷом шудааст. Шумораи зиёди маҳбусони ҷанг ба қатл расонида шуд. Ҷасади онҳо ошкор гашт. Таҳқиқоти муқаддамотӣ содир шудани ҷиноятро тасдиқ кард. Дар ин бора ягон шубҳа нест. Дуввумин нуктаи муҳимми ин таҳқиқот - ин мушаххас намудани ашхосест, ки дар анҷоми ин ҷиноят ширкат намуданд. Дар даст доштан баъзе афғонҳо муттаҳам мешаванд. Гуфта мешавад, ки нерӯҳои Амрико дар наздикии макони ҳодиса мустақар буданд ва мешавад гумон кард ки онҳо низ ҳамдастӣ доштанд. Таҳқиқи ҳаддалимкони ин парванда барои ба даст овардани боварии мардуми Афғонистон ва бунёди эътимод миёни омма ва ҳукумати Афғонистон басо муҳим аст.”

Гуфта мешавад, тақрибан 2 ҳазор ҷангандаи Толибон баъди таслим ба размандагони Дустум дар контейнерҳои оҳанин ба ҳалокат расиданд. Тибқи хабарҳо, онҳоро ба маҳбас дар канори шаҳри Шибирғон оварда, дар тули се руз обу ғизо надоданд. Шоҳидон мегӯянд, онҳоеро, ки аз гуруснагиву нарасидани об намурданд, посбонон бо тири туфангҳо ба қатл расонданд.

Ҳомиёни ҳуқуқ, чун Дидбони ҳуқуқи башар, Афви Байнулмилал ва Пизишкон барои ҳуқуқи башар изҳори умедворӣ намуданд, ки таваҷҷӯҳи зоҳиршуда ба кушторҳои Шибирғон Вошингтонро барои тайғири сиёсаташ дар Афғонистон водор мекунад ва акнун Кохи сафед ба ҷиноятҳои ҷангии қаблан аз сӯи мақомдорони ҳукумати Карзай содиршуда чашм нахоҳад пӯшонд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG