Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Узбакистон гуфтааст, ба таъсиси пойгоҳи нави Русия дар қаламрави кишварҳои ҳамҷавораш, дар ин маврид -- Қирғизистон қатъиян мухолиф аст.

Тибқи созише, ки дар мулоқоти раисиҷумҳури Қирғизистон, Қурманбек Боқиев бо ноиби сарвазири Русия, Игор Сечин ва вазири дифоъи Русия Анатолий Сердюков ҳафтаи гузашта ҳосил шудааст, пойгоҳи нав, қарор аст, дар шаҳри Уш ё вилояти Бодканди Қирғизистон таъcис ёбад. Уш дар саргаҳи водии Фарғона ва Бодканд дар марзи ноҳияи Исфараи Тоҷикистон воқеъанд.
Узбакистон як эҳтимолро мефаҳмад, ки мумкин аст, ҳолате мешаваду Русия ба тарафдори Қирғизистон ё Тоҷикистон табдил меёбад...

Ҳарчанд бархе аз манбаъҳо мегӯянд, танҳо эҳтимоли таъсиси чунин пойгоҳ баррасӣ шудааст, як намояндаи аршади ҳукумати Қирғизистон рӯзи ҷумъа ба хабаргузории Франс Пресс гуфт, ризоияти комили тарафҳо дар ин бора ба даст омад.

Ба гуфтаи ин манбаъ, пойгоҳи нав барои Нерӯҳои вокуниши сареъи Паймони амнияти дастаҷамъӣ сохта хоҳад шуд. Аммо аксари нашрияҳо онро пойгоҳи дувуми Русия меноманд.

То ҳол Русия дар Кант як пойгоҳи нерӯҳои ҳавоӣ дорад ва Амрико дар Манас, пойгоҳи кӯмакрасон ба нерӯҳои эътилоф дар Афғонистон.

Ноиби вазири умури хориҷии Амрико, Вилям Бурнс, ки ҳоло ба давлатҳои Осиёи Марказӣ сафар дорад, дар Бишкек гуфт, кишвараш ба таъсиси чунин пойгоҳ мухолиф нест ва онро "қадаме дар таҳкими соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва амнияти Қирғизистон" мешуморад.

Қирғизистон дар ҳоле ба таъсиси пойгоҳи нав ризоият медиҳад, ки пас аз як баҳси қариб панҷмоҳа ва баъд аз эълонҳои пусарусадои ихроҷи пойгоҳи Амрико, ба идомаи кори он дар "Манас", наздикии Бишкек, иҷозат дод.

Нашрияи "Коммерсант", чопи Маскав менависад, талоши Русия ба боз кардани пойгоҳи нав ба сари худ посухест ба муваффақияти Амрико дар робита ба Манас. Аммо Андрей Грозин, корманди Пажӯҳишгоҳи Ҷомеаи кишварҳои муштаракулманофеъ дар Маскав, мегӯяд, ба ақидаи вай Русия ва Амрико дар мулоқоти президентҳо Обама ва Медведев дар робита ба амнияти Осиёи Марказӣ ва интиқоли нерӯву муҳимоти Амрико ба Афғонистон як ҳалли васатро пайдо кардаанд ва ин ҳаракати Маскав аз рӯйи хусумат ба Вошингтон нест.

Ҷаноби Грозин ду далел меорад, ки "аввалан пойгоҳи нав на лузуман моли Русия хоҳад буд, балки ба кишварҳои Паймони амнияти дастаҷамъӣ тааллуқ хоҳад дошт ва сониян он на пойгоҳи мукаммали фаразан шабеҳи пойгоҳи Амрико дар Баграм, балки бештар як маркази пайгирӣ, иктишоф ва ҳамоҳангии аъзои ин паймон хоҳад буд."

Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази омӯзишҳои стартегии назди раёсатҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, назари Душанбе ба пойгоҳи нав низ ба эҳтимоли қавӣ мусбат хоҳад буд. Созишномаи таъсиси нерӯҳои вокуниши сареъ дар Паймони амнияти дастаҷамъиро Тоҷикистон ҳамроҳ бо Русия, Арманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон як моҳ пеш дар Маскав имзо кард, аммо Узбакистон ва Беларус ба ин қарордод шарик нашуданд. Ба ақидаи ҷаноби Сафаров то рафт муташанниҷ шудани вазъи минтақа сабаби иқдомоти амалӣ гаштааст:

Дар воқеъ аз охирҳои моҳи апрел нишонаҳои ташаннуҷи авзоъ беш аз ҳама дар Узбакистон ба мушоҳида расидаанд, аммо Тошканд гуфтааст, ба таъсиси пойгоҳи нав дар ҳамсоякишвари худ қатъиян мухолиф аст.

Сабаби ин мавзеъгирии Узбакистонро Санавбар Шерматова, узви Шӯрои коршиносони бунгоҳи хабарии "Новости"- и Русия, дар ҳароси Тошканд аз тағйири таносуби нерӯҳо дар минтақа мебинад.

Вай гуфт: "Узбакистон як эҳтимолро мефаҳмад, ки мумкин аст, ҳолате мешаваду Русия ба тарафдори Қирғизистон ё Тоҷикистон табдил меёбад. Он гоҳ Қазоқистон ҳам аз он пайравӣ хоҳад кард ва масъалаи Туркманистон дигар аст ва дар он сурат Узбакистон дар минптақа танҳо мемонад ва ин ҳолат боиси заъфи мавқеъи он дар минтақа мешавад. Бино бар ин Тошканд аз ҳифзи таносуби мавҷуди қувваҳо дар минтақа ҳимоят мекунад."

Раиси Анҷумани миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон, Абдуғанӣ Муҳаммадазимов ҳам тарҳи таъсиси пойгоҳи нав ва ҳам мухолифати Узбакистонро ба бозиҳои геополитикӣ дар минтақа ва талошҳои Маскав ба ҳифзи нуфузаш бастагӣ медиҳад: "Бештар ин гуна ба назар мерасад, ки Русия мехоҳад, кишварҳои шӯравии собиқро акнун бо тарзи нав, афзоиши нерӯи ҳарбӣ дар онҳо сарҷамъ нигоҳ дорад."

Ҳамзамон, ҷаноби Муҳаммадазимов инро ҳам эътироф мекунад, ки водии сераҳолӣ ва сермушкилоти Фарғона ҳамеша метавонад, ба як манбаъи хатар табдил ёфта, амнияти минтақаро зери таҳдид қарор диҳад ва зарурати омодагӣ ба ҳама гуна рушди падидаҳо зарур аст, аммо тамоми тасмимҳо бояд бо назардошти манофеъ ва мавзеъгирии ҳамаи кишварҳои минтақа гирифта шаванд.

Вале ба ақидаи Константин Сивков, ноиби раиси Академияи масъалаҳои геополитикии Русия, "бо чунин тасмим Русия амалан вазифаи таъмини амнияти давлатҳои Осиёи Марказиро зимни усули созишномаи амнияти дастаҷамъӣ бар дӯши худ гирифт. Ба он сабаб ки кишварҳои минтақа барои Русия нақш ва аҳамияти аввалиндараҷа касб кардаанд."

Қарор аст, дар пойгоҳи нав аз 1000 то 5 000 сарбоз мустақар шавад, вале дар ҳолатҳои фавқулода ин теъдод мумкин аст, чанд баробар афзоиш ёбад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG