Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсиси коллеҷи муҳандисӣ


Дар шахри Роғун барои аввлин бор коллеҷи муҳандисии техникӣ таъсис дода шуд.

Ин коллеҷ тибқи як қарори хукумати Тоҷикистон, бояд эҳтиёҷоти нерӯгоҳи барқи обии Роғунро бо мутахассисони гуногунсоҳа бароварда бисозад.

Ҷурахон Мусоев, мудири ин коллеҷ, ба родиои Озодӣ гуфт, соли равон аз рӯи 6 ихтисос дар бахшҳои ғоибонаву рӯзона беш аз 230 нафар таҳсил хохад кард. Вай афзуд, донишомӯзон дар бахшҳои рӯзона ба тариқи буҷавӣ, шартномавӣ ва ғоибона таҳсил хоҳанд кард.

Ин ҳам дар ҳолест, ки зимни сафари ахире, ки мо ба нерӯгохи Роғун доштем, ин ҷо дар аксари бахшҳои сохтмони афроди куҳансол бо собиқаи 20-30-солаи корӣ фаъолият мекардаанд.

Аммо Маъбур Абдулов, як корманди нерӯгоҳ, ки умри ӯ аз 70 гузаштааст, гуфт нерӯгоҳи Роғун имрӯз ба мутахассисони варзида ниёз дорад. Вай гуфт, ҳарчанд ба синни бознишастагӣ расидааст, ҳузури худро дар тарбияи ҷавононе, ки паҳлӯи ӯ кор мекардаанд, зарур медонад.

Ва дар ҳамин ҳол масъули идораи шуғли аҳолӣ дар шаҳри Роғун мегӯяд, бо назардошти маоши баландтар аз дигар муассисаву идорот корҷӯён мехоҳанд маҳз дар Роғун ба кор дароянд. Аммо ӯ афзуд, мутаассифона, аксари ин афрод соҳиби тахассуси лозима набудаанд.

Ба гуфтаи ӯ, феълан барои афроди бекасб дар Роғун ҷой нест. Зеро ҳама чунин ҷойҳои корӣ банд будаанд. Вай гуфт, имрӯз нерӯгоҳ ба афроде ниёз дорад, ки соҳибтахассус бошанд.

Коллеҷи муҳандисию техникӣ дар ҳоле кушода мешавад, ки дар ибтидои солҳои 80-ум дар заминаи нерӯгохи Роғун ва ба хотири таъмини он бо мутахассисон як омӯзишгоҳи касбӣ-техникӣ дар ноҳияи Рашт ташкил шуда буд. Бисёре аз хатмкунандагони ин омӯзишгоҳ мегӯянд, онҳо таҷрибаи кории худро махз дар Роғун гузашта буданд.

Аммо ба далели норасоии базаи моддиву техникӣ ва дурии роҳ аз Рашт то Роғун солҳои ахир донишҷӯёни ин омӯзишгоҳ ба кори нерӯгоҳ ҷиҳати таҷрибаомӯзӣ ҷалб нашудаанд.

Вале бо ин ҳама аксари соҳибназарон таъсиси як коллеҷи техникӣ-муҳандиси дар Роғунро, ки нахустин коллеҷ дар минтақаи шарқи кишвар будааст, муҳим мехонанд. Зеро гуфта мешавад, таъсиси коллеҷ дар худи Роғун имкон медихад, донишҷӯён дар баробари омӯзиш ва ба кори амалӣ фаро гирифта шаванд.
XS
SM
MD
LG