Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғалабаи 12-уми Соҳиб Усаров дар бокси ҳирфаӣ


Соҳиб Усаров, шогирди бокси Тоҷикистон, дар сабқати бокси ҳирфаӣ дар шаҳри Маскав бар намояндаи Укроин Раҳим Мингалиев пирӯзӣ ба даст овард.

Ин мусобиқа-шоу дар Қасри варзиши «Динамо» баргузор шуд. Аз рӯи ҷамъбасти 6 раунд доварон якдилона Соҳиб Усаровро ғолиб донистанд.

Ин дувоздаҳумин ғалабаи Усаров дар бокси ҳирфаӣ ба шумор меравад ва ӯ то ҳоло мағлуб нашудааст.

Пеш аз ин қувваозмоӣ Усаров моҳи майи соли равон дар пойтахти Латвия - шаҳри Рига бар рақибаш Александрис Сискинс дастболо шуда буд. Сискинс баъди даври дуввум аз идомаи зӯрозмоӣ даст кашид.

Соҳиб Усаров, ки феълан дар Русия ба сар мебарад, қаҳрамони ин кишвар дар бокси ҳирфаӣ дар вазни 53,525 кг маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG