Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баъди куштори нӯҳ афсари полиси чечен дар як ҳодисае дар Ингушистон, мақомоти Чеченистон таҳдид карданд, ки аз ҷангиён интиқом хоҳанд гирифт.

Ин дар ҳолест, ки вақтҳои охир нигарониҳо аз вазъи амниятии минтақа афзоиш меёбад. Баъди ҳамлаи моҳи гузашта ба раисиҷумҳури Ингушистон ва шадидан захмӣ кардани ӯ ин ҳодисаи дигари пурқурбонии ҳамла ба автобуси полис аст, ки рӯзи шанбе ҳангоми ҳаракат аз Чеченистон ба Ингушистон рӯй дод.

Ин ҳодиса рӯзи шанбе рӯй дод. Автобусе, ки дар дохилаш афсарони полиси Чеченистон нишаста буданду аз Чеченистон ба Ингушистон ҳаракат мекарданд, дар минтақаи Сунҷа, ки ҳамчун марзи ин ду ҷумҳурии ҳамсоя шинохта мешавад, бо ҳамлаи мусаллаҳонаи гурӯҳи ношинос рӯбарӯ шуд.

Дар ҷои ҳодиса нӯҳ афсари полис кушта шуда, дасти кам 10 нафари дигар маҷрӯҳ гардиданд. Бахши русии радиои Озодӣ мегӯяд, ки аз миёни ҳамлагарон нафаре осеб надидааст. Дар нақли қавл аз раиси ҷумҳурии Чеченистон як хабаргузории русӣ ин ҳодисаро ҳамчун "охирин ҳамлаи ноилоҷи ҷангиён" унвон кардааст.

Ва вазири умури дохилии Чеченистон Руслан Алханов гуфт, ки муҷримони ин ҳодиса бемуҷозот нахоҳанд монд. Вай афзуд, "ба хонаводаҳои ҳамкорони кушташудаи мо ҳама кӯмаки зарурӣ аз ҷониби раҳбарияти ҷумҳурӣ ва Вазорати умури дохилии Русия ироа хоҳад шуд. Мо мутмаинем, ки бо ҷинояткорҳо бояд танҳо бо як забон ҳарф зад: онҳо бояд бо ҷиддитарин шева муҷозот шаванд, яъне нобуд ва ё ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шаванд. Онҳо бояд паси панҷара бишинанд".

Афсарони полиси Чеченистон барои бо ҳамкорони ингушиашон ширкат кардан дар амалиёти муштараке зидди ҷангиён сафарбар шуда буданд. Ин амалиёт баъди ҳодисаи ҳамла ба корвони мошинҳои раиси ҷумҳурии Ингушистон Юнусбек Евкуров дар таърихи 22 июн роҳандозӣ шуд, ки дар натиҷаи он худи Евкуров ҷароҳатҳои вазнин бардошта се муҳофизи вай кушта шуданд. Рӯзи шанбе телевизиони Русия хабар дод, ки баъди ду ҳафтаи беҳушӣ Евкуров ба худ омадааст ва ҳамоно мавриди муроқибати ҷиддии табибон қарор дорад.

Дар ҳамин ҳол раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров ҳушдор додааст, ки бо шадидтарин шева барои ҳамла ба Евкуров интиқом мегирад.

Дар оғози соли ҷорӣ мақомоти Русия расман дар бораи анҷоми як даври даҳсолаи муборизаи зиддитерроризм дар Чеченистон хабар доданд. Вале бо ин вуҷуд, ҳамоно ҳамлаҳо зидди мақомоти Кремлину нирӯҳои амниятии федеролӣ дар Ингушистону Доғистон идома дорад.

Рӯзи шанбе дар ҳодисаи ҷудогонае Ваха Аушев, раиси пешини полиси шаҳри Назран, калонтарин шаҳри Ингушистон дар як ҳодисаи ҳамла ба мошинаш маҷрӯҳ шудааст. Моҳи гузашта вазири умури дохилаи Доғистон Одилгерей Муҳаммадтоҳиров дар пойтахт, шаҳри Махачқалъа аз зарби гулӯла ба ҳалокат расид.
XS
SM
MD
LG