Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Робитаи тӯли умр бо лоғарӣ ва фарбеҳӣ


Як сокини шаҳри Душанбе чандин сол аст, ки аз фишори хун ва диабети қанд ранҷ мебарад ва пизишкон иллатро дар фарбеҳии ӯ мебинанд.

Моҳгул Сафароваи 45-сола мегӯяд вай хӯрдани ғизои серравғану сергӯшт ва хамириро дӯст медорад ва қариб, ки меваву сабзавот истеъмол намекунад ва пиёда гаштанро ҳам на онқадар хуш дорад, аммо феълан бо таъкидҳои пайвастаи пизишкон аз хӯрдани чунин ғизои серкалория каме худдорӣ кардаву вазнашро аз 100 ба 80 кило коҳиш додааст.
Натиҷаи ин пажӯҳиши мо танҳо нишондиҳандаи сабабҳои болоравии маргумири одамон аст, на некӯаҳволии онҳо ва пайомадҳои фарбеҳӣ ё вазни зиёд дар одамон пайомадҳои нохуши зиёдеро ба дунбол доштааст...


Вай мегӯяд: “Хусусан дар фасли тобистон аҳволи ман бисёр вазнин мешавад.нафаскашиам душвор мегардад. Духтурон иҷозат намедиҳанд, ки хӯроки серравған истеъмол кунам. Таомҳои якум, шӯрбо ва салатро дӯст намедорам, лекин орзуи деринаам ҳамин аст, ки лоғар бошам. Занҳои резапайкару зеборо мебинаму ҳавас мекунам,ки ба онҳо монад бошам. Вақтҳои охир хӯроки серғизо камтар мехӯрдам ва бештар пиёда роҳ мерафтам, вазнам аз 100 кило ба 80 кило кам шуд. Вале боз фарбеҳ шуда истодаам. Ҳоло вазнам 84 кило аст. Фаобеҳӣ бисёр бад аст, ман фарбеҳиро ба ҳеҷ кас маслиҳат намедиҳам”.

Пажӯҳишгарони Канада ахиран баъди таҳқиқотҳои тулонӣ ба натиҷае расидаанд, ки шонси одамони лоғар барои дарозумрӣ 70 дар сад , вале шонси одамони фарбеҳ 36 дар сад камтар аз афроди миёнавазн будааст.

Дар пажӯҳиши олимони канадагӣ,ки рӯзи 25 июни соли равон дар маҷалали интернетии “Обессити” нашр шудааст, гуфта мешавад, вазни начандон зиёд, масалан, барои саломатии афроди солманд, аз манфиат холӣ нест.

Аммо ин маънои онро надорад,ки одамони лоғар бояд кӯшиш кунанд,ки вазни бештар дошта бошанд мегӯяд, Марк Кеплен, профессори донишгоҳи Портленск. “Натиҷаи ин пажӯҳиши мо танҳо нишондиҳандаи сабабҳои болоравии маргумири одамон аст, на некӯаҳволии онҳо ва пайомадҳои фарбеҳӣ ё вазни зиёд дар одамон пайомадҳои нохуши зиёдеро ба дунбол доштааст,”-- мегӯяд профессор Кеплэн.

Бино ба гуфтаи пажӯҳишгарон фарбеҳӣ аслан хоси мардуми Ғарб, хусусан Амрико мебошад, ки дар пайи истеъмоли ғизои носолим дар миёни мардум ба вуҷуд омадааст. Аммо фарбеҳӣ аслан хоси мардуми минтақаи Осиёи Марказӣ аз ҷумла Тоҷикистон набудааст ва на он қадар зиёд ба чашм мерасад.

Саломат Қосимова мудири Маркази ҷумҳуриявии эндокринологии Тоҷикистон изҳор дошта, ки маъмулан дар Тоҷикистон бештар занони аз 40-сола боло гирифтори фарбеҳӣ мешаванд,ки бахши аъзамашон мубталои диабети қанд, болорвии фишори хун ва сактаи қалб мебошанд: “Дар натиҷаи дар вуҷуди одам ҷамъ шудани равғани бисёр ва зиёд шудани холестерин, рагҳои хунгузари дил ва сар танг мешаванд, ки ин боиси пайдоиши бемории қанд ва фишорбаландӣ ва кори номураттаби дил ва ғадудҳои зери меъда мегардад”.

Пизишкон ҳамзамон лоғарии аз ҳад зиёдро низ, барои одамон маслиҳат намедиҳанд ва иллати барангехтани чанде аз бемориҳо медонанд ва мегӯянд, мисолҳои зиёдеро метавон аз миёни ҳунарамандон ва ситораҳои синамову эстрдаи ҷаҳон овард, ки дар натиҷаи якбора партофтани вазни зиёд ва ё парҳези худсаронаву бемаслиҳати пизишк, саломатии худро комилан аз даст додаву ҳатто ба ҳалокат расидаанд.

Зарафшон, сокини 54 солаи Душанбе гуфт, лоғарии аз ҳад зиёд ӯро мубталои камхунӣ ва бемории гурдаҳояш шудааст, аммо бо каме фарбеҳ шудан, саломатиаш беҳтар шудаву ҳоло худро ҷавону бардам эҳсос мекунад.

“Ман вақте бисёр лоғар будам, худамро бисёр бад ҳис мекардам. Мехестам сарам чарх мезад. Духтурон вақте маро муоина карданд,гуфтанд,ҳатто аз камвазнӣ гурдаҳоят поин фаромадаанд.Дар рӯям ожангҳои бисёр пайдо шуда буданд ва ман қариб,ки ба оина нигоҳ намекардам. Ҳатто дугонаҳоям маро метарсонданд, ки ба худат аҳамият деҳ,ки боз шавҳаратро аз ту нагиранд. Ва ман аз пайи каме фарбеҳ шудан афтодам. Витаминҳои гуногун мехӯрдам. Хӯроки серғизо истеъмол мекардам ва ҳоло ки каме фарбеҳ шудаам, худамро бисёр хуб ҳис мекунам”.

Аммо ҳарчанд фарбеҳӣ барои мардуми Ғарб ба мушкилоте табдил ёфтааст, ки роҳи ҳалли онро ҷустуҷӯ мекунанд, вале ҳамзамон ҳукумат кӯшиш ба харҷ додааст, ки беҳтарин шароитеро дар ҷомеъа дар ихтиёри афроди фарбеҳ қарор бидиҳад,то онҳо худро аз дигарон кам эҳсос накунанд.

Дар ҳамин ҳол Наимҷон Қодиров сокини 40-солаи пойтахт мегӯяд, фарбеҳии вай ирсист ва қариб ҳамаи аъзои хонаводаи ӯ фарбеҳанд. Вай гуфт вазни худи вай феълан бештар аз 130 килло аст.

Наимҷон бо таассуф афзуд, дар Тоҷикистон барои мардуми фарбеҳ қариб ки ягон шароити буду бош ва маишат дида намешавад. Масалан вай барои худу фарзандонаш на ҳамеша либосу поафзоли мувофиқ ёфта метавонад. Ва маҷбуранд,ки бо супориш барои худ либосу пойафзол дӯзонад, ки на ҳамеша мувофиқи буҷаи оилааш мебошад.

“Албатта фарбеҳӣ азоб аст,мушкил аст, вале фарбеҳии мо6ки авлодӣ аст, чашм нарасад,ҳеҷ кадоми мо ягон бемории ҷидӣ ва хатарнок надорем. Вале як мушкил ҳамин аст,ки бовар кунед,пайдо кардани либос барои мо барин фабеҳҳо дар кишвари мо амри маҳол аст. Шояд ин ҳам барои он бошад,ки одамони фарбеҳ дар ин ҷо ангушуморанд.”

Мусоҳиби мо изҳор намуд,ки вай муҳандиси роҳсоз аст ва бо тақозои кор ба Аврупо сафар кардаву мушоҳида кардааст,ки дар тамоми фурӯшгоҳҳо либосу пойабзор барои одамони фарбеҳи дорои синну сол в касбу кори мухталиф фаровон аст ва қариб дар тамоми самтҳои ҷомеъа вижагиҳои ҷисмонии онҳо ба эътибор гирифта шудааст. Мардум ҳам бо тамасхур ба одамони фарбеҳ нигоҳ намекунанд.
XS
SM
MD
LG