Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ишқобод рӯ ба Аврупо ва Амрико меорад?


Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов, раисиҷумҳури Туркманистон
Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов, раисиҷумҳури Туркманистон

Сафари вазири умури хориҷаи Туркманистон Рашид Мередов дар расонаҳои амрикоӣ бозтоби густарда надорад ва талошҳои Радиои Озодӣ ҳам барои ташреҳи сафар аз сӯи дипломатҳои туркман дар Вошингтон бидуни натиҷа поён ёфт.

Ва аммо як дипломати воломақоми амрикоӣ, ки чанде қабл аз сафари расмӣ ба Ишқобод баргаштааст, гуфт, барои ҳукумати Амрико мавзуи рушди энержӣ аз мавзӯъҳои умда ва басо муҳим маҳсуб мешавад. Ричард Морнингстар, сафир оид ба масоили вижа дар умури энержии АвроОсиё, дар як нишасти хабарӣ дар Вошингтон изҳор намуд, ки Амрико хостори ҳамкории наздик бо Туркманистон дар бахши энержист.

Вай гуфт, “Туркманистон кишвари ҷолиб аст ва бархе аз имконоти ҷолиб ҳам дорад. Вазири умури хориҷаи ин кишвар ҷаноби Мередов ҳамин лаҳза, ки мо сӯҳбат мекунем, дар Вошингтон аст. Ман фикр мекунам, ки Туркманистон дар мавриди ҳамкорӣ бо ширкатҳои ғарбӣ дар истихроҷ дар соҳил нармӣ намоиш медиҳад, ки аз он ҳарду ҷониб, ҳам ҳукумати Туркманистон ва ҳам ширкатҳо бояд қаноатманд бошанд”.

Баъди ба сардӣ гароидани равобити Ишқобод ва Маскав, раисиҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба ҷалби ширкатҳои ғарбӣ, ба вижа ширкатҳои амрикоӣ, дар кашфи истихроҷи конҳои гази Туркманистон таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир мекунад. Гуфта мешавад, ки раисиҷумҳур қабл аз сафари Рашид Мередов ба Амрико ба ӯ шахсан чанд дастур додааст. Авоили ин моҳ Мередов ҳамчунин аз Брюсел дидан кард ва бо мақомоти Иттиҳодияи Аврупо дар мавриди таҳкими ҳамкорӣ дар бахши энерҷӣ музокирот анҷом дод.

Гуфта мешавад, ки Туркманистон ва ИМА то ҳанӯз созиши сармоягузориро имзо накардаанд. Музокирот дар ин бора соли 1991 шурӯъ шуда буд ва аммо соли 1994 раисиҷумҳури пешини Туркманистон Сафармурод Ниёзов онро мутаваққиф кард. Бархе аз коршиносон сафари вазири хориҷаи Туркманистон ба Вошингтонро бо талошҳои раисиҷумҳури нав барои эҳё ва густариши ҳамкорӣ бо ИМА дар бахши энержӣ марбут мекунанд.

Моҳҳои ахир Туркманистон сиёсати энерҷии худро тағйир дод ва акнун дар он на Русия, балки Иттиҳодияи Аврупо авлавият дорад. Яке аз тарҳҳои бузурге, ки Иттиҳодияи Аврупо ва Туркманистон бояд ҳамроҳ татбиқ кунанд, тарҳи Набукко аст – тавассути ин лула гази Туркманистон бидуни убур аз қаламрави Русия ва тавассути хоки Туркия ба Аврупои ғарбӣ интиқол меёбад.

Интизор меравад, ки баъди анҷоми бунёди ин лула дар соли 2013 Туркманистон тақрибан 10 миллиард метри мукааб гази худро аз тариқи Набукко ба кишварҳои аврупоӣ фиристад. Ва аммо айни ҳол миёни Туркия ва Озарбойҷон, ду ширкаткунандаи аслии тарҳи Набукко, дар бархе масоил ихтилофи назар мавҷуд аст.

Сабаби ихтилофи аслӣ – ҳаҷми газест, ки Туркия мехоҳад аз ин лула барои истифодаи худ бигирад ва маълум нест, ки баъди қонеъ шудани ниёзмандиҳои Туркия ниёзмандиҳои Аврупои Ғарбӣ ба газ низ бароварда хоҳад шуд ё на. Интизор меравад, ки Озарбойҷон аз тариқи ин лула тақрибан 8 миллиард метри мукааб гази кони Шоҳ Денизро содир кунад.

Ричард Морнингстар, сафири Амрико оид ба масоили вижа дар умури энержии АвроОсиё, мегӯяд, ки 8 миллиард метри мукааб бояд сатҳи пойинтарини содироти газ бошад ва бо коҳиши он боиси идомаи ихтилоф миёни Туркия ва дигар кишварҳои вориди тарҳ хоҳад шуд. Дар робита ба ихтилоф миёни Озарбойҷон ва Туркманистон оиди ба кадом кишвар мансуб будани минтақаи Кепез дар баҳри Хазар, Морнингстар гуфт, ки ду кишвар бояд роҳҳали сиёсиву тиҷоратиро ва бидуни баррасии мушкилоти марзӣ пайдо кунанд.

Дар ин нишасти хабарӣ сафир Морнингстар аз посух ба суол дар мавриди он ки оё дар ҷараёни дидору гуфтугӯҳои вазири хориҷаи Туркманистон дар Вошингтон вазъи ҳуқуқи башар дар ин кишвари Осиёи Марказӣ баррасӣ шудааст ё на, худдорӣ намуд.
XS
SM
MD
LG