Пайвандҳои дастрасӣ

Аҳли хонаводаи шоир Анвари Андаробӣ дар Хоруғ чанд моҳ боз зери хатар ба сар мебарад.

Аммо ба манзили шоир на селу сангчарх ва обхезӣ, балки хатари афтодани дарахтони куҳансоли арар, ки бардоштанашон аз ҷониби муассисаи манзиливу коммуналӣ бо сабабҳои гуногун ба таъхир афтодааст, таҳдид мекунанд.

Як моҳ қабл дарахти арар боиси фурурезии боми як утоқи хонаи шоир шуда, бинобар тасодуфи хушбахтона касе зарар надидаст. Аммо тайи ин муддат талошҳои шоир барои бадоштани ду тан дарахти арар, ки хатари афтоданашон болои манзил ҳар лаҳза вуҷуд дорад, натиҷае надодааст ва ахиран муассисаи коммуналӣ дарахтонро моли шоир ва буриданашонро кори молик эълон кардааст.

Аммо шоир алорағми душвориҳои иҷтимоӣ ва нороҳатиҳои зиндагӣ шаҳри маҳбуб, ишқу зебоиро бо шеърҳои нав ба нав тараннум мекунад.

Дар манзили зери хатари шоир ҳамаруза 7-8 кас аз шумули хонавода ва хешу табор аз маҳалли дурдаст ҳузур доранд. Ба гуфтаи Анвари Андаробӣ, аммо зери хатари фурурезии бом ва афтодани дарахтон низ илҳоми шоирона гоҳ-гоҳе вайро ба домани хаёлоти лирикӣ мекашонад ва шеърҳои нав рӯи коғаз меоянд.

Ахиран раиси шаҳр Мулкамон Назаралиев шахсан ба идораҳои зидахл дар мавриди ҳарчи тезтар бардоштани дарахтони куҳансоли арар ва бартараф намудани манбаъи хатар бо манозил супориш додааст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG