Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари панҷрӯзаи раисҷумҳур ба Суғд


Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон субҳи рӯзи сешанбе, 23–юми июн, бо як сафари панҷрӯза вориди вилояти Суғд шуд.

Бино бар маълумоти маркази иттилоотии ҳукумати Суғд, дар меҳвари барномаи сафари раисҷумҳур таҷлил аз ҷашни умумиҷумҳуриявии Ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳи тоҷикон дар шаҳри Хуҷанд дар рӯзи 27–уми июн қарор дорад.

Аз маркази мазкур дар суҳбати бидуни микрофон бо радиои Озодӣ гуфтанд, ки маросими асосии ҷашни ваҳдат дар варзишгоҳи навбунёди Хуҷанд, ки дорои 25 ҳазор ҷои нишаст ва бузургтарин маҷмааи варзишӣ дар Тоҷикистон маҳсуб меёбад, баргузор хоҳад гашт.

Барои бунёди ин маҷмааи варзишӣ беш аз 35 миллион сомонӣ, камтар аз 10 миллион доллари амрикоӣ, масраф шудааст. Ҳамчунин бар пояи маълумоти расмӣ, то рӯзи ҷашн раисҷумҳур аз шаҳру навоҳии вилояти Суғд дидан карда, бо вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии минтақа ошно хоҳад гашт.

Дар рӯзи аввали сафар раисҷумҳур дар маросимҳои кушодани пули нав бар болои рӯди Сир, маркази табобати бемориҳои дил, як бинои бисёртабақаи истиқоматӣ дар Хуҷанд ва чойхонаи миллӣ дар боғи миллии воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иштирок намуд.

Бар пояи маълумоти маркази иттилоотии ҳукумати Суғд, дар остонаи таҷлили ҷашни умумиҷумҳурии ваҳдати миллӣ дар Хуҷанд ифтитоҳи беш аз 150 иншооту сохтмонҳои фарҳангиву маишӣ ва фароғатӣ дар саросари Суғд дар назар гирифта шудааст.

Назарҳои сокинони оддии Суғд аз сафари раисҷумҳур ва тантанаҳои расмии ба кор даровардани ин ҳама иншоотҳои зиёди умдатан фарҳангиву фароғатӣ дугона аст:

«-Омадани президент ва таҷлили ид кори нағз. Ободӣ бисёр мешавад, чи хел ки тӯй карданӣ шавед, аввал ҳавлию даратонро обод мекунед. Роҳҳои нави мумфарш, пули нав, варзишгоҳи нав, хонаву мактабҳоии нав сохтанд, ин ҳамааш ба нафъи халқ. Лекин агар бӯҳрон омад гуфта хомӯш нишастан гирем, ҳеҷ хел пешравӣ намешавад. Ҳаракат кардан даркор, ҷунбидан даркор.»

-Ба назари ман, агар ба ҷои варзишгоҳ сохтану парки Чумҷуқ–Арал обод кардан, корхонаи атласу қолинбофиро ба кор медароварданд, нағзтар мебуд. Мо, бисёри занҳо бекорем, шавҳари ман дар Русия кор мекунад, пул нест, дар бозор - қиматӣ. Ба ҷои ин тантанаҳо ба мо, занҳо ҷои кор пайдо мекарданд, беҳтар мебуд.»

Сохтмон ва бозсохти беш аз 150 иншооти ҷашнӣ дар вилояти Суғд ба сурати умум аз аввалҳои соли 2007 шурӯъ шуда, баъди оғози бӯҳрони молии ҷаҳонӣ мавзуи идома ва ё тафаққуфи бунёду бозсохти ин гуна иншооти асосан фарҳангиву маишии сермасраф дар миёни сокинони оддӣ, коршиносон ва намояндагони аҳзоби сиёсии Суғд мавриди баҳсҳои доманадор қарор гирифт.

Дилбар Самадова, сарвари бахши Ҳизби сотсиал–демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, бар он аст, ки масрафи зиёд пайи бунёди иншооту сохтмонҳои умдатан тафреҳиву фарҳангӣ ҷавобгӯ ба амал дар давраи бӯҳрони саросарии моливу афзудани бекориву камбизоатии сокинон мувофиқи матлаб нест. Ба назари хонум Самадова, ба ҷои онҳо як нерӯгоҳ ва ё корхонаҳои истеҳсолӣ сохта шаванд, ба равиши замон созгортар мебуд, чунки ҳам одамон ҷои кору маблағ меёфтанд ва ҳам ба хазинаи давлат маблағе ворид мегашт.

Вале Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Суғд, дар як сӯҳбати қаблии худ дар ҳузури хабарнигорон гуфт, хиштҳои аввали иншооти мазкур то давраи бӯҳрони молӣ гузошта шудааст ва акнун, бо вуҷуди он иқтисоди Суғд низ аз таъсири манфии буҳрони молӣ барканор намондааст, нотамом ва нимкора мондани онҳо хуб нест. Вай афзуд, новобаста ба шароити вазнини иқтисодӣ мақомот бо роҳи афзудани қисми даромади буҷаи вилоят бунёду бозсохти сохтмони нимасохти ҷашниро пурра ба анҷом хоҳанд расонд.

Дар чаҳор рӯзи пеш аз ҷашни Ваҳдати миллӣ сохтмони тақрибан ҳамаи 150 иншооти ҷашнӣ дар шаҳру навоҳии Суғд анҷом ёфтааст ва дар кушодани бархе аз онҳо раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон иштирок хоҳад кард, аз ҷумла маҷмаъаи варзишӣ, корхонаи муштараки коркарди маъдани Тоҷикистону Чин дар шаҳраки Олтинтопган, воқеъ дар шимоли Хуҷанд, литсеи президентии дорои синфхонаҳо ва таълимгоҳҳои муҷаҳҳаз бо фанновариҳои замонавӣ, студияҳои телевизион, театр, рассомӣ ва овозхонӣ дар шаҳри Чкалов.

Литсеи президентии Суғд ягона мактаби таҳсилоти умумӣ дар Тоҷикистон хоҳад буд, ки барои ҳар як аз 2000 мактабхони он наздики 8 метри мураббаъ масоҳат рост меояд.

Баргузории маросими асосии таҷлил аз ҷашни умумиҷумҳурии ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳи тоҷикон дар варзишгоҳи тозабунёди Хуҷандшаҳр, дар шоми 27–уми июн бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар назар аст.
XS
SM
MD
LG