Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯъи корзори интихоботии Қирғизистон


Қурмонбек Боқиев, раисиҷумҳури Қирғизистон, дар интихобот бо 5 рақиб мубориза хоҳад бурд
Қурмонбек Боқиев, раисиҷумҳури Қирғизистон, дар интихобот бо 5 рақиб мубориза хоҳад бурд

Дар Қирғизистон фазои сиёсӣ то як моҳи дигар доғ хоҳад буд, зеро маъракаи таблиғи номзадҳо ба мақоми раёсати ҷумҳур оғоз гирифт.

Шояд вазифаи Қурмонбек Боқиев, раиси ҷумҳури феълии Қирғизистон, таҳти хатар набошад, зеро ҳеҷ яке аз раисиҷумҳурони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар интихоботҳо шикаст нахӯрдаанд. Вале чун Қирғизистон яке аз кишварҳои аз назари усулҳои демократия пешрафта дар Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад, ин сенарияро ҳам пешбинӣ мекунанд, ки Қурмонбек Боқиев метавонад, мақоми худро аз даст бидиҳад.

Қирғизистон, ки пас аз истиқлолияташ суннатан интихоботи пуршиддат, барангезанда ва ҳаяҷонангезе дар минтақа баргузор кардааст, акнун барои интихоби мақоми баландтарини кишвар омода мешавад. Аз миёни 18 довталаб барои номзадӣ ба мақоми раёсати ҷумҳур, шаш нафарро пазируфт, ки санадҳояшонро дуруст пешниҳод намуда ва аз имтиҳони забони давлатӣ низ гузаштанд.

Чун Қирғизистон яке аз кишварҳои аз назари усулҳои демократия пешрафта дар Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад, ин сенарияро ҳам пешбинӣ мекунанд, ки Қурмонбек Боқиев метавонад мақоми худро аз даст бидиҳад ...
Агарчӣ доир ба интихоботи Қирғизистон аз ҳоло пешбиниҳои зиёде аст, аммо ҳоло муҳимтарин масъала шеваи баргузории интихобот дар Қирғизистон аст, ки то куҷо шаффофу одилона баргузор хоҳад шуд. Қирғизистон ягона кишвари Осиёи Марказӣ аст, ки нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо як интихоботашро дар маҷмӯъ”озоду одилона” арзёбӣ кардаанд.

Ва ин баҳо ба интихоботи соли 2005 милодӣ дар Қирғизистон буд, ки пас аз чаҳор моҳи аз ҳукумат рондани раиси ҷумҳури собиқ Аскар Оқоев баргузор шуд. Қурмонбек Боқиев – бо соҳиб шудан ба 89 дарсади раъйи мардум панҷ рақиби худро дар он замон шикаст дод.

Марат Қазоқбоев, таҳлилгари сиёсии қирғиз, мегӯяд, низом ҳоло ба тавре кор хоҳад кард, ки Қурмонбек Боқиев дигарбора дар мақомаш хоҳад монд. Аммо, мегӯяд ӯ, Алмос Отамбоев - раиси Ҳизби сотсиал-демократи Қирғизистон ва нахуствазири собиқи ҳукумати Боқиев метавонад, барои раисиҷумҳури феълӣ дарди сар эҷод кунад.

Боқиев сарвари давлат ва раисиҷумҳур аст. Отамбоев номзад аз эътилофи воҳиди мухолифин аст. Назархоҳиҳо нишон медиҳад, Боқиев аксари раъйи мардумро ба даст хоҳад овард ва Отамбоев баъди ӯ. Дигар номзадҳо орои бисёреро соҳиб нахоҳанд шуд. Дар охири даври аввали интихобот рӯшан хоҳад хоҳад шуд, ки Боқиев раиси ҷумҳур мешавад.

Таҳлилгари дигари сиёсии Қирғизистон Марс Сариев низ ба ин андеша мувофиқ аст ва мегӯяд, аз ҳоло натиҷаҳои интихобот маълум аст.

Имрӯз вазъ ба манфиати Боқиев аст, зеро ҳама сохтори ҳам ҳукумат ва ҳам мақомот барои ӯ кор мекунанд. Дигар номзаде нест, ки мардум ба ӯ бовар карда ва дар атрофаш ҷамъ шаванд. Ҳизби Сотсиал Демократ аксарияти раъйи мардумро бахусус дар шимоли кишвар ба даст меоранд, вале медонед, ки раъйҳоро чӣ гуна мешуморанд. Ҳамон шеваи шумориши раъйҳо истифода мешавад, ки дар замони Аскар Оқоев буд.

Шарҳи Марс Сариев, доир ба низоми шубҳаноки интихоботӣ як баёнгари умқи мушкил дар интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳури Қирғизистон аст. Баъд аз суқути шӯравӣ, ки Қирғизистонро ба истилоҳ як ҷазираи демократӣ дар Осиёи Марказӣ медонанд. Қирғизистон таъриф мекунад, ки тақрибан 100 ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ дорад ва ҳамчунин созмонҳои ғайриҳукуматии муташаккил.

Дар воқеъ ҷомеаи шаҳрвандии Қирғизистон, ки ҷомеаҳои шаҳрвандии кишварҳои дигари минтақаро хеле ақиб гузоштааст, масъули инқилоби ба истилоҳ “лолаӣ” дар ин кишвар буд. Як сол баъд аз ин тазоҳуроти мардумӣ дар соли 2006, мардум бо талаби ислоҳи қонуни асосӣ ба майдонҳо рехтанд ва Қурмонбек Боқиев ҳам ба қавле тормози ислоҳоти демократӣ дар ин кишварро зер кард.

Ба андешаи иддае, ҳукумати Қирғизистон дар воқеъ монеъи рушди демократӣ, озодии матбуот ва ҳуқуқи мадани мардум шудааст. Дар чанд моҳи гузашта, намояндагони мухолифин дар кишварро латукӯб карданд ва ба тарафдорони Ҳизби Сотсиал Демократ дар саросари Қирғизистон таҳдид намудаанд.

Матбуоти Қирғизистон ҳам тайи чанд моҳи ахир рӯи хуш надид. Миклош Ҳарастӣ - намояндаи хоси Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар умури озодии матбуот ҳамин ҳафта бо ирсоли номае аз мақомоти Қирғизистон хост, ба фишору таъқиби афзояндаи хабарнигорон хотима диҳанд. Дар Ғарб пештар бовар доштанд, ки низоми демократии Қирғизистон ба кишварҳои ҳамсояи худкомаи он таъсир хоҳад гузошт, аммо ба эътиқоди баъзеҳо ҳоло Қирғизистон бештар ба ҳамсояҳояш монанд мешавад.
XS
SM
MD
LG