Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шарҳи ВУД дар бораи ҳалокати М. Солеҳов


Муҳаммадназар Солеҳов, собиқ вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон, 23-юми январи соли 2008

Муҳаммадназар Солеҳов, собиқ вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон, 23-юми январи соли 2008

Бино ба изҳороти мақомоти расмии Тоҷикистон, собиқ вазири умури дохилӣ Муҳаммадназар Солеҳов ҳангоми боздошт даст ба худкушӣ задааст.

Дар изҳороти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфта мешавад, собиқ вазири корҳои дохилӣ Солеҳов Муҳаммадназар Соҳибович рӯзи 17-уми июни соли 2009 тахминан соатҳои 20.00 дар манзили истиқоматии худ, воқеъ дар кӯчаи Сино, ҳавлии рақами 8, бо зарби гулулаи таппончаи Макаров худкушӣ кардааст.

Дар изҳоротомадааст, «тайи чанд моҳи ахир Муҳаммадназар Солеҳов барои додани нишондод вобаста ба фаъолияти ӯ ба ҳайси вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон оиди парвандаи ҷиноятии куштори собиқ командири дастаи таъиноти махсуси милитсияи Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, полковники милитсия Захарченко Олег Николаевич, сӯйистифода аз мансаб, баромадан аз ҳадди ваколатҳои хизматӣ, дониста пинҳон намудани ҷиноятҳое, ки аз ҷониби кормандони алоҳидаи милитсия содир карда шудаанд, ба таври расмӣ ба Додситонии кулли Тоҷикистон якчанд маротиба даъват карда шуда буд. Аммо Солеҳов ҳамаи ин даъватҳои расмии тафтишотро инкор намуда бе сабабҳои узрнок ҳозир намешуд».

Сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, «аз тарафи Додситонии кулли кишвар қарор дар бораи маҷбуран барои додани нишондод овардани Солеҳов қабул карда шуд, вале ӯ боз ҳам дар маҳалли тафтишот ҳозир нашуд».

Дирӯз дар пайи ҳалокати Муҳаммадназар Солеҳов мақомоти расмии Тоҷикистон ба баъзе хабаргузориҳо гуфтанд, ки додситонии кулли кишвар амри боздошти Солеҳовро содир кардааст.

Муҳаммадназар Солеҳов тӯли чандин сол дар мақомҳои додситони кулли Тоҷикистон, раиси Додгоҳи қонуни асосӣ, муовини вазири корҳои дохилӣ, вазири умури дохилӣ ва ду навбат раҳбари дастгоҳи иҷроя ё маъмурияти раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон буд ва яке аз шахсиятҳои бонуфуз ва калидӣ дар ҳукумати Раҳмон ба шумор мерафт.
Муҳаммадназар Солеҳов 20-уми июни соли 1957 дар шаҳри Қӯрғонтеппе ба дунё омадааст. Соли 1979 шӯъбаи ғойибонаи бахши ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кард. Пеш аз ин аз соли 1974 то 1978 хаткашони Додгоҳи собиқ ноҳияи Октябри шаҳри Душанбе ва баъдан иҷрокунандаи ҳукмҳои Додгоҳи собиқ ноҳияи Марказии Душанбе будааст. Пас аз як муддати кор дар дастгоҳи Додситонии кулли Тоҷикистон, дар соли 1987 ноиби додситони собиқ вилояти Кӯлоб ва дар соли 1988 додситони ноҳияи Конибодом таъин шудааст. Пас аз шикасти Ҳукумати Муросои Миллии Тоҷикистон, дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба мақоми додситони кулли Тоҷикистон баргузида шуд ва то соли 1995 дар ин вазфиа кор кард. Аз соли 1995 то 1997 ноиби вазири умури дохилии Тоҷикистон ва аз моҳи январи соли 1997 то 26-уми апрели соли 2000 сардори дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон буд. Сипас дар мақоми раиси Додгоҳи қонуни асосӣ ва раиси Шӯрои адлияи Тоҷикистон кор кардааст. Аз 13-уми декабри соли 2003 бори дигар ба мақоми сардори дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд ва дар моҳи декабри соли 2008 ба курсии вазири умури дохилии Тоҷикистон нишаста, 29-уми январи соли 2009 аз ин мақом барканор гардид. Генерал-майори хидмати дохилӣ, Мушовир давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳуқуқшиноси хидматнишондодаи Тоҷикистон буд. Дар аввали соли 1993 аз як суиқасд ҷон ба саломат бурда буд. 17-уми июни соли 2009 дар манзилаш дар Душанбе ба ҳалокат расид.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG