Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Узбакистон субҳи сешанбеи 16 июн интиқоли гази табиӣ ба Тоҷикистонро 50 дарсад коҳиш дода, то ба ҳадди 6 000 метри мукааб газ дар соат пойин овард.

Мақомоти ширкати “Тоҷиктрансгаз” мегӯянд, гази ворида аз Узбакистон акнун танҳо ба хотири таъмини фаъолияти ТАЛКО, ширкати алюминсозии Тоҷикистон, истифода мешавад.

Гуфта мешавад, Узбакистон ба иллати ба 17 миллион доллар расидани қарзи ҷониби Тоҷикистон даст ба коҳиши содироти газ задааст.

Тибқи қарордод, Тоҷикистон мебоист имсол аз Узбакистон ҳудуди 550 миллион метри мукааб газ бо қимати 240 доллар барои як 1000 метри мукааб харидорӣ мекард. Радиои «Озодӣ» дар сӯҳбат бо масъулин ва сокинон мавзӯъро таҳқиқ кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG