Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози фаъолияти нозирони САҲА дар Қирғизистон


Радмила Шекеринска, раҳбари ҳайати нозирони САҲА,
Радмила Шекеринска, раҳбари ҳайати нозирони САҲА,

Радмила Шекеринска, раҳбари ҳайати нозирони САҲА, дар Бишкек гуфт, яке аз самтҳои фаъолияти нозирон ҷилавгирӣ аз истифодаи захираҳои идорӣ дар интихоботи Қирғизистон аст.

Ба гуфтаи хонуми Шекеринска, ҳамаи номзадҳои бояд аз шароити баробарҳуқуқ бархурдор бошанд. Радмила Шекеринска гуфт, ки ҳайати нозирони бюрои ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башар 15 июн дар Қирғизистон расман ба фаъолият шурӯъ намуд.

Дар ҳамин ҳол комиссияи марказии интихобот ва баргузориҳои референдуми Қирғизистон эълом дошт, ки фақат чаҳор даъвогари мақоми президентӣ то ин замон сабти ном шудаанд. Бино ба ин манбаъ онҳо Қурмонбек Боқиев, Темир Сариев, Ҷенишбек Назаралиев ва Алмосбек Атамбоев мебошанд.

Дафтари матбуоти комиссияи марказии интихобот гуфтааст, вале номзад Акбаралӣ Айтикеев ба далели он ки теъдоди зарурии имзоҳои ройдиҳандагонро ҷамъоварӣ карда натавонист, аз сабти ном маҳрум шуд. Бино ба ин манбаъ, ҷаноби Айтикеев ба ҳайси даъвогари курсии раёсати ҷумҳур фақат беш аз 47 ҳазор имзои раъйдиҳандагонро ҷамъоварӣ кардааст, ки барои сабти ном кардани вай шумораи кофӣ нест.

Мувофиқи кодекс оид ба интихоботи ҷумҳурии Қирғизистон, ҳар як даъвогари мақоми раёсати ҷумҳурии ин кишварро лозим аст, ки на камтар аз 50 ҳазор имзои ройдиҳандагонро гирдоварӣ кунад. Дар ғайри ҳол комиссияи марказии интихобот ва референдумҳо ин номзадро сабти ном нахоҳад кард.

Ин дар ҳолест, ки Акбаралӣ Айтикеев шумораи умумии имзоҳои гирдовардаашро ба радиои Озодӣ аз миқдори муқарраркардаи комиссияи марказии интихобот ва баргузориҳои референдум бештар арзёбӣ кард. Ба гуфтаи ин даъвогари сабти номнашуда, шумораи умумии имзоҳои гирдовардаи ӯ аз 74 ҳазор нафар гузашт.

Акбаралӣ Айтикеев афзуд, ки ин феҳристи имзоҳоро ҳайатҳои ҳавзаҳои маҳаллии ройдиҳӣ пазируфтанд,аммо комиссияи марказии интихобот ва референдумҳо мӯҳри ин ҳавзаҳои интихоботиро эътироф нанамуд.

Ба гуфтаи коршиносон, дар ҳамин ҳол Алмосбек Атамбоев, собиқ нахуствазири ин кишвар, яке аз рақибони қавии президенти вақти Қирғизистон маҳсуб мешавад. Коршиносон меафзоянд, агар дар мавриди сабти номи Алмосбек Атамбоев ягон мушкилот пеш меомад, он гоҳ комиссияи марказии интихобот ва референдумҳо эътибори худро аз даст медод.

Собиқ нахуствазири Қирғизистон ба ҳайси даъвогари чоруми курсии раёсати ҷумҳур дар комиссияи марказии интихоботи Қирғизистон сабти ном шуд. Гуфта мешавад, ки Тухтаойим Уметалиева, номзади ягона аз байни занҳои Қирғизистон ва Нурлан Мотуев, маъруф ба номи шоҳи ангишт барои сабти ном дар комиссияи марказии интихобот ва референдумҳо навбат мепоянд.

Дар сурати дарёфти ҷавоби мусбати комиссияи марказии интихобот шумораи номзадҳои ба мақоми раёсати ҷумҳури Қирғизистон ба шаш нафар хоҳад расид. Дар марҳалаи аввал шумораи умумии даъвогарони курсии президентии Қирғизистон 18 нафарро ташкил медод.
XS
SM
MD
LG