Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастаи машҳури “Ялла” 40-сола шуд


Фаррух Зокиров, роҳбари гурӯҳи «Ялла»
Фаррух Зокиров, роҳбари гурӯҳи «Ялла»

Таронаҳои “Чойхона”, “Учкудук”, “Шаҳрисабз”, ки гурӯҳи “Ялла” иҷро мекард, дар солҳои 70-80-и садаи 20 дар Русия ва Осиёи Марказӣ дӯстдоштатарин буданд.

Ва шояд имрӯз низ бо шунидани онҳо насли калонсол ва миёнсоли Тоҷикистон чеҳраҳои маҳбубу садоҳои дилнишини бародарон Ботир ва Фаррух Зокировҳо ва дигар аъзои ин гурӯҳи вакаливу эстрадии Ӯзбакистонро ба ёд оваранд ва зери лаб онҳоро замзама кунанд. Хусусан мардуми Тоҷикистон ҳунарнамоии бародарон Зокировҳоро дар ҳар сафарҳои ҳунариашон ба кишвар гарм истиқбол мекарданд ва таронаҳои машҳури онҳоро ба монади «Чойхона» ва «Учкудук» ҳамовоз шудаву месароиданд.

Ансамбли “Ялла” имрӯзҳо ба ҷашни 40-солагии худ омодагӣ мебинад. Тибқи хабарҳои расида Фаррух Зокиров - роҳбари бадеии ансамбл
Ман аз Худованди карим барои чунин як тақдире, ки дорам, ташаккур мекунам. Албатта, роҳи зиндагӣ чандон ҳамвор нест, як рахи сиёҳ дорад, як рахи сафед...
ва дигар ҳунармандони «Ялла» ахиран дар Тошканд як консерт доданд ва таронаҳои машҳури худро дар ҳавои қарсакҳо ва ҳамовозии аҳли толор иҷро карданд. Ва ҳарчанд ансамбли “Ялла” 4-сола шудааст ва синни ҳунармандони он, аз ҷумла Фаррух Зокиров, даҳаи 60-ро убур кардааст, аммо ҳанӯз ӯ ҷавон асту садояш шевову гиро.

Чанде пеш ҳамкорамон Хиромон Бақозода дар арафаи зодрӯзаш бо Фаррух Зокиров сӯҳбате ороста буд в ӯ гуфтааст, аз сафарҳояш ба Тоҷикистон ва дӯстиву рафтуомадҳояш бо чанде ҳунармандони ин кишвар хотироти неке дорад:

Суол: - Фаррух, шумо воқеан ҳам аз зиндагии худ розӣ ҳастед?

Фаррух Зокиров: - Агар ҳаёти дубора насибам мешуд, ман фикр мекунам, ки айнан ҳамин роҳро тай мекардам. Ман аз Худованди карим барои чунин як тақдире, ки дорам, ташаккур мекунам. Албатта, роҳи зиндагӣ чандон ҳамвор нест, як рахи сиёҳ дорад, як рахи сафед. Аслан гуноҳ мешавад, агар аз зиндагӣ шикоят кунам. Сарвати аслии ман ин аст, ки ҳамватанонам маро эътироф мекунанд. Агар шуморо халқи худатон эътироф накунад, намешавад оид ба эътимоди мардуми дигар сӯҳбат кард. Ман аз унвонҳои ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Қароқалпоқистон ва албатта Ӯзбакистон, ки дорам, ифтихор мекунам.

Суол: - Фаррух, Шумо дар Тоҷикистон мухлисони хеле зиёд доред. Вақте сухан аз Тоҷикистон мешавад, пеш аз ҳама дар чӣ бора фикр мекунед?

Фаррух Зокиров: - Пеш аз ҳама дӯстиҳову ҳамкориҳоро ва албатта муҳаббати мардумро, ки сарвати бебаҳост, ки ба ивази чизе ба даст оварданаш амри маҳол аст. Ман ба ҳунари бародарам Ҷурабек Муродов эҳтиром қоилам. Ҷӯрабек Набиев дӯсти ман аст ва дар тӯйи писарам ӯро даъват карда будам. Орифшоҳ Орифов, раққосаи мумтоз Зебо Аминзода ва гурӯҳи рақсии “Зебо”, ки ман бо онҳо дар Русияву Олмон ва Тоҷикистон ҳунарнамоӣ кардаем. Ба Мағфират Ҳамроҳқулова бошад ман пинҳонӣ ошиқам.

Суол: - Ҳоло ӯ дар Амрикост, медонед?

Фаррух Зокиров: - Бале, медонам, ӯ хеле зани зебо ва ҳунарманди хуб аст.

Саидқул Билолов, ҳунарманди тоҷик васарвари ансамли «Дарё», аз ҳунару маҳбубияти доштаи ҳамтоёнаш аз гурӯҳи эстрадии «Ялла» дар миёни мардум, тайи беш аз се даҳсола, чунин ёдовар шуд: “Ман ба ёд меорам, як консерти «Ялла»-ро дар шаҳри Душанбе, ки бо ансамбли рақсии “Зебо» мисли ширу шакар баргузор гашта буд. Ба ман бисёр писанд омада буд. Ва гумон намекардед, ки ин гурӯҳҳо аз ду кишвари алоҳидаанд. Ин қадар пайванду дӯстии и н ҳунармандонро ва ин фарҳангҳоро дида, кас ба ваҷд меомад”.

Зиёдулло, як сокини Душанбе, ёдовар мешавад, ки дар солҳои донишҷӯӣ таронаҳои «Ялла»-ро ӯву ҳамсабақонаш месуруданд ва ҳанӯз ҳам баъзан онҳоро вай замзама мекунад:

“На Востоке, на Востоке
Что за небо без луни,
На востоке, на Востоке
Что за жизн без чайхани”


Меҳриниссо, шоири шинохтаи тоҷик, мегӯяд, ӯ таронаҳои «Ялла»-ро дӯст медорад ва афсӯс мехӯрад, ки тайи як даҳсола бештар аст, ки сурудҳои ин ансамблро намешунавад, аммо мегӯяд хонум Меҳриниссо, сафарҳои ҳунарии чунин дастаҳои мусиқии Тоҷикистону Ӯзбакистон ба кишварҳои ҳамдигарро фоли нек медонад дар роҳи ба ҳам омадан ва боз ҳам қаринтар шудани ин ду мардуми аз қадим ба ҳам ҳамсоя ва хешутабор.

Меҳриниссо мегӯяд, “ман бештар сурудҳои “Ялла”, “Учкудук”, “Шаҳрисабз»-ро хеле дӯст медоштам. Ва ба назари ман имрӯз, ки сиёсатмадорони Узбакистони ҳамсоя сарҳадҳояшро бо мо бастаанд ва воқеан мардум наметавонанд хешу табор ва наздикони худро хабар гиранд, хуб аст, ки ҳамин фарҳанг, суруду таронаҳо ин сарҳадҳоро бишкананд ва симхорҳоро аз миён бардоранд. Ва шояд ин сиёсатмардонро сари андеша орад, ки намешавад одамонро, ҳамсояҳоро аз ҳам ҷудо кард”.

Ба ин тартиб қарор аст ансамбли «Ялла» бо сарварии Фаррух Зокиров, ҳунарманди халқии Ӯзбакистон, Тоҷикистон, Қароқалпоқистон, Қазоқистону Қирғизистон ва Ингушетия, дар доираи барномаи ҷашни 40-солагии таъсисёбии ансамли «Ялла» ба як қатор кишварҳои минтақа ва Қафқоз сафарҳои ҳунарӣ анҷом хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG