Пайвандҳои дастрасӣ

Дар шаҳри Ню Йорк 20-мин ҷашнвораи байнулмилалии филмҳои созмони ҳомии ҳуқуқи башар Ҳюман Райтс Вотч оғоз мешавад.

Мисли ҳарвақта дар чаҳорчуби ин ҷашнвора филмҳои бахшида ба мавзӯъҳои мубрами иҷтимоӣ, назири поймоли ҳуқуқи инсон, маҳдудсозии озодиҳои шаҳрвандон, адами баробарӣ миёни марду зан, падидаҳои миллатгароӣ ва бегонаситезӣ намоиш хоҳанд шуд.

Барои ширкат дар ин сабқати фарҳангӣ филмсозон аз 17 кишвар маҳсули кориашонро овардаанд. Филмҳои ҷашнвора дар кинотеатрҳои Ню Йорк аз 11 то 25 июн ба тамошобинон пешкаш мешаванд. Имсол дар ин озмун 32 филми ҳуҷҷатӣ ва бадеии кутоҳу мукаммал ширкат мекунанд.

Миёни филмҳо маҳсули кори коргардон Ҳавана Маркинг низ ҳаст, ки аз ду кишвар Афғонистон ва Бритониё намояндагӣ мекунад. Филми ҳуҷҷатии ин коргардон “Ситораи афғонӣ” унвон дорад ва дар бораи як озмуни ҳунарии телевизиони Афғонистон нақл мекунад.

Ситораҳои навбаромади ин кишвари ҷангзада ҳар дафъа, ки ба саҳна мебароянд, ҳаёташонро дар хатар мегузоранд, чунки сурудани суруд ва иҷроиши мусиқӣ аз ҷониби баъзе афроди мутаассиб ҳамчун куфр маҳсуб шуда, метавонад сабаби қатли овозхон гардад.

Филми дагар - “Форд транзит”-ро коргардони фаластинӣ Ҳанӣ Абуасад ба навор гирифтааст. Он дар бораи як ронандаи таксиест, ки мусофиронашро аз хати масири Ромаллоҳ-Байтулмуқаддас бо мошинаш мекашонад. Мусофирони вай одамони содда ва маъруфанд ва ҳамаи онҳо ҳамроҳ бо вай роҳои тахрибшуда, тафтиши низомиён ва дигар мушкилиҳои мавҷуда дар минтақаҳои ишғолшудаи фаластинӣ ва Исроилро аз сар мегузаронанд.

Коргардон Маша Никонова аз Ҳоланд филми худро дар бораи собиқ қаҳрамони ҷаҳон дар шатранҷ ва феълан сиёсатмадори мухолифи Русия Гаррӣ Каспаров “Дар оташи муқаддаси инқилоб” номидааст. Аксбардорон ҳамеша Каспаровро дар болои мизи шатранҷ оғушта ба фикр аксбардорӣ мекунанд, гӯё ки вай дар набарди ақидавист, аммо ҳоло нерӯҳо нобаробаранд, чунки рақибаш Владимир Путин нахуствазири Русия мебошад.

Филми бадеии коргардони афғонӣ Бармак Акрам “Бачаи афғон”, дар бораи он, ки чи тавр як зани афғон фарзанди наврасашро дар такси партофта меравад ва ронандаи таксӣ Холид ба ҷустуҷӯи вай машғул аст.

Созмондиҳандагони ҷашнвора мегӯянд, дар интихоби филмҳо маҳз ба мавзуҳои доғи зиндагии мардуми оддӣ таваҷҷӯҳи хосса зоҳир мекарданд.
XS
SM
MD
LG