Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳпаймоӣ ва тазоҳуроти тоҷикон дар Лондон


Чанде аз ширкаткунандагони тазоҳурот.

Чанде аз ширкаткунандагони тазоҳурот.

Донишомӯзони тоҷик рӯзи 10-уми июн бо эътироз аз вазъи муҳоҷирони тоҷик дар Русия дар баробари сафорати Русия дар Британия тазоҳурот барпо карданд.

Дар шиору хитоба ва суханрониҳои худ ширкаткунандагони гирдиҳамоӣ аз мақомоти Русия талаб карданд, ҳар як ҳодисаи ҳамла ба муҳоҷирон аз Тоҷикистон ва кишварҳои дигар расидагии комил сурат бигирад ва ҷиноятҳое, ки бар пояи инсонбадбиниву нажодпарастӣ ба амал меояд ба шадидтарин шева муҷозот шаванд.

Онҳо хитоб мекарданд: "Натсиҳои навбаромадро дар Русия боздоред! Фашизмро қатъ кунед!

Яке аз созмондиҳандагони ин ҳамоиш Зуҳуршоҳ Раҳматуллоев дар гуфтугӯи телефонӣ бо Бахши тоҷикии Радиои Озодӣ аз ҷои гирдиҳамоӣ дар назди Сафорати Русия дар Лондон хабар дод, ки 3-4 корманди полис тазоҳуротро назорат мекунад ва дар ин байн донишҷӯёни дигар, дӯстону шиноси тазоҳуркунандагон низ ба сафи онҳо мепайванданд.

Созмондиҳандаи дигари тазоҳурот Эраҷ Саодатсайров гуфт: "Талабҳои мо се бахш аст. Якум, талаб мекунем, инсонҳое, ки вориди Русия мешаванд, бояд ҳуқуқи ворид шудани онҳоро таҳким диҳанд. Яъне вақте онҳо вориди Русия шуданд, бояд баробари ҳамаи инсонҳо ҳуқуқ дошта бошанд, бехатарии онҳо таъмин бошад. Дуюм, баланд бардоштани назорат аз тарафи ҳифзи ҳуқуқ ва савум, назорат бар он ки онҳо дар кадом шароит зиндагӣ мекунанд. Чӣ хеле ки дар кишварҳои дигар аст. Мо чизеро талаб намекунем, ки Русия тавони иҷрояшро надошта бошад, мо чизеро талаб мекунем, ки Русия худ хоҳони он аст."

Раҳматуллоев гуфт, дар поёни гирдиҳамоӣ, агар то он вақт ягон намояндаи Сафорати Русия дар Лондон ба наздашон набарояд, онҳо чанд номаеро ба забонҳои англисӣ, тоҷикӣ ва русӣ ба дасти дарбонҳои сафорат месупоранд.

Шумораи умумии гирдиҳамомадагон наздик ба 30 нафар аст ва бо сабаби коршиканӣ дар бархе аз хатҳои метрои Лондон бахше аз ширкаткунандагон натавонистанд, худро ба ҷойи тазоҳурот бирасонанд.

Аммо созмондиҳандагони тазоҳурот мегӯянд, шумораи онҳо муҳим нест, балки паёмашон ба мақомоти Русия муҳим аст ва ҳам ин ки чунин тазоҳурот бори аввал баргузор мешавад. Вай афзуд, агар мақомоти Русия ба талаби эътирозгарон расидагӣ накунанд, чунин намоишҳо дар ҳаҷми бузургтар ва бо талабҳои қавитар боз баргузор хоҳанд гашт.

Лутфан, фикру андешаи худро дар ин бора дар "Майдони баҳс" бинависед.
XS
SM
MD
LG