Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Беш аз 300 ҳунарманд – рассомон, овозхону раққосҳо ва донишмандон аз кишварҳои исломӣ дар Ню Йорк ҷамъ омадаанд.

Онҳо тайи даҳ рӯз беҳтарин офаридаҳои худро ба маърази тамошо хоҳанд гузошт ва дар баҳсҳои илмӣ ширкат хоҳанд кард.

Ҷашнвораи “Садои муслимин – ҳунар ва андеша”, аз нигоҳи созмондиҳандагон, шояд афкори барғалати амрикоиҳо дар бораи дини Исломро аз байн набарад ва аммо, бидуни шак, ба ҳусни тафоҳум миёни адён ва фарҳангу тамаддунҳо мусоидат хоҳад кард.

Дар канори бинои ороставу перостаи Академияи мусиқии Бруклин метавон ҳамроҳ бо тановули шириниҳои туркӣ ба сабақҳои навишти ҳуруфи арабӣ наззора кард ва аз савтҳои зебои дастаи “Тараб” - як гурӯҳи мусиқии мустақар дар Ню Йорк, лаззат бурд.

Раҳбари Академияи мусиқии Бруклин Карен Брукс Ҳопкинз, яке аз созмондиҳандагони ин бозори ҳунар, як бахши ҷашнвораи “Садои муслимин – ҳунар ва андеша”, мегӯяд, ки андешаи таъсиси ҷашнвораи санъати олами ислом дар-Ню Йорк чанд сол қабл пайдо шуда буд.

Ва аммо он замон хотираҳо аз ҳамлаҳои террористии 11 сентябри соли 2001 ба Ню Йорк ва Вошингтон ҳанӯз тоза буданд ва дар ин гуна вазъ ҷалби мардум ба ҷашнвора дар бораи фарҳанги исломӣ кори саҳл набуд. Ва аммо, меафзояд ӯ, зарурати баргузории ҷашнвора соли 2006, баъд аз моҷарои нашри корикатурҳои паёмбари ислом Муҳаммади Мустафо дар расонаҳои Дания, ки эътирози миллионҳо мусалмонҳоро барангехт, комилан рушан шуд.

Ҳопкинс меафзояд, “он чӣ мо метавонем анҷом диҳем ин пайдо кардани забони муштарак барои баҳсу баррасӣ ва пайдо кардани забони муштарак барои ҳамдигарфарҳмӣ ва коҳиши душманист. Ман гумон мекунам, ки агар мо ба пойин бурдани сатҳи душманӣ муваффақ шавем, он вақт шояд ҳамдастии муносиб ҳам ҳосил шавад”.

Дар ҷашнвора офаридаҳои рассомони маъруфи олам, монанди рассоми сенегалӣ Ёсу Ндур ва наққоши маъруфи Эрон Ширин Нишот ба маърази намоиш гузошта шудаанд. Дар чаҳорчӯби фестивал гурӯҳҳое ҳунарнамоӣ хоҳанд кард, ки дар Ғарб ваё дар худи кишварҳои исломӣ таъсис шудаанд.

Аз ҷумла, сокинони Ню Йорк дар бозори ҳунари канори Академияи мусиқии Бруклин ба намоиши “Иди мисрӣ” дар иҷрои гурӯҳи рақсии Бруклин, ки ба он ҳунармандон аз Миср, Тунис ва Лубнон шомиланд, бо шавқу завқи беандоза кафкӯбӣ карданд. Ёсир Халифа, муассиси ин гурӯҳ мегӯяд, ҳунармандон рақси муосирро бо рақси маъмулии арабӣ омехтаанд, ки ҳар дафъа теъдоди бузурги бинандагонро ҷамъ ва дилҳро ба шӯр меоварад.

Ҷашнвораи “Садои муслимин – ҳунар ва андеша” дар ҳоле баргузор мешавад, ки талошҳои дарки мушкили миёни Амрико ва олами Ислом аз сар гирифта шудаанд. Вишаха Дисей, раиси Ҷомеъаи Осиё, як ниҳоди мустақар дар Ню Йорк, ки ҳамроҳ бо Академияи мусиқии Бруклин ва Донишгоҳи Ню-Йорк аз созмондиҳандагони ҷашнвора маҳсуб мешавад, ба он нукта ишора мекунад, ки ҷашнвора ба думболи паёми раисиҷумҳури Амрико Барак Обама ба олами ислом дар Қоҳира ифтитоҳ шуд.

Хонум Дисей аз он изҳори тассуф кардааст, ки дар ҷашнвора аҳли ҳунари кишварҳои Осиёи Марказӣ ширкат надоранд ва фақат як донишманд аз Узбакистон барои суханронӣ дар конфаронси илмӣ оид ба мушкили миёни Амрико ва олами Ислом даъват шудаасту халос.

Зимнан, офаридаҳои рассомони Осиёи Марказӣ дар худи Ҷомеъаи Осиё, маркази асосии фарҳанги Осиё дар Ню Йорк ҳам аҳён-аҳён ба намоиш гузошта мешавад.
XS
SM
MD
LG