Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасадҳои мусофирони Airbus 330-ро ёфтанд


То айни замон 17 ҷасади мусофирони ҳавопаймои суқуткардаи Airbus 330-и ширкати Эйр Франсро пайдо карданд.

Ин ҳавопаймои мусофирбар ки аз пойтахти Бразилия Рио де Жанейро ба Парижи Фаронса парвоз мекард 1 июн бо тамоми 228 сарнишинонаш дар наздикиҳои соҳили Бразилия ба уқёнуси Атлантик суқут кард. Бозҷӯён бо таҳқиқи сабабҳои ин фоҷеа машғуланд.

Рӯзи якшанбе аз қаъри уқёнус дар ҳазор километрии соҳили Бразилия боз чор ҷасади сарнишинони “Эйрбас 228” кашф шуд. Гуфта мешавад, ки обуҳавои туфонӣ ба анҷоми фаъолиятҳо ҷустуҷӯи боқимондаҳои ҳавопаймо ва сарнишинонаш халал мерасонад. Як мақоми нерӯҳои низомии Бразилия хабар дод, ки гурӯҳҳои наҷот чанд ҷасади дигаро низ диданд, аммо ҳавои номуносиб имкон намедиҳад, то ки онҳоро аз об ба берун кашанд.

Нахустин ду ҷасади қурбониёни фоҷеаро рӯзи шанбе пайдо карда буданд. Бино бар иттилои сухангӯи нерӯҳои ҳавоии Бразилия полковник Ҳенри Мунёз, баъд аз ҳафт рӯзи дар об боқимондан ҷасадҳо то он дараҷае осеб дидаанд,ки муайян кардани мард ё зан будани се ҷасад ғайриимконпазир аст. Вай афзуд, ки аксу иттилои дақиқ дар бораи вазъи ҷасадҳо интишор нахоҳад шуд, чунки ин ба манфиати омма намебошад.

Киштии низомӣ ҷасадҳо ва боқимондаҳои ҳавопаймо, аз ҷумла курсии ҳавопаймо, ҷомадон бо чиптаҳои “Эйр Франс” ва як борхалтаро ба наздиктарин бандари Бразилия интиқол медиҳад. Ҳенрӣ Мунёз инчунин гуфт, ки дар маҳалли суқути ҳавопаймо наздики сад чизҳои дигар, аз ҷумла дигар курсиҳои ҳавопаймо ва ниқобҳои нафаскашӣ, кашф шудаанд.

Хабар дода мешавад, ки то кунун дастгоҳҳои забти ҳавопайморо кашф накарданд. Дирӯз боз як киштии низомии Фаронса ба кӯшишҳои ҷустуҷӯӣ ҳамроҳ шуд ва ду ҳавопаймоии низомии он кишвар ҳамроҳ бо 12 ҳавопаймоии Бразилия минтақаро аз баланди мушоҳида мекунанд. Се киштии зериобии Фаронса, ки якеашон атомӣ мебошад, дар қаъри уқёнус ба ҷустуҷӯи дастгоҳҳои ҳавопаймо идома медиҳанд.

Мутахассисон ҳадс мезананд, ки ҳавопаймо бо иллати аз кор мондани дастгоҳи суръатсанҷӣ суқут кардааст ва ба ҳамин хотир ҳам киштиҳои зериобӣ пеш аз ҳама ин дастгоҳҳоро ҷустуҷӯ мекунанд. Дар пай ин ҳодиса ширкати ҳавопаймосозии “Эйрбас” ба тамоми халабонон ҳушдор дод, ки кори дастгоҳҳои суръатсанҷиро дубора озмоиш диҳанд.

Вазири нақлиёти Фаронса Доминик Бюсеро гуфт, ки барои баровардани мулоҳизаҳо дар бораи сабабҳои суқути ҳавопаймо барвақт аст, аммо тасдиқ намуд, ки қаблан ҳам дастгоҳҳои суръатсанҷии ҳавопаймоҳои Эйрбас мушкилӣ эҷод мекарданд.
XS
SM
MD
LG