Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишонаҳои хатари бӯҳрон дар Латвия


Дар гузаштаи начандон дур кишварҳои Иттиҳоди Аврупо босуръат рушд мекарданд. Вале соли гузашта ҳангоме, ки бӯҳрони саросарии молӣ Аврупои Шарқиро фаро гирифт, ин рушди қобили мулоҳиза ба нокомӣ бадал шуд.

Ҳафтаҳои гузашта сару садоҳои наве ба роҳ афтод, ки пули миллии Латвия арзиши худро аз даст медиҳад. Пули ин кишвар аз соли 2005 ба ин сӯ ба таври сунъӣ бо евро ҳимоят мешавад. Ин ҳафта нишонаҳои хатар беҳтар мушоҳида шуд, чун ҳукумат дар ауксионе натавонист барои гирифтани қарз таваҷҷуҳи кофии сармоягузоронро ҷалб кунад. Аммо Ларс Кристенсен, таҳлилгари аршади умури бозор дар Данске Бонки Копенгаген мегӯяд, хатари аслӣ аз Стокголм меояд, на аз Рига, пойтахти Латвия. Ӯ гуфт, ҳафтаи гузашта Бонки марказии Шведсия эълон кард, ки мехоҳад захоири табодули хориҷиро афзоиш диҳад. Дар бозор ин эълонро монеае бар зидди мушкилоти кишварҳои каронаи Балтик арзёбӣ мекарданд ва ҳамин гуфтаҳо нигарониҳои шадидро ба бор овард.

Дар Шведсия аз он нигаронанд, ки аҳолии Латвия дар бонкҳои он ҷо ҳузури густарда доранд ва дар ҳолати беарзиш шудани пули Латвия Шведсия низ метавонад зарар бинад. Бисёре аз шаҳрвандони Латвия барои харидории хона аз бонкҳои Шведсия қарз гирифтаанд ва агар лат, пули Латвия арзиши худро аз даст диҳад, онҳо наметавонанд қарзҳои худро ба бонкҳо баргардонанд.

Таварруми пул заминаи афзоиши содиротро фароҳам меорад ва имкон дорад, дубора тавозуни иқтисодиро барқарор кунад, вале мақомоти Латвия мегӯяд, дар чунин ҳолат пул бештар арзишашро гум мекунад ва бахшҳои дигар зарари бештар мебинанд. Таҳлилгарон пешниҳод мекунанд, ки Латвия метавонад дар бораи гирифтани қарзи дуввум бо Сандуқи байнулмилалии пул ва Иттиҳоди Аврупо қарордод имзо кунад.

Дар ин бора моҳи декабр тавофуқ ба даст омада буд. Қарор аст, моҳи июл қарзи 1 миллиарду 200 миллион долларӣ дар ихтиёри Латвия гузошта шавад, вале қарздиҳандагон мегӯянд, ки қабл аз он Латвия бояд касри буҷаи худро бартараф кунад.
XS
SM
MD
LG