Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Идораи умури дохилаи Суғд мегӯяд, дар пайи тахриби се қабр ва дуздии дандонҳои тиллоӣ аз мурдаҳо дар як гӯристони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар моҳи май шабеҳи ҳамин ҳодиса дар яке аз қабристонҳои шаҳри Хуҷанд низ рух додааст.

Шабона шахс ва ё афроди номаълум се қабри гӯристони «Мазори Озах», воқеъ дар маҳаллаи Пулчуқури шаҳри Хуҷандро хароб карда, аз ду ҷасад дандонҳои тиллоиро рабудаанд. Идораи умури дохила дар бораи ин ҳодиса аз рӯи банди 243 – и Асноди ҷиноии Тоҷикистон - “таҳқири ҷасади фавткардагон ва гӯри онҳо” парванда боз карда, таҳқиқоти онро пеш мебарад. Вале ҳанӯз шахсияти омилони ин кор муайян нашудааст.

Ҳангоме ки дар субҳи рӯзи 4 – уми июн ба мақсади огоҳ шудан аз асли ҳодиса ба қабристони “Мазори Озах”, воқеъ дар канори маҳаллаи Пулчуқури шаҳри Хуҷанд рафтам, гӯрбон Абдуалӣ Дадобоев ҳодисаи тақриби қабрҳоро чунин нақл кард, ки пагоҳирӯзӣ се гӯри тахрибгаштаро дида, соҳибонашро даъват кардааст. Баъди муоина маълум шудааст, ки аз ду ҷасад дандонҳои тиллоиро дуздидаанд.

Гӯрбони қабристони «Мазори Озах» афзуд, дидани ин манзара ӯро ба даҳшат овард. Ба гуфтаи вай, аз ҷониби як кас ё чанд нафари қабрдузд дар торикии шаб қабрҳои кӯҳна боз карда шудааст, гӯрҳоеро, ки соҳибонаш бо дандонҳои тиллоӣ дафн шудаанд. Сокинони маҳалла ҷиҳати пешгирӣ аз такрори чунин ҳодисаи бад нигаҳбонии гӯристонро пурзӯр кардаанд.

Вазифаи гӯрбонӣ дар Тоҷикистон як кори ихтиёрии ҷамъиятӣ ба ҳисоб меравад ва одатан гӯрбонҳо танҳо рӯзона дар он ҷо ҳозир мешаванд. Моҳонаи онҳо низ аз ҷониби аҳли маҳалла пардохта мешавад.

Худсарона хароб кардани қабрҳо ва бар илова рабудани моли мурдагон, ба истилоҳ “кафандуздӣ” дар кишварҳои мусалмонӣ, аз ҷумла Тоҷикистон аз қадим як мавзӯи басо ҳассос маҳсуб меёбад. Дар пайи ахиран се маротиба пайиҳам рӯй додани чунин ҳодиса сокинони аз ҳодиса огоҳи Суғд аз бад шудани ахлоқи одамон ва ё костани маънавиёти бархе аз аҳли ҷомеа дар зери фишори фақр ва қашшоқӣ суҳбат мекунанд.

“ Шарму ҳаё аз байн рафта истодааст. Наход ки як фарзанди тоҷик, ки аз падару модар ба дунё омадааст, тарбия гирифтааст, мактаб хондааст, ба ҳамин амали нангин қодир бошад ? Мурдаҳоро ҳам намемонем дар ҷои худ тинҷ хоб кунанд ...”

«Мумкин зиндагии вазнин касеро маҷбур кардааст ба ҳамин амали аз рӯи мусулмонӣ хеде бад даст занад. Имрӯзҳо бисёр касон аз Русия баргашта омада истодаанд, маблағ нест, ҷойи кор нест, аробаи зиндагиро кашола карданаш даркор ва фарзандону падару модари пирро таъмин кардан даркор, маҷбур мекунад ба ҳамин роҳи вазнин равад.”


Ҳусейн Мусозода, сардори Шӯрои уламои Суғд, ҳамзамон имом-хатиби масҷиди Шайх Муслиҳиддин дар шаҳри Хуҷанд мегӯяд, шариати исломӣ хароб намудани қабрҳо ва дуздии моли ҷасадҳоро гуноҳи кабира меҳисобад. Ба назари вай, барои такрор нашудани ҳодисаҳои тахриби қабрҳо ва дуздии амволи мурдаҳо бояд зиндаҳо аз ҳоли мурдаҳо, яъне аз оромгоҳу атрофи он бохабар бошанд. Ба гуфтаи сардори Шӯрои уламои вилояти Суғд, ба фармуди шариати исломӣ ҳангоми дафни фавткардагон дандонҳои сунъии онҳоро, агар он часпонида нашуда бошад, берун оварда, ба қабр мегузоранд. Аммо агар он бар дандони худӣ сахт васл карда шуда бошад, бо дандонҳои сунъӣ ҳам дафн мекунанд.

Ба ақидаи донишмандони дин, агар ин амал аз як сӯ, боиси оромиши мурдагон аз дастдарозии қабрдуздон гардад, аз сӯи дигар, ишора ба он аст, ки ҳама одамон баъди марг дар назди худо, аз нигоҳи молӣ баробар ҳозир мешаванд. Баракси вазъи одамон дар ҷомеаи имрӯзии Тоҷикистон, ки беш аз 60 дар сад, мутобиқи маълумоти расмӣ, дар зери мизони фақру қашшоқӣ ба сар мебаранд ва сарвату дороиҳои бузурги як кишвар дар дасти дарсади хеле ками аҳолӣ ҷамъ омадааст.

Эмомалӣ Раҳмон се сол пеш мавзӯи дандони тиллоиро ба як масъалаи сиёсӣ мубаддал карда, ба мақомоти зиёд дастур дода буд, то аз гузоштани дандонҳои тиллоӣ худдорӣ кунанд.

Шинонидани дандонҳои тиллоӣ дар миёни сокинони Осиёи Марказӣ ҳанӯз аз давраи шӯравӣ як навъ мӯд ва нишони дороӣ ҳисобида мешуд. Аз сӯи дигар, дар он давраи ақибмондагии техникаи дандоншинонии шӯравӣ тилло ягона дандони сунъие буд, ки одамон бе зарар ба ҷисми худ метавонистанд истифода кунанд.

Вале дар рӯзҳои мо ин мӯд кам – кам аз байн рафта, одамон танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ ва ба хотири табобат дандонҳои тиллоӣ мешинонанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG