Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи нигаронкунандаи ҷавонони муҳоҷир


Имрӯз даҳҳо хонаводаҳои тоҷик ба муҳоҷирати меҳнатӣ ниёз доранд, аммо вазъи нигаронкунандаи саломатии муҳоҷирони корӣ ва бо тани дардманд ба ватан баргаштани онҳо хонаводаҳои онҳоро бо мушкилоти нав ба нав мувоҷеҳ мегардонад. Дар ҳоле ки муҳоҷирони корӣ барои дарёфти қути лоямуте азми сафар мекунанд, бемориву муолиҷаи серхароҷот вазъи онҳоро боз ҳам табоҳтар менамояд.

Муҳоҷири ҷавон Салим, ки ҳамагӣ 25 сол дорад, муддати ду моҳ аст, ки дар шифохона табобат мегирад. Ба гуфти Салим, ӯ 8 сол инҷониб дар Русия муҳоҷир буд ва имрӯз ба бемории чура (грижа) гирифтор шудааст. Вай мегӯяд: «Чизҳои вазнин мебардоштем. Чанд муддат дар Душанбе бистарӣ будам. Духтурон гуфтанд, ки баъди ду моҳ боз биоям. Дар деҳаамон як духтур аст, ки мегӯяд, 184 нафар бемори монанди маро табобат кардааст, акнун дар хона аз ӯ табобат мегирам. Миёнам, поҳоям дард сахт мекунанд. Духтурон мегуянд, ки грижа аст, боз мегӯянд, ки миёнам гушти зиёдатӣ гирифтааст, ...»

Салим дар як хонаводае таваллуд шудааст, ки ҳамагӣ 6 нафар фарзанд мебошанд. Ба гуфти ӯ, бародари калониаш давоми 10 сол мешавад, ки дар Русия аст ва бародари хурдиаш имсол тасмим дорад, ки баъди хатми мактаби миёна ба муҳоҷират равад. Салим мегӯяд, табибон сабабҳои бемориии ӯро дар иҷро кардани корҳои вазнин медонанд. Ва худи ӯ низ исбот мекунад, ки воқеан дар муҳоҷират корҳои вазинин аз қабили дар сохтмонҳо бардоштани масолеҳи оҳанин ва бетонӣ мекарданд. Салим ва 7 нафар муҳоҷирони ҷавони тоҷик дар шаҳри Демодовои канори пойтахти Русия дар таҳхона иқомат доштааст.

Мисли Салим ҳазорҳо муҳоҷири тоҷик дар кишварҳои хориҷ дар таҳхонаҳову дуконҳо ва умуман, ҷои корашон зиндагӣ мекунанд, ки ин ба вазъи саломатии онҳо таъсири манфӣ мерасонад. Ба гуфти табибон, аксарияти муҳоҷирони ҷавон ба бемории тарбод, равонӣ ва чура гирифтор мебошанд. Ҳамсӯҳбатамон Салим мегӯяд, ӯ дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Душанбе 12 рӯз бистарӣ будааст ва дар ин муддат 1700 сомонӣ сарф кардааст. Ва аз сабаби он ки дигар оилаашон тавони пардохти маблағи беморхонаро надоштанд, ӯ дар хона аз усули табобати хонагӣ истифода мекунад.

Дар ҳамин ҳол, ниҳодҳои беҳдошти расмии Тоҷикистон мегӯянд, омори ҷавонони муҳоҷири бемор чандон ташвишовар нест. Ба гуфти муовини директори Маркази миллии табобатии Тоҷикистон Сафарбек Маннонов, феълан, дар Тоҷикистон ҳамагӣ 68 нафар муҳоҷирони бозгаштаи бемор ба қайд гирифта шудааст ва онҳо бо табобат фаро гирифта шудаанд. Сафарбек Манонов мегӯяд, мутаассифона, на ҳама муҳоҷирони ҷавони бемор ба марказҳои фаъол дар шаҳру навоҳи кишвар муроҷиат мекунанд ва сабабҳои беморшавии муҳоҷирони ҷавон низ нодидагирии вазъи сиҳатӣ ва сари вақт муроҷиат накардани онҳо ба табибон мебошад

Ба гуфти оғои Маннонов, соли 2008 ба маркази онҳо 7 хазору 99 нафар шаҳрвандон қабл аз муҳоҷират муроҷиат кардаанд. Маннонов меафзояд, маблағе ки дар Тоҷикистон барои муоинаи тиббӣ ситонида мешавад, нисбат ба кишвархои хориҷ поин аст.

Солҳои ахир бо кумаки созмонҳои байналмилалии хайрия дар шаҳрҳои мухталифи Русия марказҳои муоинаи тиббии муҳоҷирон ва ё маъракаҳои муоинаи тиббии муҳоҷирон дар ҷои кору иқомати онҳо гузаронида мешаванд, вале фарогирии он ночиз буда, боз ҳам ҳифзи сиҳату муолиҷаи муҳоҷирони бемор бар дӯши худи онҳо ва ё мисли қиссаи Салим бар дӯши хешу таборашон дар ватан боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG